Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ: Вазъи санитарию эпидемиологӣ оид ба COVID-19 дар Тоҷикистон муътадил аст

Март 4, 2021 13:40

ДУШАНБЕ, 04.03.2021. /АМИТ «Ховар»/. Ҳоло вазъи санитарию эпидемиологӣ оид ба COVID-19 дар Тоҷикистон муътадил арзёбӣ мешавад. Дар ин бора 3 март зимни ҷаласаи ситоди Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии  Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки доир ба пешгирӣ ва табобати бемории COVID-19  тариқи онлайн баргузор гардид, гуфта шуд.

Тавре аз маркази матбуоти Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии  Ҷумҳурии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, новобаста ба он ки аз 10 январи соли 2021 дар Тоҷикистон ягон ҳодисаи  нави гирифторшавии шаҳрвандон ба бемории COVID-19 ба қайд гирифта нашудааст, вале  ҳамарӯза дар ду марҳила ҷаласаи ситоди Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии  Ҷумҳурии Тоҷикистон тариқи онлайн баргузор карда мешавад.

Дар ҷаласаҳои ситоди вазорат масъалаҳои гардишҳои хонагӣ, назорати шаҳрвандоне, ки аз хориҷ ба Тоҷикистон ворид мешаванд, вазъи нигоҳубини занони ҳомила, иммунизатсиякунонӣ, вусъати корҳои ободониву созандагӣ ба истиқболи ҷашни бузурги миллӣ-30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар масъалаҳо таҳлилу баррасӣ мешаванд.

Махсусан, зимни ҷаласаҳои ситоди вазорат роҳбарони КАТС-и шаҳру ноҳияҳои мамлакат доир ба натиҷаи гардишҳои хонагӣ, вазъи саломатии шаҳрвандони аз хориҷи кишвар воридшуда ба роҳбарияти вазорат ҳисобот пешниҳод менамоянд.

Дар ҷаласаи ситод Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии  Ҷумҳурии Тоҷикистон,  муовинони вазир,  сардорони якчанд  раёсатҳои зерсохтори вазорат, сардорони раёсатҳои тандурустии шаҳри Душанбе, Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳои Хатлону Суғд, роҳбарони муассисаҳои тандурустии шаҳру ноҳияҳои мамлакат иштирок намуда, вазъи санитарию эпидемиологии кишвар ва дигар масъалаҳои соҳаро  баррасӣ намуданд.

Март 4, 2021 13:40

Хабарҳои дигари ин бахш

Ба муносибати 35-солагии муносибатҳои дипломатии Тоҷикистону Чин конфронси байналмилалӣ доир шуд
Дар Тоҷикистон рақамикунонии низоми нафақа тақвият меёбад
Дар Кӯлоб бахшида ба Рӯзи Президент конференсияи илмӣ-амалӣ баргузор шуд
Муовини Сарвазири Тоҷикистон ба ифтихори Рӯзи Президент дар Академияи идоракунии давлатӣ ҳафтаи ҷашниро ифтитоҳ намуд
ПРЕЗИДЕНТ — РАМЗИ ВАҲДАТ, СУБОТ ВА ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Фирдавсӣ ҳамоиши сиёсиву фарҳангӣ баргузор шуд
Исломиддин Раҳмон: «Иҷлосияи тақдирсоз ва Рӯзи Президент саҳифаи тиллоӣ дар таърихи давлатдории тоҷикон мебошанд»
Cозишнома оид ба ҳамкории вазоратҳои адлияи давлатҳои иштирокдори ИДМ ба имзо расид
Таҳкими ҳамкории илмӣ-таҳқиқотӣ байни Тоҷикистон ва Швейтсария баррасӣ шуд
Иммунизатсия яке аз усулҳои муҳими ҳифзи саломатии кӯдакон мебошад
Дар Рашт бинои нави шуъбаи Хадамоти давлатии оташнишонӣ ба истифода дода шуд
Дар фурудгоҳҳои байналмилалии Тоҷикистон бо шаҳрвандон корҳои иттилоотию фаҳмондадиҳӣ гузаронида шуданд
Ҳамкории Тоҷикистон ва Қазоқистон дар соҳаи тандурустӣ густариш меёбад