Вакилони Парлумон ба маорифчиёни шаҳри Ҳисор нуктаҳои асосии Паёми Пешвои миллатро тавзеҳ доданд

Март 16, 2021 14:20

ДУШАНБЕ, 16.03.2021 /АМИТ «Ховар»/. Вакилони палатаи поёнии Парлумони Тоҷикистон Раънохон  Бобоҷониён ва  Сурайё Дӯстмуродзода  бо кормандони шуъбаи маориф  ва роҳбарони муассисаҳои таълимии шаҳри Ҳисор вохӯрда, нуктаҳои асосии Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи рушди иқтисодӣ ва иҷтимоӣ, аз ҷумла соҳаи маорифи кишвар таҳлилу баррасӣ  намуданд.

Зикр шуд, ки новобаста ба буҳрони ҷаҳонии иқтисодӣ, ки бар асари бемории COVID-19 кишварҳои ҷаҳонро фаро гирифта, дар равобити иқтисодии байни кишварҳо монеаҳо эҷод намуд, дар натиҷаи андешидани тадбирҳои зарурӣ аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон рушди иқтисоди кишвар устувор нигоҳ дошта шуд. Вакилон оид ба буҷети давлатӣ, низоми бонкӣ, сармоягузории мустақим, саноат, роҳу нақлиёт, кишоварзӣ ва соҳаҳои илму маориф ва тандурустӣ маълумоти муфассал дода, соҳаи маорифро чун самти муҳим ва калидии сиёсати Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон маънидод намуданд.

Вакилон аз барномаҳои давлатӣ, ки дар самти маориф қабул гардидаанд, афзалиятнокии онҳо, инчунин озмунҳое, ки бо мақсади беҳтар кардани сифати таълим ва бештар ба омӯзиши илмҳои риёзиву дақиқ ва табиӣ ҷалб кардани наврасону ҷавонон, олимону муҳаққиқон ва устодону омӯзгорон гузаронида мешаванд, ба мисли озмунҳои «Тоҷикистон- Ватани азизи ман», «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» ва «Илм-фурӯғи маърифат» ёдовар шуда, саҳми омӯзгоронро дар мавриди амал қарор гирифтани ин тадбирҳо муҳиму муассир арзёбӣ намуданд.

Ҳамчунин тарбияи фарҳангиву ахлоқӣ ва ҳарбӣ – ватандӯстии наврасонро, ки аз мактаб сарчашма мегирад, махсус таъкид карда, оид ба пешгирии ҷавонон аз пайвастан ба гурӯҳҳои террористиву экстремистӣ ва ифротию тахрибкор ибрози назар намуданд.

Март 16, 2021 14:20

Хабарҳои дигари ин бахш

ИҶЛОСИЯИ XVI ШУРОИ ОЛӢ ВА РӮЗИ ПРЕЗИДЕНТ. Таҳлили ҳуқуқии мафҳумҳои конститутсионӣ ва таърихии давлатдорӣ
ДАР МЕҲВАРИ СУЛҲ, ВАҲДАТ ВА СОЗАНДАГӢ. Мулоҳизаҳо оид ба рисолати таърихии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон
Раиси Маҷлиси намояндагон бо Сафири Беларус дар Тоҷикистон вохӯрӣ намуд
Дар иҷлосияи Маҷлиси намояндагон ба якчанд қонун тағйиру иловаҳо ворид гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Файзалӣ Идизода бо Аҳмад бин Муҳаммад Ал-Ҷарвон ба таври маҷозӣ вохӯрӣ намуд
Рустами Эмомалӣ аз шаҳри Тошканд ба шаҳри Бухоро ташриф оварданд
Ҷаласаи навбатии иҷлосияи сеюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор шуд
Президенти Ҷумҳурии Узбекистон Шавкат Мирзиёев Рустами Эмомалиро бо ордени «Барои хизмати фидокорона» сарфароз гардониданд
Мулоқоти Рустами Эмомалӣ бо Президенти Ҷумҳурии Узбекистон Шавкат Мирзиёев
Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ аз Маркази тамаддуни исломӣ дар шаҳри Тошканд боздид намуданд
Рустами Эмомалӣ бо Раиси Сенати Олий Мажлиси Ҷумҳурии Узбекистон Танзила Нарбаева мулоқот намуданд