Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар арафаи Наврӯз аз муассисаҳои ислоҳӣ боздид намуд

Март 20, 2021 10:12

ДУШАНБЕ, 20.03.2021 /АМИТ «Ховар»/. 17-18 март бахшида ба Иди Наврӯзи хуҷастапай Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон Умед Бобозода дар якҷоягӣ бо муовини сардори Шуъбаи давлатии ҳуқуқҳои шаҳрвандӣ ва сиёсӣ Ҳусниддин Нидоев ва ёрдамчии Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон Зафар Салихов барои шиносоӣ бо вазъи будубоши маҳкумшудагон аз муассисаҳои ислоҳии Сарраёсати иҷрои ҷазои ҷиноятии Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон боздид намуданд.

Дар ин бора ба мухбири АМИТ «Ховар» аз мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.

Зимни боздид Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон аз шароити нигоҳдории маҳкумшудагон, аз ҷумла ҷойи хоб, ҳуҷраҳои мулоқот (кӯтоҳмуддат ва дарозмуддат), ошхона, чойхона ва ҷойи кори маҳкумшудагон дидан намуд.

Шиносоӣ бо шароити нигоҳдории маҳкумшудагон маълум намуд, ки дар доираи имконияти мавҷуда барои маҳкумшудагон шароити зарурӣ муҳайё шудааст.

Ҳамзамон зимни боздид Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон бо маҳкумшудагон мулоқот намуда, онҳоро бо иди Наврӯзи оламафрўз табрик намуд.

Зикр гардид, ки  Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар оянда низ тасмим гирифтааст, ки ба муассисаҳои ислоҳӣ рафта, бо шароит ва будубоши маҳкумшудагон шинос шавад.

Март 20, 2021 10:12

Хабарҳои дигари ин бахш

Ба муносибати 35-солагии муносибатҳои дипломатии Тоҷикистону Чин конфронси байналмилалӣ доир шуд
Дар Тоҷикистон рақамикунонии низоми нафақа тақвият меёбад
Дар Кӯлоб бахшида ба Рӯзи Президент конференсияи илмӣ-амалӣ баргузор шуд
Муовини Сарвазири Тоҷикистон ба ифтихори Рӯзи Президент дар Академияи идоракунии давлатӣ ҳафтаи ҷашниро ифтитоҳ намуд
ПРЕЗИДЕНТ — РАМЗИ ВАҲДАТ, СУБОТ ВА ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Фирдавсӣ ҳамоиши сиёсиву фарҳангӣ баргузор шуд
Исломиддин Раҳмон: «Иҷлосияи тақдирсоз ва Рӯзи Президент саҳифаи тиллоӣ дар таърихи давлатдории тоҷикон мебошанд»
Cозишнома оид ба ҳамкории вазоратҳои адлияи давлатҳои иштирокдори ИДМ ба имзо расид
Таҳкими ҳамкории илмӣ-таҳқиқотӣ байни Тоҷикистон ва Швейтсария баррасӣ шуд
Иммунизатсия яке аз усулҳои муҳими ҳифзи саломатии кӯдакон мебошад
Дар Рашт бинои нави шуъбаи Хадамоти давлатии оташнишонӣ ба истифода дода шуд
Дар фурудгоҳҳои байналмилалии Тоҷикистон бо шаҳрвандон корҳои иттилоотию фаҳмондадиҳӣ гузаронида шуданд
Ҳамкории Тоҷикистон ва Қазоқистон дар соҳаи тандурустӣ густариш меёбад