Вазорати тандурустӣ барои қабул ва гузаронидани ваксинаи Британияи Кабир «АстраЗеника» тадбирҳои зарурӣ амалӣ намудааст

Март 5, 2021 09:21

ДУШАНБЕ, 05.03.2021 /АМИТ «Ховар»/. Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои қабул ва гузаронидани ваксинаи Британияи Кабир «АстраЗеника» ба шаҳрвандон, ки моҳҳои март-апрели соли равон дар назар аст   ба Тоҷикистон ворид гардад, тадбирҳои зарурӣ амалӣ намудааст. Вобаста ба ин ҳоло  дар муассисаҳои тандурустии мамлакат  яхдонҳо ва утоқҳои махсус омода карда шуда, мутахассисон омӯзонида шудаанд. Дар ин бора аз маркази матбуоти Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд.

Тавре АМИТ «Ховар» дирӯз иттилоъ дода буд, аз ҷониби Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии мамлакат миёни шаҳрвандони ҷумҳурӣ пурсиш гузаронида шудааст. Дар натиҷа маълум гардид, ки 81%-и аҳолии Тоҷикистон барои гирифтани ваксина бар зидди COVID-19  розӣ мебошанд.

Бояд гуфт, ки аввал тамоми кормандони соҳаи тандурустӣ, шахсони синнашон аз 60 боло, гурӯҳи одамони осебпазир, ки  дорои бемориҳои ҳамрадиф, хусусан гирифтори бемориҳои қанд, гепатит буда, аз 20 то 49-сола мебошанд, ваксинатсия карда мешаванд.

Ёдовар мешавем, ки шурӯъ аз моҳи январ дар Тоҷикистон ягон ҳолати гирифторшавӣ ба коронавирус расман ба қайд гирифта нашудааст. Дар маҷмӯъ то 4 март дар кишвар 13308 нафар гирифторони сирояти коронавируси нави COVID-19 ба қайд гирифта шуда, аз ин шумора то санаи зикргардида 13218 нафар ё 99,3% шифо ёфтаанд. Инчунин 90 нафар бар асари ин беморӣ фавтидаанд.

Март 5, 2021 09:21

Хабарҳои дигари ин бахш

Ташаббусҳои Тоҷикистон дар соҳаи зеҳни сунъӣ дар Шанхай муаррифӣ карда шуданд
Дар ноҳияи Ёвон бахшида ба Рӯзи Президент ҳамоиши сиёсӣ-фарҳангӣ доир гардид
Ба муносибати 35-солагии муносибатҳои дипломатии Тоҷикистону Чин конфронси байналмилалӣ доир шуд
Дар Тоҷикистон рақамикунонии низоми нафақа тақвият меёбад
Дар Кӯлоб бахшида ба Рӯзи Президент конференсияи илмӣ-амалӣ баргузор шуд
Муовини Сарвазири Тоҷикистон ба ифтихори Рӯзи Президент дар Академияи идоракунии давлатӣ ҳафтаи ҷашниро ифтитоҳ намуд
ПРЕЗИДЕНТ — РАМЗИ ВАҲДАТ, СУБОТ ВА ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Фирдавсӣ ҳамоиши сиёсиву фарҳангӣ баргузор шуд
Исломиддин Раҳмон: «Иҷлосияи тақдирсоз ва Рӯзи Президент саҳифаи тиллоӣ дар таърихи давлатдории тоҷикон мебошанд»
Cозишнома оид ба ҳамкории вазоратҳои адлияи давлатҳои иштирокдори ИДМ ба имзо расид
Таҳкими ҳамкории илмӣ-таҳқиқотӣ байни Тоҷикистон ва Швейтсария баррасӣ шуд
Иммунизатсия яке аз усулҳои муҳими ҳифзи саломатии кӯдакон мебошад
Дар Рашт бинои нави шуъбаи Хадамоти давлатии оташнишонӣ ба истифода дода шуд