ҶАБҲАИ БУЗУРГИ СОЗАНДАГӢ ДАР ШАҲРУ ДЕҲОТИ ТОҶИКИСТОН. Беш аз 6 км роҳҳои кӯчаи Неъмат Қарабоев ва маҳаллаи Шарқи Ҳисор таъмиру таҷдид мегарданд
ДУШАНБЕ, 05.04.2021 /АМИТ «Ховар»/. Дар доираи корҳои ободониву созандагӣ ба ифтихори 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Ҳисор «Соли роҳҳои обод» эълон гардидааст. Дар робита ба он аз ҷониби Муассисаи давлатии нигаҳдории роҳҳои мошингарди шаҳр дар роҳҳои кӯчаҳои Неъмат Қарабоев ва маҳаллаи Шарқи Ҷамоати шаҳраки Ҳисор корҳои таъмиру мумфаршкунӣ оғоз гардиданд.
Тавре аз мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ҳисор ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, Раиси шаҳр Шарифҷон Ҷумъазода ба маҳаллаи Шарқ омада, пеш аз оғози мумфаршкунӣ ба роҳсозон дастур дод, ки ба сифати таъмир аҳамияти бештар диҳанд. Мумфаршкунии роҳ аз ҳисоби маблағҳои буҷети маҳаллӣ роҳандозӣ гардида, масофаи беш аз 600 метрро дар бар мегирад. Дар робита ба
ин иқдом ба ҷӯйҳои обпартои ду канори роҳ новаҳои сементӣ хобонда мешаванд, ки кафолати истифодаи роҳро бештару беҳтар месозад. Шаҳрдорӣ ва кормандони Муассисаи ободонӣ ва кабудизоркунии шаҳр тасмим гирифтаанд, ки канорҳои роҳро чароғон ва барои пиёдагардон роҳрави бехатар бунёд намуда, атрофи онро бо гулу буттаҳои ҳамешасабз оро диҳанд.
Ҳамчунин ба соҳибони хонаҳои истиқоматӣ ва дӯконҳое, ки дар шафати роҳ ҷойгиранд, дастур дода шуд, ки дару девор, роҳраву даромадгоҳҳои назди биноҳояшонро таъмир карда, ба тартиб оранд ва тозаю озода нигоҳ дошта, дар корҳои ободонии Ватан саҳм гузоранд.
Аксҳо аз мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ҳисор










Дар Вашингтон бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши тантанавӣ баргузор гардид
Дар Душанбе бо ҳамватанони бурунмарзӣ вохӯрӣ доир шуд
РУШДИ СОҲАИ КИШОВАРЗӢ ДАР ТОҶИКОБОД. Истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ дар солҳои соҳибистиқлолӣ беш аз 27 маротиба афзоиш ёфт
Кормандони Бонки миллии Тоҷикистон ҷашни Истиқлоли давлатиро бошукуҳ таҷлил намуданд
ПЕШВОИ САОДАТОФАР ВА МИЛЛАТИ САОДАТМАНД. Мулоҳизаҳо оид ба 35-солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон
Дар Ҳисор маркази забономӯзӣ, муассисаҳои таълимӣ ва нуқтаҳои тиббию дандонпизишкӣ ба истифода дода шуданд
Эмомалӣ Раҳмон: «Даромади буҷети давлатӣ дар солҳои соҳибистиқлолӣ беш аз 250 баробар зиёд гардид»
35 СОЛИ ИСТИҚЛОЛ. Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба талаботи асри технология мутобиқ гардидааст
Дар Токио 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро таҷлил намуданд
Бахшида ба 35-солагии Истиқлолияти давлатӣ дар Федератсияи Русия барномаи фарҳангӣ баргузор гардид
НАҚШИ БОРИЗИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ ДАР ЭЪМОРИ ДАВЛАТДОРИИ НАВИНИ ТОҶИКОН. Андешаҳо дар ин маврид
Соли 2026 дар вилояти Хатлон беш аз 200 муассисаи таълимӣ ба истифода дода мешавад






