Турсунзода: Шиносномаҳои шаҳрвандӣ ба хонандагони мактабҳо ва литсейҳо дар вазъияти тантанавӣ супорида мешаванд
ДУШАНБЕ, 04.03.2021 /АМИТ «Ховар»/. Аз ҷонибии Хадамоти шиносномадиҳӣ ва бақайдгирии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ду моҳи соли равон дар 12 муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ ва литсейҳои шаҳри Турсунзода ба зиёда аз 300 нафар хонандагон дар вазъияти тантанавӣ шиносномаи шаҳрвандӣ тақдим карда шудааст.
Тавре аз маркази матбуоти Вазорати корҳои дохилӣ ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, 3 март бо иштироки муовини сардори Хадамоти шиносномадиҳӣ ва бақайдгирии (ХБШ) Вазорати корҳои дохилӣ, полковники милитсия Зумрад Абдуллозода ба 25 нафар хонандагони МТМУ №18 шаҳри Турсунзода дар ҳузури устодону хонандагон ва волидайни онҳо шиносномаи шаҳрвандӣ супорида шуд.
Зумрад Абдуллозода иброз намуд, ки роҳбарияти ВКД ва ХШБ баҳри боз ҳам қавитару густурдатар гардидани ҳамкории аҳолӣ бо мақомоти корҳои дохилӣ ва баланд гардидани эътимоди мардум ба кормандони милитсия корҳои заруриро роҳандозӣ намудаанд.
Бояд гуфт, ки хатмкунандагону хонандагоне, ки аллакай ба синни 16 расидаанд, дар доираи талаботи қонунҳои амалкунанда ҳуқуқи гирифтани шиноснома доранд.
Аз ҷониби Хадамоти шиносномадиҳӣ ва бақайдгирии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар тамоми муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ тартиби гирифтани шиноснома ва ҳуҷҷатгузории он омӯзонида мешавад. Пас аз сари вақт омода кардани шиноснома, кормандони хадамот ба мактаб омада, дар вазъияти тантанавӣ шиносномаҳоро ба соҳибонашон тақдим мекунанд.








Байни Тоҷикистон ва Агентии ҳамкории байналмилалии Ҷопон Созишномаи грантӣ ба имзо расид
Бастаҳои «MIX»: интернети бисёр барои паёмрасонҳо, шабакаҳои иҷтимоӣ ва платформаҳои видеоӣ
БОТУЛИЗМ. Риоя нагардидани қоидаҳои санитарию гигиенӣ боиси пайдошавии ин беморӣ мегардад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон ва барф меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок мешавад
Паҳлавонони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба кураш соҳиби шаш медал гардиданд
Ба ифтихори Рӯзи Президенти Тоҷикистон дар Академияи идоракунии давлатӣ ҳамоишҳо баргузор мегарданд
Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар Чэнду бо дастаҳои Кореяи Ҷанубӣ, Чин ва Ветнам бозӣ мекунад
Дар Хатлон Рӯзи милитсияи тоҷикро таҷлил намуданд
Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои мошингарди минтақаи Ҳисор ба зимистон омода мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борон меборад






