Вакили Маҷлиси намояндагон Зоир Раҳмонзода бо сокинони ноҳияи Фархор мулоқот намуд
ДУШАНБЕ, 19.03.2021 /АМИТ «Ховар»/. Дар Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Фархор вохӯрии вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳавзаи якмандатаи Фархор, №34 Зоир Раҳмонзода бо сармутахассисони бахши дин, танзими анъана ва ҷашну маросими шаҳраку деҳоти ноҳия ва имомхатибони масҷидҳои панҷвақтаи ҷамоатҳо баргузор гардид. Дар ин бора аз маркази матбуоти дастгоҳи раиси ноҳияи Фархор ба АМИТ “Ховар” хабар доданд.
Зоир Раҳмонзода нахуст миннатдории самимии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ҷиҳати фаъолона ширкат доштани сокинони ноҳия дар ду маъракаи сиёсии соли 2020 – Интихоботи вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба тамоми сокинони ноҳияи Фархор расонид.
Сипас вакили мардумӣ атрофи нуктаҳои муҳими Паёми Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ҳадафҳои стратегии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, оқибатҳои пандемияи коронавируси КОВИД-19 дар минтақа ва ҷаҳон, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», рушди иқтисодиёти миллӣ, илм ва маориф, фарҳанг ва дигар масъалаҳои дар Паём зикргардида ибрози андеша кард.
Чунин мулоқоту суҳбатҳои вакил Зоир Раҳмонзода дар шуъбаи маорифи ноҳия бо омӯзгорон ва дар Беморхонаи марказӣ бо кормандони соҳаи тандурустӣ низ сурат гирифт.








Наврӯз дар рӯи замин сулҳ ва дӯстӣ меофарад
Дар иҷлосияи дуюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, даъвати ҳафтум созишнома ба тасвиб расид
ТАМАДДУНИ ХАЛҚИ ТОҶИК БА НАВРӮЗ ПАЙВАНДИ НОГУСАСТАНӢ ДОРАД. Мулоҳизаҳои муовини Раиси Маҷлиси намояндагон Мавсума Муинӣ дар ин мавзуъ
Ҷаласаи навбатии Комиссияи ҳамкории байнипарлумонии Тоҷикистон ва Русия доир шуд
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Ҷаласаи навбатии Комиссияи доимии Ассамблеяи байнипарламентии ИДМ доир шуд
Дар иҷлосияи дуюми Маҷлиси намояндагон ба якчанд қонун тағйиру илова ворид карда шуд
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Федератсияи Русия созишнома ба тасвиб расид
Нахустин арзишҳои маънавии инсон, заминаи ҷаҳонбинӣ, ахлоқ ва шуур маҳз аз оғӯши модар ташаккул меёбанд
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, даъвати ҳафтум баргузор шуд
Дар Маҷлиси намояндагон оид ба аҳаммияти гузариш ба низоми дувоздаҳсолаи таълим ҳамоиш доир гардид






