Зан-модар — пайвандгари имрӯзу фардост

Март 6, 2021 10:36

ДУШАНБЕ, 06.03.2021. /АМИТ «Ховар»/. Бо ташаббуси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Душанбе бахшида ба Рӯзи Модар таҳти унвони «Зан — модар-пайвандгари имрӯзу фардо» ҳамоиши занон баргузор гардид. Дар кори он роҳбари дастгоҳи Кумитаи Иҷроияи Марказии ҲХДТ Абдураҳмон Хонзода, вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Гавҳар Шарофзода, Раиси Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон Низом Қосим, Раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Душанбе Иброҳим Мирзозода, вакили Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе Далер Қобилзода, занони фаъол аз ҳисоби кормандони ҳифзи ҳуқуқ, занону бонувони сатҳи роҳбарикунандаи вазорату идораҳо, ҷавондухтарону кормандони  ҳизбии пойтахт иштирок намуданд.

Зимни ҳамоиш иштирокчиён дар васфу ситоиши зан — модар сухан гуфта, зикр карданд, ки модар олиҳаи ҳусну малоҳат, офарандаи оламу одам, мураббии башарият ва бақову манзалати ҳар хонадон аст.

Ба таъкиди Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, «имрӯз ҷомеаи Тоҷикистон дар симои зан на танҳо модар, хоҳар ва ҳамсар, балки сиёсатмадори шинохта, сарвари муваффақ, донишманди асил, табиби ҳозиқ, соҳибкори саховатпеша, корманди поквиҷдони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, ҳомии Ватан, бинокори номдор, мураббии наслҳо ва ҳамшираи меҳрубонро мебинад, ки ин мояи ифтихори мову шумо мебошад».

Ҳамзамон аз ҷониби шоири шинохтаи тоҷик Низом Қосим дар ситоиши зан — модар шеърҳо қироат гардида, ба ҳамоиш ҷилои бештар бахшиданд.

Дар фарҷом аз ҷониби Кумитаи иҷроияи шаҳрии ҳизб ба иштирокчиёни ҳамоиш туҳфаҳои хотиравӣ супорида шуданд.

Март 6, 2021 10:36

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад