Муҳаммад Ҷавод Зариф: «Бо Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон масоили минтақавӣ ва Афғонистонро баррасӣ намудем»
ДУШАНБЕ, 29.03.2021 /АМИТ «Ховар»/. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон имрӯз Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Исломии Эрон Муҳаммад Ҷавод Зарифро, ки барои иштирок дар Конфронси «Қалби Осиё-Раванди Истанбул» ба Тоҷикистон ташриф овардааст, ба ҳузур пазируфтанд.
Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Исломии Эрон Муҳаммад Ҷавод Зариф пас аз мулоқот бо Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба хабарнигорон чунин гуфт: «Дидори хубе доштем бо Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон. Дар мулоқот муносибатҳои Эрон ва Тоҷикистонро баррасӣ намудем. Инчунин масъалаҳои минтақавӣ ва мавзӯи Афғонистонро, ки фардо дар Нуҳумин конфронси вазирони «Қалби Осиё-Раванди Истанбул» матраҳ аст, гуфтугӯ намудем».
Ёдовар мешавем, ки 28 март Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Исломии Эрон Муҳаммад Ҷаводи Зариф бо сафари корӣ ҷиҳати иштирок дар Нуҳумин конфронси вазирони «Қалби Осиё-Раванди Истанбул» ба Душанбе ташриф овард.
Акс аз бойгонӣ








Сафири Тоҷикистон бо муовини Котиби давлатии ИМА Кристофер Ландау мулоқот намуд
Рушди ҳамкории Тоҷикистону Олмон дар бахшҳои сиёсӣ ва иқтисодӣ баррасӣ гардид
Сафири Тоҷикистон дар Корея бо раиси ширкати KOTA seed potato Co. Ltd. мулоқот намуд
Муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистон ва Эрон баррасӣ гардиданд
Ҳамкории Тоҷикистону Озарбойҷон дар соҳаи тағйирёбии иқлим ва ҳифзи муҳити зист баррасӣ шуд
Даври 4-уми Шарҳи универсалии даврии Тоҷикистон дар Женева баргузор шуд
Дар Женева доир ба дастовардҳои Тоҷикистон дар 35 соли истиқлоли давлатӣ ва таҳкими ҳифзи ҳуқуқи инсон чорабинии сатҳи баланд доир шуд
Сафири Тоҷикистон дар Австрия бо Президенти Бунёди ОПЕК оид ба рушди байналмилалӣ вохӯрӣ намуд
Сафири Тоҷикистон бо раиси Шурои мудирони Ширкати лоиҳаҳои гардишгарии Кувайт мулоқот намуд
Дар Москва Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистонро таҷлил намуданд
Ҳамкории Тоҷикистон ва Ветнам баррасӣ гардид
Сафири Тоҷикистон бо Вазири давлатии Кувайт дар умури ҷавонон ва варзиш мулоқот кард






