ҶАБҲАИ БУЗУРГИ СОЗАНДАГӢ ДАР ШАҲРУ ДЕҲОТИ ТОҶИКИСТОН. ҶДММ «Панҷрӯд Панҷ» ба парвариши 22 ҳазор сар «Хайсес ҳувайт» машғул аст
ДУШАНБЕ, 19.04.2021 /АМИТ «Ховар»/. Дар деҳаи Қумсойи Ҷамоати деҳоти «Намуна»-и ноҳияи Панҷ ҶДММ «Панҷрӯд Панҷ» ба парвариши мурғ ва истеҳсоли тухм машғул буда, ҳар рӯз дар корхона ба ҳисоби миёна 18-19 ҳазор дона тухми мурғ истеҳсол мегардад.
Тавре аз шуъбаи иттилоотию таҳлилии дастгоҳи раиси вилояти Хатлон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, Раиси вилоят Қурбон Ҳакимзода 17 апрел зимни сафари корӣ ба ноҳияи Панҷ аз фаъолияти ҶДММ «Панҷрӯд Панҷ», ки ба парвариши мурғ ва истеҳсоли тухм машғул аст, дидан намуд.
Ба гуфти роҳбари корхона Ҷамолиддин Зоҳидов, дар корхона 22 ҳазор сар парандаи навъи «Хайсес ҳувайт» парвариш меёбанд. Маҳсулоти корхона дар бозорҳои навоҳии Панҷ, Ҷайҳун, Ҷалолиддини Балхӣ ва шаҳри Бохтар ба фурӯш гузошта мешаванд.
Раиси вилоят Қурбон Ҳакимзода ба масъулин тавсия дод, ки саршумори парандаро то 100 ҳазор сар афзоиш диҳанд, инчунин хуррамгардонии атрофи корхона ва системаи вентилятсионӣ дар дохили парваришгоҳ ба роҳ монда шавад.
Дар доираи сафари худ раиси вилоят аз корхонаи истеҳсоли нон ва маҳсулоти қаннодӣ дидан намуд.
Корхонаи мазкур дар деҳаи Урта-булоқи Ҷамоати деҳоти «Меҳвар» воқеъ буда, дар партави дастуру ҳидоятҳои арзишманди Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати вусъат бахшидан ба корҳои ободонӣ ба ифтихори ҷашни 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун иншооти ҷашнӣ бунёд гардидааст.
Бино аз 1 ошёна ва аз 6 ҳуҷраи корӣ иборат буда, барои 15 нафар шароити хуби корӣ муҳайё гардидааст.
Сохтмони корхонаи мазкур соли 2020 бо ташаббуси соҳибкори ватанӣ Ҷамшед Соҳибов ва Созмони ҷаҳонии озуқаворӣ оғоз гардида, соли равон ба истифода дода шудааст.
Соҳибкор Ҷамшед Соҳибов бо ҷалби сармояи хориҷӣ (Россия) ва сарфи 1,1 миллион сомонӣ бунёди корхонаро ба анҷом расонидааст.
Корхона алҳол дар як шабонарӯз 1100 адад нон (хлеб) истеҳсол мекунад.
Ҳамчунин дар ноҳияи Панҷ ба ифтихори ҷашни 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бинои маъмурии Кумитаи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ба истифода дода мешавад.
Бино аз 2 ошёна ва 7 утоқи корӣ иборат мебошад.
АКСҲО: Шуъбаи иттилоотию таҳлилии дастгоҳи раиси вилояти Хатлон












Пахтакорони пешсафи ноҳияи Дӯстӣ қадрдонӣ карда шуданд
Дар ноҳияи Спитамен ба зимистонгузаронӣ ва таъмини фаъолияти устувори шабакаҳои барқӣ омодагӣ мебинанд
Ҳамкории саноатӣ ва сармоягузории Тоҷикистону Қазоқистон густариш меёбад
Оид ба тақвияти ҳамкории Тоҷикистон ва Қазоқистон дар соҳаи геология Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расид
Густариши ҳамкории Тоҷикистон ва Чин дар соҳаи меъморию сохтмон баррасӣ гардид
Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон Харитаи роҳ оид ба тақвияти минбаъдаи ҳамкорӣ дар соҳаи кишоварзӣ ба имзо расид
Дар Мамнуъгоҳи давлатии «Зоркӯл» камераҳои аксбардории худкор насб карда шуданд
Дар ноҳияи Данғара татбиқи технологияҳои инноватсионии парвариши зироат дар заминҳои лалмӣ баррасӣ гардид
Дар Душанбе картошкаи калонтарин ба намоиш-фурӯш гузошта шуд
Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон Созишномаи қолабӣ оид ба ҳамкорӣ дар самти таҳвили маҳсулоти нафтӣ ба имзо расид
Ҳайати Тоҷикистон дар Конфронси ваколатдори Иттиҳоди байналмилалии телекоммуникатсия иштирок дорад
Дар Душанбе форум ва конфронси байналмилалии зиддикоррупсионӣ доир мегарданд






