Вазири фарҳанг Зулфия Давлатзода бо хабарнигори АМИТ «Ховар» дар бораи тағйирот ба низомномаи озмуни «Тоҷикистон – Ватани азизи ман» суҳбат кард

Март 1, 2021 15:13

ДУШАНБЕ, 01.03.2021 /АМИТ «Ховар»/. 11 феврал бо Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Низомномаи озмуни «Тоҷикистон – Ватани азизи ман» бо як қатор тағйирот тасдиқ гардид. Дар робита ба ин Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Зулфия ДАВЛАТЗОДА ба чанд суоли хабарнигори АМИТ «Ховар» Мавҷуда АНВАРӢ посух дод.

АМИТ «Ховар»: Имрӯз санъати тоҷик дар марҳилаи рушд қарор дошта, ҳамасола озмуну ҷашнвораҳо ва дигар  тадбирҳои фарҳангӣ баҳри кашфи ҷавонону наврасони соҳибистеъдод  доир карда мешаванд. Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон-Ватани азизи ман» аз қабили ҳамин гуна тадбирҳост. Муҳтарам Вазир, мехостам мухтасар дар бораи ҳадафи озмун ва натиҷаҳои бадастомадаи он дар фазои фарҳангии мамлакат андешаҳоятонро баён намоед…

Зулфия Давлатзода: Боиси зикри хос аст, ки Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар сиёсати фарҳангпарваронаи худ таваҷҷуҳи асосиро ба таҳкими бунёди маънавии ҷомеа ва боло бурдани ҳисси ифтихори миллӣ зоҳир намуда, чун роҳнамои оқили миллат тавонистааст, ки фарҳангро ба як омили таҳкимбахши ваҳдату ҳамбастагии   сокинони кишварамон табдил диҳанд.

Озмуни «Тоҷикистон – Ватани азизи ман», ки маҳз бо ибтикори Пешвои муаззами миллат соли 2019 бори аввал роҳандозӣ гардид, далели таваҷҷуҳи бевоситаи Сарвари давлат ба санъату ҳунар —  ин ҷузъи муҳими фарҳанги миллӣ мебошад.

Озмуни мазкур дар тӯли солҳои 2019-2020 намунаҳои беҳтарини ҳунари асилро аз тамоми манотиқи Тоҷикистони азиз ба ҳам овард ва  ба мақсади ниҳоии худ, яъне дарёфти истеъдодҳои нави соҳаи санъат ва ташаккули завқи зебоипарастии ҷомеа  ноил гардид.

АМИТ «Ховар»: Пешвои миллат дар Паёми навбатӣ аз баргузории ин озмун изҳори қаноатмандӣ карданд ва ба мақомоти дахлдор супориш доданд, ки ташкил ва баргузории ин чорабинӣ дар сатҳи бисёр баланд ба роҳ монда шавад. Дар робита ба ин ба Низомномаи озмуни имсола чӣ гуна тағйирот ворид карда шуд?

Зулфия Давлатзода:   Аз ҷониби гурӯҳи кории озмун ва пешниҳоди мутахассисон бо назардошти таҷрибаҳои бардошта дар давоми солҳои 2019 -2020 ба низомномаи озмуни имсола як қатор тағйирот ворид гардиданд.  Аз ҷумла, озмун соли равон ба ду гурӯҳ- гурӯҳи касбӣ ва гурӯҳи ҳаваскорон тақсим карда мешавад.  Ба гурӯҳи касбӣ хонандагону донишҷӯёни муассисаҳои таълимии мусиқии касбӣ, гуруҳҳои касбӣ, сарояндагону навозандагони филармонияҳо ва театрҳои халқӣ, дастаҳои ҳунарии назди раёсат, шуъбаву бахшҳои фарҳанги вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо ва ансамблҳои ҳунарӣ  дохил мешаванд. Ба гурӯҳи ҳаваскорон хонандагону донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ, ибтидоӣ, миёнаву олӣ, ходимони илмӣ ва эҷодӣ шомиланд.

