Вакилони Маҷлиси намояндагон дар кори ҷаласаи вакилони Парлумони кишварҳои Осиёи Марказӣ дар реҷаи фосилавӣ иштирок намуданд
ДУШАНБЕ, 18.03.2021 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз ҷаласаи вакилони Парлумони кишварҳои Осиёи Марказӣ дар реҷаи фосилавӣ (онлайн) баргузор гардид, ки дар кори он раиси комиссияи экологии Маҷлиси намояндагон Маҳмадраҳим Юсуфӣ ва раиси кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба масъалаҳои аграрӣ, захираҳои об ва замин Рустам Латифзода иштирок намуданд. Дар ин бора котиби матбуоти Маҷлиси намояндагон Муҳаммадато Султонов ба АМИТ «Ховар» хабар дод.
Дар кори ҷаласа ҳамчунин намояндагони Вазорати корҳои хориҷӣ, парлумонҳо, вазорату идораҳои муҳити зисти кишварҳои Осиёи Марказӣ, ки масъули иҷрои Созишномаи Париж дар кишварҳо мебошанд, кормандони шуъбаҳои байналмилалӣ, инчунин сафоратхонаҳо ва созмонҳои байналмилалӣ аз ҷумҳуриҳои Қазоқистон, Қирғизистон, Тоҷикистон, Туркманистон ва Ӯзбекистон ширкат варзиданд.
Иштирокчиёни конференсияи байналмилалӣ дар рӯзномаи ҷаласа масъала «Дар бораи тағйирёбии иқлим»-ро мавриди баррасӣ қарор доданд.
Вакилони Парлумон иброз намуданд, ки аввали соли 2017 Тоҷикистон яке аз аввалинҳо шуда, Созишномаи Парижро ба тасвиб расонд ва мунтазам барои такмили қонунгузорӣ барои мусоидат ба татбиқи чораҳои тағйирёбии иқлим тадбирҳо андешид.
Тақрибан дар як вақт бо тасвиби созишномаи Париж Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 қабул карда шуд, ки дар он яке аз вазифаҳои асосии ноил шудан ба рушди устувор механизми баҳодиҳии стратегии экологӣ дар банақшагирӣ ва татбиқи лоиҳаҳо ҷойи намоёнро ишғол менамояд. Дар ҷаласаи мазкур ҳамчунин таъкид карда шуд, ки муколама байни парлумонҳои кишварҳои Осиёи Марказӣ барои баррасии масъалаҳои мубрами идоракунии муҳити зист дар минтақа, мубодилаи дониш, таҷрибаи пешқадам бо ташаббуси Маркази минтақавии экологии Осиёи Марказӣ (CAREC) ва дастгирии Иттиҳоди Аврупо сурат мегирад. Дар навбати худ, шарикони миллӣ ва байналмилалии рушд ҳавасмандии худро барои муколамаи мунтазам ҷиҳати баланд бардоштани сатҳи огоҳӣ ва таҳкими ҳамкории минтақавӣ иброз доштанд.
Тағирёбии иқлим ва таҳкими ҳамкории байнисоҳавӣ дар рӯзномаи ин платформаи муколама бори аввал соли 2019 садо дод. Дар доираи Барномаи мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлим ва коҳиш додани оқибатҳои он дар ҳавзаи баҳри Арал пешниҳоди намояндагони парлумонҳои кишварҳои Осиёи Марказӣ дар бораи баргузории чунин чорабиниҳо дар як сол ду маротиба дастгирӣ гардид. Ҳамин тариқ, ду вохӯриҳои намояндагони ВКХ ва парлумонҳои кишварҳои Осиёи Марказӣ ташкил карда шуданд.
Ҷаласаи навбатӣ- ҷаласаи сеюми намояндагони Вазорати корҳои хориҷӣ ва парлумонҳои Осиёи Марказӣ имрӯз бо мақсади муҳокима ва мубодилаи афкор оид ба масъалаҳои мубрами татбиқи Созишномаи Париж дар робита ба қонунгузорӣ ва банақшагирии стратегӣ баргузор мешавад.
Маълум аст, ки аксари унсурҳои Созишномаи Париж аллакай мавриди амал қарор доранд, аз ин рӯ татбиқи сиёсати иқлимӣ ва тадбирҳо дар сатҳи миллӣ бештар аз амалҳои фаъолонаи ҳамаи ҷонибҳои манфиатдор вобаста аст.
Иштирокчиёни ҷаласа аз рӯи масъалаи баррасишуда қарори дахлдор қабул намуданд.








Раиси Маҷлиси намояндагон бо Сафири Беларус дар Тоҷикистон вохӯрӣ намуд
Дар иҷлосияи Маҷлиси намояндагон ба якчанд қонун тағйиру иловаҳо ворид гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Файзалӣ Идизода бо Аҳмад бин Муҳаммад Ал-Ҷарвон ба таври маҷозӣ вохӯрӣ намуд
Рустами Эмомалӣ аз шаҳри Тошканд ба шаҳри Бухоро ташриф оварданд
Ҷаласаи навбатии иҷлосияи сеюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор шуд
Президенти Ҷумҳурии Узбекистон Шавкат Мирзиёев Рустами Эмомалиро бо ордени «Барои хизмати фидокорона» сарфароз гардониданд
Мулоқоти Рустами Эмомалӣ бо Президенти Ҷумҳурии Узбекистон Шавкат Мирзиёев
Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ аз Маркази тамаддуни исломӣ дар шаҳри Тошканд боздид намуданд
Рустами Эмомалӣ бо Раиси Сенати Олий Мажлиси Ҷумҳурии Узбекистон Танзила Нарбаева мулоқот намуданд
Рустами Эмомалӣ дар Тошканд бо Нақшаи генералии лоиҳаи шаҳрсозии «Тошканди нав» шинос шуданд
Рустами Эмомалӣ дар назди муҷассамаи Истиқлолият дар боғи «Узбекистони Нав» гулчанбар гузоштанд






