ҶАБҲАИ БУЗУРГИ СОЗАНДАГӢ ДАР ШАҲРУ ДЕҲОТИ ТОҶИКИСТОН. Беш аз 6 км роҳҳои кӯчаи Неъмат Қарабоев ва маҳаллаи Шарқи Ҳисор таъмиру таҷдид мегарданд

Апрель 5, 2021 09:24

ДУШАНБЕ, 05.04.2021 /АМИТ «Ховар»/. Дар доираи корҳои ободониву созандагӣ ба ифтихори 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Ҳисор «Соли роҳҳои обод» эълон гардидааст. Дар робита ба он аз ҷониби  Муассисаи давлатии нигаҳдории роҳҳои мошингарди шаҳр дар роҳҳои кӯчаҳои Неъмат Қарабоев ва маҳаллаи Шарқи Ҷамоати шаҳраки Ҳисор  корҳои таъмиру мумфаршкунӣ оғоз гардиданд.

Тавре аз мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ҳисор ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, Раиси шаҳр  Шарифҷон Ҷумъазода ба маҳаллаи Шарқ омада, пеш аз оғози мумфаршкунӣ ба роҳсозон дастур дод, ки ба сифати таъмир аҳамияти бештар диҳанд. Мумфаршкунии роҳ аз ҳисоби маблағҳои буҷети маҳаллӣ роҳандозӣ гардида, масофаи беш аз 600 метрро дар бар мегирад. Дар робита ба

ин иқдом ба ҷӯйҳои обпартои ду канори роҳ новаҳои сементӣ хобонда мешаванд, ки кафолати истифодаи роҳро бештару беҳтар месозад. Шаҳрдорӣ ва кормандони Муассисаи ободонӣ ва кабудизоркунии шаҳр тасмим гирифтаанд, ки канорҳои роҳро чароғон ва барои пиёдагардон роҳрави бехатар бунёд намуда, атрофи онро бо гулу буттаҳои ҳамешасабз оро диҳанд.

Ҳамчунин ба соҳибони хонаҳои истиқоматӣ ва дӯконҳое, ки дар шафати роҳ ҷойгиранд, дастур дода шуд, ки дару девор, роҳраву даромадгоҳҳои назди биноҳояшонро таъмир карда, ба тартиб оранд ва тозаю озода нигоҳ дошта, дар корҳои ободонии Ватан саҳм гузоранд.

Аксҳо аз мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ҳисор

 

Апрель 5, 2021 09:24

Хабарҳои дигари ин бахш

ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТИИ ТОҶИКИСТОН-ЗАМИНАИ ҲИФЗУ ГУСТАРИШИ АРЗИШҲОИ МИЛЛӢ. Дар ҳошияи фармони Президенти Тоҷикистон «Дар бораи ҷашн гирифтани 40-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон»
Дар назди чор муассисаи таълимии шаҳри Ҳисор биноҳои иловагӣ сохта мешаванд
«БАРНОМАИ ДАВЛАТИИ РУШДИ МУАССИСАҲОИ СОҲАИ МАОРИФИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН». Дар доираи он бунёди 165 иншоот ба нақша гирифта шудааст
Хобгоҳи Коллеҷи омӯзгории шаҳри Ҳисор баъд аз навсозӣ ба истифода дода шуд
Корҳои омодагӣ ба ҷашни 40-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз гардиданд
Дар ноҳияи Деваштич иншооти гуногуни иҷтимоӣ ба истифода дода шуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба таври фосилавӣ як қатор иншооти таъиноти гуногунро дар вилояти Суғд мавриди истифода қарор доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хуҷанд тарабхонаи «Форел Платинум»-ро мавриди истифода қарор доданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар минтақаи озоди иқтисодии Суғд корхонаи нӯшокиҳои ташнагишикани ҶДММ «Райан»-ро ба истифода доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Деваштич муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №70-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Деваштич корхонаи коркарди меваю сабзавот ва истеҳсоли афшураи ҶДММ «Витаминҳои Тоҷикистон»-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба таври фосилавӣ дар шаҳри Истаравшан 12 иншоотро мавриди истифода қарор доданд