Вакилони Маҷлиси намояндагон дар кори конфронси байналмилалӣ ба таври фосилавӣ иштирок намуданд
ДУШАНБЕ, 09.03.2021 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз вакилони Маҷлиси намояндагон — раиси кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба масъалаҳои иҷтимоӣ, оила ва ҳифзи саломатӣ Сумангул Тағойзода, Солеҳа Холмаҳмадзода ва Сайҷаъфар Усмонзода дар кори конфронси байналмилалӣ дар мавзӯи «Сиёсат, барномаҳо ва таҷрибаҳои бомуваффақият, аз нав дида баромадани қонунҳо, тавонмандсозии оилаҳо ва динамизми ҳаракатҳои иқтисодӣ», ки дар реҷаи фосилавӣ (онлайн) дар Ҷумҳурии Исломии Эрон баргузор гардид, иштирок ва суханронӣ намуданд.
Тавре аз Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, конфронси мазкур бо ташаббуси Парлумони Эрон ва Ассамблеяи парлумонии Осиё баргузор гардида, дар кори он намояндагони парлумонҳои кишварҳои Афғонистон, Озарбойҷон, Камбоҷа, Кипр, Аморати Муттаҳидаи Араб, Индонезия, Қазоқистон, Ливан, Уммон, Покистон, Филиппин, Қатар, Россия, Тоҷикистон, Таиланд, Туркманистон, Ветнам ва Яман иштирок намуданд.
Иштирокчиёни конфронс иброз намуданд, ки камбизоатӣ, бекорӣ, нобаробарии иҷтимоӣ, тақсимоти синфӣ ва шаклҳои тағйирёбандаи муносибатҳо, ҳамкорӣ ва тағйирёбии шаклҳои истеъмол дар замони муосир маъмулӣ ба ҳисоб мераванд. Қабули ҳама гуна идоракунии фарҳангӣ, иҷтимоӣ, иқтисодӣ, нақшаҳо ва сиёсатҳои стратегӣ (дар сатҳҳои микро ва макро) метавонад ба тақсимоти дурусти захира ва маблағҳо мусоидат намуда, мушкилоти иқтисодиро бартараф кунад.
Аз ин нуқтаи назар се мафҳум: «занон», «оила» ва «иқтисодиёт» мафҳуми ҳалкунанда мебошанд ва барои инъикос ва мубодилаи афкор дар байни фраксияҳои занон дар парламентҳои кишварҳои Осиё дар шакли вохӯрии виртуалӣ дар мавзӯи «Занон», «Оила» ва «иқтисодиёт» нақши муҳим мебозад.
Бешубҳа, оила ҳамчун ниҳоди асосӣ ва устувори иҷтимоӣ дар муттаҳидии ҷомеаҳо, инчунин дар ҳамбастагӣ ва ҳамгироии корҳои иқтисодӣ, фарҳангӣ ва иҷтимоии онҳо нақши хеле муҳим дорад. «Иқтисоди оилавӣ»- ин ҷудо кардани захираҳои маҳдуд ба эҳтиёҷоти муҳимтарин, аз ҷумла барои эҳтиёҷоти оила мебошад.
Иштирокчиёни конфронси мазкур дар фарҷом аз рӯи масъалаҳои баррасишуда қарорҳои дахлдор қабул намуданд.








Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Федератсияи Русия созишнома ба тасвиб расид
Нахустин арзишҳои маънавии инсон, заминаи ҷаҳонбинӣ, ахлоқ ва шуур маҳз аз оғӯши модар ташаккул меёбанд
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, даъвати ҳафтум баргузор шуд
Дар Маҷлиси намояндагон оид ба аҳаммияти гузариш ба низоми дувоздаҳсолаи таълим ҳамоиш доир гардид
Дар иҷлосияи дуюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, даъвати ҳафтум ду созишнома ба тасвиб расид
Дар Маҷлиси намояндагон бахшида ба Рӯзи Қувваҳои Мусаллаҳ ҳамоиши идона доир шуд
Вакили Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон дар ҷаласаҳои муштараки зимистонаи Ассамблеяи парлумонии САҲА иштирок намуд
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид
Дар Маҷлиси намояндагон муҳокимаи парламентӣ баргузор гардид
ИЛМУ МАОРИФ БА ОЯНДАИ БОСАОДАТИ ДАВЛАТУ МИЛЛАТ ТАВЪАМ АСТ. Андешаҳо дар ҳошияи Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ
Намояндагони Тоҷикистон дар ҷаласаи кумитаҳои парлумонии СААД иштирок намуданд






