Вакили Маҷлиси намояндагон Азиз Гиёзода сокинони Ишкошимро ба ободкорию хуррамгардонӣ даъват намуд
ДУШАНБЕ, 17.03.2021 /АМИТ «Ховар»/. Мардуми сарбаланди Тоҷикистон имрӯзҳо дар арафаи таҷлили ҷашнҳои бузурги миллӣ, аз ҷумла Наврӯзи байналмилалӣ, Ваҳдати миллӣ ва 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор доранд. Эътимоди комил дорам, ки мардуми шарафманди ноҳияи Ишкошим бо дарку масъулияти баланди хештаншиносӣ ва ифтихор аз дастовардҳои бузурги даврони соҳибистиқлолӣ дар татбиқи амалии дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пайваста талош намуда, барои дар сатҳи баланд таҷлил намудани ҷашнҳои дар пеш истода ва ободониву шукуфоии мамлакат саҳми намоён мегузоранд.
Ин матлабро вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Азиз Гиёзода зимни мулоқот бо интихобкунандагон дар ноҳияи Ишкошим баён дошт.
Дар ин бора аз мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ишкошим ба АМИТ «Ховар» хабар доданд.
Дар деҳаи Андароби Ҷамоати деҳоти ба номи Аскар Замиров Азиз Гиёзода бо аҳолии ин ҷамоат, сипас бо кормандони идораву муассисаҳо ва сокинони ноҳия мулоқот доир намуд.
Зимни вохӯрӣ Азиз Гиёзода оид ба мазмун ва муҳтавои Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилию хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон» сухан гуфта, ба ҳозирин баҳри иҷрои дастур ва супоришҳое, ки дар ин ҳуҷҷати муҳим дарҷ ёфтаанд, тавсияҳои зарурӣ пешниҳод намуд.








ИҶЛОСИЯИ XVI ШУРОИ ОЛӢ ВА РӮЗИ ПРЕЗИДЕНТ. Таҳлили ҳуқуқии мафҳумҳои конститутсионӣ ва таърихии давлатдорӣ
ДАР МЕҲВАРИ СУЛҲ, ВАҲДАТ ВА СОЗАНДАГӢ. Мулоҳизаҳо оид ба рисолати таърихии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон
Раиси Маҷлиси намояндагон бо Сафири Беларус дар Тоҷикистон вохӯрӣ намуд
Дар иҷлосияи Маҷлиси намояндагон ба якчанд қонун тағйиру иловаҳо ворид гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Файзалӣ Идизода бо Аҳмад бин Муҳаммад Ал-Ҷарвон ба таври маҷозӣ вохӯрӣ намуд
Рустами Эмомалӣ аз шаҳри Тошканд ба шаҳри Бухоро ташриф оварданд
Ҷаласаи навбатии иҷлосияи сеюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор шуд
Президенти Ҷумҳурии Узбекистон Шавкат Мирзиёев Рустами Эмомалиро бо ордени «Барои хизмати фидокорона» сарфароз гардониданд
Мулоқоти Рустами Эмомалӣ бо Президенти Ҷумҳурии Узбекистон Шавкат Мирзиёев
Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ аз Маркази тамаддуни исломӣ дар шаҳри Тошканд боздид намуданд
Рустами Эмомалӣ бо Раиси Сенати Олий Мажлиси Ҷумҳурии Узбекистон Танзила Нарбаева мулоқот намуданд






