Ташкилотҳои қарзӣ соли гузашта ба муштариён 102,9 миллион сомонӣ қарзи ипотекӣ пешниҳод намуданд
ДУШАНБЕ, 04.03.2021 /АМИТ «Ховар»/. Ташкилотҳои қарзии Тоҷикистон соли гузашта ба муштариён 102,9 миллион сомонӣ қарзи ипотекӣ пешниҳод намудаанд, ки дар қиёс нисбат ба соли 2019 беш аз 17 миллион сомонӣ зиёд аст, иттилоъ медиҳад Бонки миллии Тоҷикистон.
Ин дар ҳолест, ки қаблан Раиси Бонки давлатии амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Икромӣ дар нишасти матбуотӣ ба хабарнигорон гуфта буд, ки аз нимаи дуюми соли 2021 «Амонатбонк» бо дарназардошти имконияти молиявии худ тасмим дорад, ки пешниҳоди қарзҳои ипотекиро ба муштариён ба роҳ монад. Барои он ки қарзи дарозмуддат ба муштариён дода шавад, сарчашма ё худ амонати дарозмуҳлат лозим аст. Бояд тазаккур дод, ки қарзҳои ипотекӣ аз сӯи ташкилоти қарзии мамлакат ба аҳолӣ асосан барои сохтмони манзил пешниҳод карда мешаванд.
Дар Тоҷикистон заминаҳои ҳуқуқӣ барои пешниҳоди қарзи ипотекӣ фароҳам оварда шудаанд. Соли 2008 Парлумони Тоҷикистон Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ипотека»-ро қабул намуд, ки дар доираи он муносибатҳои қарздеҳу қарзгир, ки бо гарави молу мулки ғайриманқул тибқи тартиби муқаррарнамуда ба расмият дароварда мешаванд, танзим мегардад. Ҳамчунин қарздиҳии манзил (ипотека) ва фаъолияти ташкилоти қарзӣ дар самти қарздиҳии ипотекӣ дар доираи ҳамин қонун амалӣ карда мешавад. Имрӯз ташкилотҳои қарзӣ бо риояи қонуни мазкур фаъолият дошта, ба аҳолии кишвар қарзҳои ипотекӣ пешниҳод намуда истодаанд.








Ҳайати Тоҷикистон дар Конфронси 31-уми тарафҳои Конвенсияи қолабии СММ оид ба тағйирёбии иқлим иштирок намуд
Вазирони энергетикаи Тоҷикистон ва Русия дурнамои рушди ҳамкории дуҷонибаро баррасӣ намуданд
Тоҷикистон ҳамкориро бо давлатҳои хориҷӣ дар самти муқовимат ба коррупсия тақвият медиҳад
Дар қолаби «Осиёи Марказӣ — Чин» конференсияи дуюми вазирони сохтмон баргузор гардид
Дар Душанбе Форуми дуюми зиддикоррупсионӣ баргузор гардид
«ТОҶИКИСТОН-2026». Дар Душанбе Намоишгоҳи байналмилалии универсалӣ ифтитоҳ шуд
СТРАТЕГИЯИ МИЛЛИИ РУШДИ ИСТЕҲСОЛУ КОРКАРДИ ПАХТА ВА САНОАТИ НАССОҶӢ. Дар доираи татбиқи он беш аз 600 ҳазор ҷойи кор таъсис меёбад
Имконоти истеҳсолии корхонаи «Ҷавонӣ»-и вилояти Суғд васеъ карда мешавад
Намояндагони Вазорати нақлиёти Тоҷикистон бо таҷрибаи Корея дар самти роҳсозӣ шинос мегарданд
Дар Душанбе Форуми дуюми зиддикоррупсионӣ оғоз гардид
Масъалаҳои рушди ҳамкории Тоҷикистон ва Русия дар соҳаи энергетика баррасӣ гардиданд
Намояндаи Тоҷикистон дар Конфронси 30-юми ҷаҳонии сармоягузорӣ дар Женева иштирок кард






