60 СОЛИ АВВАЛИН ПАРВОЗИ ИНСОН БА КАЙҲОН. Ба шарафи ин Рӯзи байналмилалӣ дар Расадхонаи астрономии Ҳисор ҳамоиш доир мешавад
ДУШАНБЕ, 12.04.2021 /АМИТ «Ховар»/. 12 апрели соли 2021 аз аввалин парвози инсон ба кайҳон 60 сол сипарӣ мегардад. Ин сана аз соли 1961 то инҷониб дар тамоми дунё ҳамчун Рӯзи байналмилалии аввалин парвози инсон ба кайҳон таҷлил мешавад. Ба муносибати ин рӯз Институти астрофизикаи АМИТ дар Расадхонаи астрономии Ҳисор ҳамоиш доир менамояд.
Тавре директори Пажӯҳишгоҳи астрофизикаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон (АМИТ) Гулчеҳра Қоҳирова ба мухбири АМИТ «Ховар» иттилоъ дод, дар кори ҳамоиш кормандони Институт ва мактаббачагон — хонандагони бахши астрономияи Академияи илмҳои хурд иштирок мекунанд.
Дар ҳамоиши мазкур масъалаҳои муосир оид ба омӯзиш ва истифодаи кайҳон бо мақсадҳои осоишта, роҳҳои ҳалли онҳо, роҳҳои ба ин соҳа ҷалб намудани ҷавонон ва шахсони болаёқат мавриди муҳокима қарор мегиранд. Инчунин хоҳишу дархостҳо барои ба таври васеъ оммафаҳм гардонидани донишҳои астрономӣ дар ҷомеаи мо низ баён мегарданд. Барои шинос шудан бо телескопҳои Расадхонаи астрономии Ҳисор экскурсия ташкил карда мешавад.
Ҳамчунин 12 апрел кормандони Институт бо иштироки кормандон ва донишҷӯёни кафедраи астрономияи факултаи физикаи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи байналмилалии аввалин парвози инсон ба кайҳон семинари илмӣ- амалӣ доир менамоянд.
«60 сол мешавад, ки номи Юрий Алексеевич Гагарин дар тамоми рӯи ҷаҳон ҳамчун якумин кайҳоннавард маъруф аст. Маҳз 12 апрели соли 1961 Юрий Алексеевич Гагарин бо киштии кайҳонии «Восток» сайёраи Заминро аз рӯи мадор давр зад ва бо ҳамин дар таърихи башар давраи кайҳоннавардиро боз намуд. Бо рушду таҳкими минбаъдаи фаъолияти кайҳон башарият дарк кард, ки 12 апрел ба тараққиёти тамаддуни умумибашарӣ чӣ гуна такони ҷиддӣ гузоштааст»,- иброз дошт Гулчеҳра Қоҳирова.
Ба андешаи ҳамсуҳбати мо, ин ҳодисаи нодир ҳамчун оғози давраи кайҳоннавардӣ ба ҳамагон маълум аст. Илова бар ин, 7 апрели соли 2011 дар маҷлиси умумии Ассамблеяи Генералии Созмони Милали Муттаҳид, ки ба ифтихори 50-умин солгарди аввалин парвози инсон ба кайҳон барпо гардид, 12 апрел Рӯзи байналмилалии парвози инсон ба кайҳон эълон шуд. Ҳамзамон Ассамблеяи Генералии СММ эътимоди амиқи худро «ба манфиати муштараки инсоният ҷиҳати мусоидат дар омӯзиш ва истифодаи фазои кайҳон, ки мероси тамоми инсоният аст, бо мақсадҳои сулҳомез, васеъ кардани миқёси ин фаъолият ва идома додани талошҳо барои таъмини он ки ҳамаи давлатҳо метавонанд аз имтиёзҳои марбут ба он бархурдор шаванд», эълон кард. Ин қатъномаи СММ мақоми ҷаҳонии умумибашарии ин ҳодисаро эътироф менамояд, ки бо парвози аввалини инсон ба фазои коинот алоқаманд аст. Маҳз аз ин рӯйдоди таърихӣ омӯхтани фаъоли кайҳон оғоз ёфт, ки дар ин ҷода Институти астрофизикаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон корҳои илмӣ-тадқиқотиро самаранок бурда истодааст.
-Имрӯз, ки 60-умин солгарди ин рӯйдод таҷлил мешавад, набояд аҳамияти он ва корнамоии Юрий Гагаринро фаромӯш кард. Ҳаёти моро дигар бе алоқаи мобилӣ, Интернет, телевизион ва радио, натиҷаҳои аз масофаи дур санҷидани Замин, воситаҳои ҷойгиршавӣ ва чизҳои дигар тасаввур кардан ғайриимкон аст. Имрӯз натиҷаи тадқиқоти муваффақонаи кайҳон, тасдиқи шумораи зиёди илмии кашфиёт, таҳияҳо, таҷрибаҳо, пешгӯиҳо ва ҳисобҳои назариявӣ далели ин гуфтаҳоянд,-афзуд Гулчеҳра Қоҳирова.
София ШОИК,
АМИТ «Ховар»
АКСҲО аз манбаъҳои боз








ПУРСИДЕД, ҶАВОБ МЕДИҲЕМ. Аз соли 2027 шаҳрвандони хориҷӣ дар Федератсияи Русия кадом талаботи навро бояд риоя намоянд?
Оид ба нақши Пешвои миллат дар таҳкими истиқлолият ва рушди Тоҷикистони соҳибистиқлол ҳамоиш доир шуд
Муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ ба соли нави таҳсил омода мебошанд
ОГОҲӢ! Аз 29 то 31 август дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани селҳои маҳаллӣ пешгӯӣ мешавад
Самаранокии идоракунии молиявӣ бо намояндагони лоиҳаи Иттиҳоди Аврупо дар Тоҷикистон баррасӣ шуд
ИСТИҚЛОЛИЯТ, ҶАВОНӢ ВА СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе Форуми ҷумҳуриявии ҷавонон баргузор гардид
Байни муассисаҳои соҳаи тандурустии Тоҷикистону Қазоқистон се Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Дар шаҳри Левакант муассисаи давлатии таҳсилоти томактабӣ ба истифода дода шуд
ДАР ПАЙРАВӢ БА ИҚДОМИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ. Ба 40 нафар ятими кулли шаҳри Ҳисор либоси мактабӣ тақдим гардид
Дар доираи сафари кории Президенти Тоҷикистон дар ноҳияи Хуросон иншооти гуногун ба истифода дода шуданд
Ҳамкории муассисаҳои илмӣ-таҳқиқотии Тоҷикистон ва Туркманистон густариш меёбад
Дар ноҳияи Ёвон иншооти таъйиноти гуногун ба истифода дода шуданд






