Вазорати фарҳанг ба 100 нафар хонандагони мактаб-интернатҳои мусиқӣ кумак намуд

Март 21, 2021 10:48

ДУШАНБЕ, 21.03.2021 /АМИТ “Ховар”/. Бахшида ба Иди байналмилалии Наврӯз роҳбарияти Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон ба 100 нафар  хонандагони Муассисаи давлатии “Мактаб-интернати миёнаи махсуси санъати ҷумҳуриявии ба номи Миратулло Атоев” ва Мактаб-интернати миёнаи махсуси мусиқии ҷумҳуриявии ба номи Зиёдулло Шаҳидӣ кумаки яквақтаинаи моддӣ расонид.

Тавре аз Вазорати фарҳанг ба АМИТ “Ховар” иттилоъ доданд, иқдоми мазкур ҷиҳати дар амал татбиқ намудани сиёсати хирадмандона ва ятимпарваронаи  Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон гирифта шуда,  он аз ҷониби муовини вазири фарҳанг Манучеҳр Шарифзода ба хонандагон тақдим гардид. Хонандагону тарбиятгирандагони ин мактаб-интернатҳо аз ин иқдом изҳори хушҳолӣ  намуда,  баён доштанд, ки “имрӯз мо бепадару модар нестем, балки Ватан ва роҳбарияти олии мамлакат падару модар ва ғамхори мо мебошанд”.

Ёдовар мешавем, ки иқдомҳои Вазорати фарҳанг дар самти дастгирии моддию маънавии қишри осебпазири ҷомеа аз сиёсати хирадмандонаи Пешвои миллат сарчашма гирифта, он мунтазам амалӣ карда мешавад.

Табақаи ниёзманди ҷомеа, бахусус ятимону бепарасторон ва камбизоатон, ки ба ғамхориву кумаки ҳамешагӣ ниёз доранд, таҳти назорати доимии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дошта, махсусан  дар арафаи ҳар иду ҷашнҳо бо кумаки моддиву молӣ фаро гирифта мешаванд.

Март 21, 2021 10:48

Хабарҳои дигари ин бахш

Оид ба омӯзиши Панҷакенти қадим конференсияи илмӣ баргузор мешавад
Дар Хоруғ муассисаҳои соҳаи фарҳанг навсозӣ мешаванд
Муовини Вазири фарҳанг ва иршоди исломии Эрон дар Осорхонаи миллӣ бо тамаддуни бостонии тоҷикон шинос шуд
Гирандагони Шоҳҷоизаи Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон – Ватани азизи ман» дар соли 2026 муайян гардиданд
Маросими ҷоизасупорӣ ба ғолибони Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон–Ватани азизи ман» оғоз гардид
Феҳристи ёдгориҳои Намоиши байналмилалии «Тоҷикистон- кишвари ёдгориҳои нодир» таҳия гардид
Имрӯз маросими ҷоизасупории Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон–Ватани азизи ман» баргузор мегардад
«КИТОБИ ДУШАНБЕ». Дар намоишгоҳи байналмилалӣ беш аз ду ҳазор номгӯй китоб пешниҳод гардид
Намояндагони Тоҷикистон дар Италия Нигористони Боргезеро тамошо намуданд
«РОБИАИ БАЛХӢ–НАХУСТИН НИДОИ ИШҚ». Бахшида ба 1050-солагии Робиаи Балхӣ ҳамоиши илмӣ–адабӣ доир шуд
Дар Душанбе бо иштироки беш аз 30 муассисаи нашриявӣ намоиши китоб оғоз гардид
«TAJIKISTAN, UNA CULTURA DA SCOPRIRE». Нашрияи итолиёвӣ доир ба мероси таърихию фарҳангии тоҷикон мақола чоп намуд