Ғайр аз ин имсол инчунин дар озмун шахсони шинохтаи санъати мусиқӣ, сарояндагону навозандагони унвондор иштирок намекунанд. Як шахс дар ду номинатсия ширкат варзида наметавонад. Ҳамзамон ғолибони озмун танҳо баъди се сол ҳуқуқи иштирок дар озмунро пайдо мекунанд.

Ғолибони ҷойи якум, дуюм ва сеюми даври ниҳоӣ аз номинатсияи композиторӣ ба  узвияти Иттифоқи композиторони Тоҷикистон пешниҳод мегарданд.

АМИТ «Ховар»: Озмун имсол умуман аз рӯйи чанд номинатсия баргузор мегардад ва аз чанд давр иборат хоҳад буд?

Зулфия Давлатзода:  Озмун дар се давр гузаронида мешавад ва довталабон ҳунару истеъдоди худро аз рӯи се номинатсия-композиторӣ, сарояндагӣ ва навозандагӣ  месанҷанд.

Даври якум моҳҳои май-июни соли 2021 дар шаҳру ноҳияҳо, даври дуюм нимаи дуюми моҳи июл – нимаи аввали моҳи августи соли 2021 дар марказҳои ВМКБ, вилоятҳои Суғду Хатлон, шаҳри Душанбе, шаҳри Ҳисор ва ноҳияи Рашт доир карда мешавад. Даври сеюм дар шаҳри Душанбе то 16 ноябри соли 2021 бо супоридани ҷоизаву дипломҳо ҷамъбаст мегардад.

АМИТ «Ховар»:  Оё дар давраҳои якуму дуюм намояндагони Комиссияи ҷумҳуриявӣ ширкат мекунанд?

Зулфия Давлатзода: Тибқи талаботи Низомнома, ҳайати ҳакамони даври якум аз ҷониби мақомоти  иҷроияи ҳокимияти давлатии  ВМКБ, вилоятҳои Суғду Хатлон, шаҳри Душанбе ва шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ интихоб мегардад. Ҳайати ҳакамони даври дуюм бо пешниҳоди Вазорати фарҳанг ва Иттифоқи композиторон аз ҷониби Комиссияи ҷумҳуриявӣ тасдиқ гардида, ба маркази вилоятҳо сафарбар карда мешаванд.

АМИТ «Ховар»: Талабот ва мавзӯъҳои номинатсияҳо чӣ гуна  хоҳанд буд? 

Зулфия Давлатзода:    Масалан, дар номинатсияи композиторӣ иштирокчиён бояд дорои таҳсилоти миёнаи махсуси мусиқӣ ва олии мусиқӣ, инчунин намояндагони мактаби суннатии устод-шогирд бошанд. Иштирокчӣ дар ҳар давр як асар пешниҳод менамояд. Тақризи касбӣ ба ҳар як асари пешниҳодшуда  дар ин номинатсия ҳатмӣ мебошад.

Дар номинатсияи сарояндагӣ ба шеърҳои муосир, хусусан истифодаи шеърҳо аз баёзҳои тозанашр, дар  номинатсияи навозандагӣ ба сабкҳои аслии санъати навозандагии тоҷик афзалият дода мешавад.

АМИТ «Ховар»:  Довталаб чӣ гуна аз ҷониби муассисаи таълимӣ ба озмун омода карда мешавад?

Зулфия Давлатзода: Роҳбари муассисаи таълимӣ, омӯзгор ва довталаб ҷиҳати омода намудани довталаб шартнома имзо мекунанд. Лоиҳаи шартнома аз ҷониби гурӯҳи кории озмун омода гардида, ба ҳамаи муассисаҳои таълимӣ дастрас карда мешавад.

АМИТ «Ховар»: Раддабандии синнусолӣ мисли порсол аст?

Зулфия Давлатзода: Агар дар соли 2020 синну соли иштирокчиён аз 8 то 40-сола муқаррар гардида бошад, дар соли 2021 ин раддабандӣ   аз 12-сола то 17-сола ва аз 18-сола то 4-сола муайян гардидааст.

АМИТ «Ховар»: Дар озмун истифодаи фонограмма иҷозат аст?

Зулфия Давлатзода: На. Истифодаи фонограмма қатъиян манъ аст.

АМИТ «Ховар»: Омӯзгоронеро, ки шогирдонашон дар давраҳои гуногун ғолиб мебароянд, чӣ интизор аст?

