ҶАБҲАИ БУЗУРГИ СОЗАНДАГӢ ДАР ШАҲРУ ДЕҲОТИ ТОҶИКИСТОН. Бародарон Абдураҳимзодаҳо қариб 2 километр роҳи деҳаи Элоки Файзободро мумфарш карданд

Апрель 20, 2021 09:44

ДУШАНБЕ, 20.04.2021 /АМИТ «Ховар»/. Ба истиқболи  ҷашни 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон  аз ҷониби   сархатиби ноҳияи  Файзобод Муҳаммадносир Абдураҳимзода ҳамроҳ бо бародарону падараш ба маблағи  670 ҳазор сомонӣ қариб  2 километр роҳи деҳаи Элоки Ҷамоати деҳоти Қалъаи дашти ноҳия мумфарш карда шуд. Инчунин бо маблағи 150 ҳазор сомонӣ кӯчаҳои ҷамоат чароғон карда шуданд, ки айни замон  мушкилоти сокинони ин деҳа  бартараф шуда, мардум аз он истифода менамоянд.

Муҳаммадносир Абдураҳимзода ба хабарнигори минтақавии АМИТ «Ховар» Субҳониддини Маҳмуд иброз дошт, ки «мо соли гузашта ба ифтихори ҷашни 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон  ва зери сиёсати  хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар деҳаи Сари чашмаи  ноҳияи Файзобод ба модари чоргоникҳо  Шаҳодат Нуралиева хонаи истиқоматии иборат аз панҷ ҳуҷра  бо тамоми лавозимоти зарурӣ    ҳадя намудем. Ҳамчунин  барои бунёди ошхонаи  лагери «Дурахшон» қариб 30 метри кубӣ тахта кумак намудем.  Ҳамзамон дар якҷоягӣ бо имомхатибони дигар дар маркази ноҳия хонаи маъюбон сохта, ба истифода додем,  ки айни замон  ин қишри осебпазир аз он истифода мебаранд».

Бояд гуфт, ки деҳаи Элок  калонтарин деҳаи ноҳияи Файзобод ба ҳисоб рафта, аз ду қисмат иборат мебошад. Барои пайваст намудани Элоки калон бо Элоки поён  Муҳаммадносир Абдураҳимзода бо дарозии 12 метр ва паҳноии 4 метр пуле ба истифода дод, ки имрӯзҳо хонандагони муассисаи таълимию сокинони деҳа аз он самаранок истифода мебаранд.

Бародарони саховатманд ният доранд, ки осорхонаи шоири ширинкалом Усмон Шарифзода ва як муассисаи томактабиро  дар деҳаи Элоки ноҳияи Файзобод сохта, мавриди баҳрабардорӣ қарор диҳанд.

Апрель 20, 2021 09:44

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҳамкории саноатӣ ва сармоягузории Тоҷикистону Қазоқистон густариш меёбад
Оид ба тақвияти ҳамкории Тоҷикистон ва Қазоқистон дар соҳаи геология Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расид
Густариши ҳамкории Тоҷикистон ва Чин дар соҳаи меъморию сохтмон баррасӣ гардид
Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон Харитаи роҳ оид ба тақвияти минбаъдаи ҳамкорӣ дар соҳаи кишоварзӣ ба имзо расид
Дар Мамнуъгоҳи давлатии «Зоркӯл» камераҳои аксбардории худкор насб карда шуданд
Дар ноҳияи Данғара татбиқи технологияҳои инноватсионии парвариши зироат дар заминҳои лалмӣ баррасӣ гардид
Дар Душанбе картошкаи калонтарин ба намоиш-фурӯш гузошта шуд
Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон Созишномаи қолабӣ оид ба ҳамкорӣ дар самти таҳвили маҳсулоти нафтӣ ба имзо расид
Ҳайати Тоҷикистон дар Конфронси ваколатдори Иттиҳоди байналмилалии телекоммуникатсия иштирок дорад
Дар Душанбе форум ва конфронси байналмилалии зиддикоррупсионӣ доир мегарданд
Ҳаҷми умумии қарзҳои додашуда дар Тоҷикистон 25,5 фоиз зиёд гардидааст
Ширкатҳои Тоҷикистон ҳамкориро бо соҳибкорони Ҷопон таҳким мебахшанд