Вазоратҳои корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Озарбойҷон барои солҳои 2021-2022 барномаи ҳамкорӣ ба имзо расониданд
ДУШАНБЕ, 30.03.2021 /АМИТ «Ховар»/. 30 март дар Душанбе дар ҳошияи Конфронси вазирони «Қалби Осиё-Раванди Истанбул» мулоқоти Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин бо Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Озарбойҷон Ҷайҳун Байрамов сурат гирифт.
Дар мулоқот бо Ҷайҳун Байрамов масъалаҳои ҳамкории Тоҷикистон ва Озарбойҷон дар заминаҳои сиёсӣ, тиҷоратӣ-иқтисодӣ, нақлиётӣ-коммуникатсионӣ ва фарҳангию гуманитариро мавриди баррасӣ қарор дода, оид ба равобити ду кишвар дар чаҳорчӯби созмонҳои байналмилалӣ табодули афкор намуданд.
Мусоҳибон ба тавофуқ расиданд, ки бо талошҳои вазоратҳои корҳои хориҷӣ рӯзномаи муносибатҳои дуҷонибаро ғанӣ гардонанд.
Пас аз анҷоми мулоқот маросими имзои Барномаи ҳамкорӣ байни Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Вазорати корҳои хориҷии Озарбойҷон барои солҳои 2021-2022 баргузор гардид.
АКСҲО аз ВКХ ҶТ









Дар Женева чорабинии сатҳи баланд дар мавзуи «Сулҳи устувор дар Осиёи Марказӣ: сабақҳо аз Эъломияи дӯстии абадии Хуҷанд» доир шуд
Сафири Тоҷикистон дар Амрико бо тоҷикони Канада мулоқот намуд
Сироҷиддин Муҳриддин бо Сафири Арабистони Саудӣ мулоқот намуд
Ба бузургдошти Робиаи Балхӣ ва Ҳофизи Шерозӣ дар Вена ҳамоиш доир гардид
Дар Душанбе дурнамои муносибатҳои Тоҷикистон ва Италия баррасӣ гардид
Сафири Тоҷикистон бо роҳбари ширкати аморотии Tahaluf AI мулоқот намуд
Намояндаи Тоҷикистон дар ҷаласаи 6-уми Форуми раисони шаҳрҳои Комиссияи иқтисодии СММ барои Аврупо иштирок намуд
Ҳамкории Тоҷикистон бо ширкати LANXESS Олмон баррасӣ гардид
Сафири Тоҷикистон бо раиси иҷроии Муассисаи ташаббуси сармоягузории оянда мулоқот намуд
Дурнамои муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Умон баррасӣ гардид
Тоҷикистон ва Австрия машваратҳои сиёсӣ баргузор намуданд
Сафири Тоҷикистон дар Кувайт бо роҳбарияти хабаргузории KUNA ҳамкории иттилоотиро баррасӣ кард






