16 апрел иҷлосияи шашуми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати шашум доир мегардад

Апрель 1, 2021 11:20

ДУШАНБЕ, 01.04.2021 /АМИТ «Ховар»/. 16 апрел дар шаҳри Душанбе иҷлосияи шашуми  Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати шашум баргузор мегардад. Дар ин бора қарори Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи даъват намудани иҷлосияи шашуми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати шашум» ба тасвиб расид.

Тавре аз дастгоҳи Маҷлиси миллӣ   ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, иҷлосияи шашуми  Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати шашум 16 апрели соли 2021, соати 11:00, дар шаҳри Душанбе доир карда мешавад.

Шӯрои Маҷлиси миллӣ иттилоъ медиҳад, ки дар иҷлосияи шашуми  Маҷ­лиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати шашум баррасии қонунҳои конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи судҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон»;  «Дар бораи мақомоти адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Дар бораи Академияи миллии илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон»,  «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси мурофиавии ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар  қонунҳои қабулнамудаи Маҷлиси намояндагон, инчунин масъалаҳои тағйир додани сарҳади ноҳияҳои Шоҳмансур, Фирдавсӣ, Сино, Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе ва иваз намудани номи баъзе маҳалҳои аҳолинишини мамлакат дар назар дошта шудааст.

Апрель 1, 2021 11:20

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар иҷлосияи Маҷлиси намояндагон ба якчанд қонун тағйиру иловаҳо ворид гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Файзалӣ Идизода бо Аҳмад бин Муҳаммад Ал-Ҷарвон ба таври маҷозӣ вохӯрӣ намуд
Рустами Эмомалӣ аз шаҳри Тошканд ба шаҳри Бухоро ташриф оварданд
Ҷаласаи навбатии иҷлосияи сеюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор шуд
Президенти Ҷумҳурии Узбекистон Шавкат Мирзиёев Рустами Эмомалиро бо ордени «Барои хизмати фидокорона» сарфароз гардониданд
Мулоқоти Рустами Эмомалӣ бо Президенти Ҷумҳурии Узбекистон Шавкат Мирзиёев
Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ аз Маркази тамаддуни исломӣ дар шаҳри Тошканд боздид намуданд
Рустами Эмомалӣ бо Раиси Сенати Олий Мажлиси Ҷумҳурии Узбекистон Танзила Нарбаева мулоқот намуданд
Рустами Эмомалӣ дар Тошканд бо Нақшаи генералии лоиҳаи шаҳрсозии «Тошканди нав» шинос шуданд
Рустами Эмомалӣ дар назди муҷассамаи Истиқлолият дар боғи «Узбекистони Нав» гулчанбар гузоштанд
Сафари расмии Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ ба Ҷумҳурии Узбекистон