Зулфия Давлатзода: Ба омӯзгороне, ки шогирдонашон дар даври ниҳоӣ соҳиби ҷоизаи ифтихорӣ ва ҷойхои якум, дуюм ва сеюм мегарданд, аз ҳисоби фонди захиравии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  мукофоти пулӣ  дода мешавад.

Инчунин омӯзгороне, ки шогирдони онҳо дар даври сеюми озмун сазовори ҷойи якум мегарданд, бо нишони ифтихории “Аълочии фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон” сарфароз гардонида мешаванд.

АМИТ «Ховар»: Солҳои қаблӣ барои се номинатсия як Шоҳҷоиза муқаррар гардида буд, имсол ҳам чунин аст?

Зулфия Давлатзода: Солҳои 2019 ва соли 2020 барои се номинатсия як Шоҳҷоиза муқаррар гардида буд ва ин ду сол ҳам Шоҳҷоизаро довталабон аз номинатсияи композиторӣ соҳиб гардиданд. Бо назардошти ин дар соли равон ба ҳар як номинатсия як Ҷоизаи ифтихорӣ ҷудо карда шудааст, ки баробар ба Шоҳҷоиза аст.

АМИТ «Ховар»: Тибқи Низомнома, ба ғолибони озмун боз чӣ имтиёзҳо дода мешаванд?

Зулфия Давлатзода: Ғолибони озмун ҳуқуқи иштирок дар чорабиниҳои сатҳи ҷумҳуриявӣ ва байналмилалиро пайдо намуда, ба мактабҳои махсуси мусиқӣ, коллеҷи мусиқӣ ва мактаби олии мусиқӣ (Консерватория) тариқи суҳбат, ба таври ройгон, бе супоридани имтиҳон қабул карда мешаванд.

АМИТ «Ховар»: Дар маҷмӯъ, барои ташкил ва гузаронидани озмун чӣ қадар маблағ пешбинӣ шудааст?

Зулфия Давлатзода: Барои озмуни имсола, ки ба 30-солагии Истиқлоли давлатии Тоҷикистон бахшида шудааст,    2 540 000 сомонӣ  пешбинӣ шудааст.

Март 1, 2021 15:13

Хабарҳои дигари ин бахш

Рӯзҳои синамои Узбекистон дар Тоҷикистон бо намоиши филми ҳунарии «Зинда бод, ҳамсар!» ҷамъбаст гардид
«САД РАНГИ ЧАКАН». Дар Душанбе ин фестивали ҷумҳуриявӣ ҷамъбаст гардид
Роҳбарзанони Узбекистон бо табиати зебои шаҳри Норак шинос шуданд
Дар Душанбе ҳамкории илмии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ва Донишгоҳи Акитаи Ҷопон баррасӣ шуд
Дар Донишгоҳи техникии Тоҷикистон даври аввали Озмуни ҷумҳуриявии «Илм-фурӯғи маърифат» баргузор шуд
Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон бо 4 муассисаи таҳсилоти олии Узбекистон ҳамкорӣ мекунад
«ШОҲРОҲИ БУЗУРГИ АБРЕШИМ». Тоҷикистон барои иштирок дар ин намоиши байналмилалӣ омодагии ҷиддӣ мебинад
Дар Душанбе конференсияи ҷумҳуриявӣ оид ба ҳифзи ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ доир гардид
Дар Душанбе бо иштироки олимону зиёиёни Тоҷикистон ва Узбекистон конференсияи байналмилалӣ баргузор шуд
Дар доираи Ҳафтаи илм оид ба мероси уран дар Осиёи Марказӣ конфронси байналмилалӣ баргузор гардид
ИМРӮЗ-РӮЗИ ҶАҲОНИИ ҲИФЗИ ЁДГОРИҲОИ ТАЪРИХИЮ ФАРҲАНГӢ. Дар Тоҷикистон зиёда аз 100 ёдгории таърихиву фарҳангӣ тармиму барқарор гардид
Дар Қасри фарҳанги ноҳияи Варзоб ба алоқамандони синамо филми ҳунарии «Таҳаввулот» намоиш дода шуд