Вазири рушди иқтисод ва савдо дар ҷашни Наврӯз дар ноҳияи Панҷ иштирок намуд
ДУШАНБЕ, 22.03.2021. /АМИТ «Ховар»/. Дирӯз дар ноҳияи Панҷ бо иштироки Вазири рушди иқтисод ва савдо Завқӣ Завқизода ва фаъолону сокинони ноҳия чорабиниҳои тантанавӣ бахшида ба ҷашни байналмилалии Наврӯз бо шукуҳ таҷлил гардид. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати рушди иқтисод ва савдо хабар медиҳад.
Бино ба иттилои манбаъ, аз ҷониби роҳбарияти вазорат дар ҳамбастагӣ бо мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ бо ҷалби соҳибкорон ва шахсони саховатманд дар фазои идона ба ятимону бепарасторони ноҳия кӯмакҳои моддию молиявӣ расонида шуданд.
Вазири рушди иқтисод ва савдо аз ярмаркаи маҳсулоти кишоварзӣ, ки аз ҷониби деҳқонон ва сокинони ноҳия ташкил гардида буд, дидан намуда, ба масъулини мақомоти маҳаллӣ, роҳбарони хоҷагиҳои деҳқонӣ ва сокинони ноҳия ҷиҳати истифодаи самараноки ҳар порча замин ва истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ, инчунин беҳтар намудани шароити зиндагӣ ва таъмини бозори кишвар тавсияҳо дод.
З. Завқизода зимни баромади хеш дар чорабинии ҷашнии ноҳия сокинони ноҳияро аз номи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба муносибати ҷашни Наврӯз табрик намуд.
Қайд гардид, ки ҷашни Наврӯз таърихи зиёда аз 6000-сола дошта, бо шарофат ва талошҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Наврӯз дубора эҳё ва ҷашни ҷаҳонӣ гардид.
Ҳамзамон аз мардуми ноҳия барои тозаю озода ва ободу зебо намудани ҳавлию хонаи худ ва рушду нумӯи ноҳия, тақвият додани корҳои ободонию бунёдкорӣ барои дар сатҳи баланд таҷлил намудани ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъват ба амал оварда шуд.
Наврӯзи ноҳия дар сатҳи баланд таҷлил гардида, бо роҳпаймоӣ дар маркази ноҳия ва барномаи фарҳангӣ ҷамъбаст гардид.








Дар қаламрави Тоҷикистон заминларза ба амал омад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Муколамаи чоруми минтақавӣ оид ба иқтисоди даврӣ дар Осиёи Марказӣ баргузор гардид
Дар шаҳри Душанбе ҷашни Меҳргон таҷлил мегардад
Дар Тоҷикистон ҷамъоварии меваи анор оғоз гардидааст
Дар Академияи идоракунии давлатӣ даври шаҳрии озмуни «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир шуд
Тоҷикистон ва Кувайт ҳамкориро дар арсаҳои фанновариҳои иттилоотӣ ва фарҳанг баррасӣ намуданд
Маҷлиси намояндагон ду созишномаи ҳамкории Тоҷикистонро бо Фонди авруосиёии субот ва рушд тасдиқ намуд






