«Агар кор ҳамин тавр идома ёбад, ҳар суруди дуюмро манъ кардан мумкин аст»: Кортнев Манижаро тарафдорӣ кард

Апрель 12, 2021 11:25

ДУШАНБЕ, 12.04.2021 /АМИТ «Ховар»/. Навозандаи рус Алексей Кортнев овозхон Манижаро, ки Россияро дар Евровидение – 2021 муаррифӣ хоҳад кард, тарафдорӣ намуд, менависад Sputnik.

Алексей Кортнев баъзе вакилони Думаи давлатиро барои кӯшиши расонидани таъсир ба интихоби мардумии номзад ба «Евровидение» танқид кард.

«Агар дар суруд кӯшиш ва ҷустуҷӯ намоӣ — дар ҳар як суруд! — , ки ягон ишора ба воқеъият пайдо кунӣ, пас ба ин тартиб  ҳар суруди дуввумро метавон манъ намуд”, — изҳор дошт Кортнев дар мусоҳиба бо Sobesednik.ru.

Дар ҳамин ҳол, тавре ки натиҷаи таҳқиқоти «Маркази Левада» гувоҳӣ медиҳад, нисфи русҳо нисбат ба ин ки дар озмуни байналмилалии мусиқии «Евровидение»  Россияро овозхони тоҷиктабор Манижа намояндагӣ мекунад, бетафовут будаанд.

Дар айни ҳол, 13% -и русҳо иштироки сарояндаи тоҷикро дар «Евровидение» мусбат арзёбӣ кардаанд.

Мутобиқи натиҷаҳои пурсиши россиягиҳо ва хулосаҳои ҷомеашиносон, танҳо 18% пурсидашудагон дар ин бора назари манфӣ доранд.

Ба гуфтаи Кортнев, Манижа мавзӯи хушунати хонаводагӣ ва дар маҷмӯъ нобаробарии ҷинсиро ба миён гузоштааст. Вай зикр кард, ки чунин ҳодисаҳоро дар Россияро наметавон инкор кард ва барои ҳамин овозхонро дар ин масъала тарафдорӣ мекунад.

Ёдовар мешавем, ки қаблан «Иттиҳоди занони православӣ» -и Россия аз КТ ФР хоҳиш кардааст, ки суруди Манижа Сангин «Зани рус» -ро дар масъалаи  нақзи қонунгузорӣ баррасӣ кунад.

Мувофиқи суханони ходимони ҷамъиятӣ, суруди «Зани рус», ки ба Евровидение — 2021 пешниҳод шудааст, дорои ифодаҳои таҳқиромез нисбат ба зани рус мебошад.

Манижа дар Евровидение — 2021

Озмуни сурудҳои Евровидение — 2021 18-22 май дар Ahoy Arena -и Роттердам, Нидерланд баргузор мешавад. Дар он сарояндагон аз 41 давлат ширкат меварзанд.

Россияро дар Евровидение — 2021 зодаи Тоҷикистон Манижа муаррифӣ мекунад. Дар озмун сароянда композитсияи «Зани рус» -ро иҷро мекунад. Тамошобинони Шабакаи аввал ҳангоми интихоби миллӣ ба ҷонибдории суруд ва ҳунарманд овоз доданд.

Суруди «Зани рус» вокуниши васеи ҷамъиятӣ ба бор овард. Мавҷи интиқодҳои шадид ба сари Манижа сарозер шуд, аз ҷумла аз ҷониби вакилони Думаи давлатӣ низ. Онҳо изҳор мекунанд, ки матни суруд арзишҳои «зиддируссиягиро» -ро таблиғ мекунад.

Илова бар ин, Кумитаи тафтишот низ ба суруд диққати ҷиддӣ зоҳир кардааст. Ҳоло матни сурудро «барои таҳқири дағалона ва резонидани обрӯи  инсонии занони рус» тафтиш мекунанд.

                                                        АКС аз манбаъҳои озод

Апрель 12, 2021 11:25

Хабарҳои дигари ин бахш

Китоби «Сотим Улуғзода дар шинохти Пешвои миллат» ба нашр расид
Бахшида ба фаъолияти Президенти Тоҷикистон китоби нав рӯнамоӣ гардид
Шералӣ Хоҷазода: «Маърифати ҳуқуқӣ омили муҳими ҳифзи мероси таърихию фарҳангӣ мебошад»
Доир ба саҳми Эмомалӣ Раҳмон дар татбиқи стратегияи рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон китоби нав рӯнамоӣ гардид
Таҳти унвони «Президент — шаҳсутуни истиқлол ва давлатдории миллӣ» конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд
Ҷилди сеюми китоби «Абармарди таърихсоз»-и академик Фарҳод Раҳимӣ ба нашр расид
Ҳамкории Тоҷикистон ва Қазоқистон дар соҳаи ҳифзи мероси фарҳангӣ ва хаттӣ густариш меёбад
Дар ёдгории таърихии Қалъаи «Золи Зар»-и ноҳияи Данғара корҳои сохтмонӣ оғоз гардиданд
Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон дар самти рушди соҳаи китобдорӣ Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расид
Намоиши «Достони Сиёвуш» дар Москва ба саҳна гузошта шуд
Намоишномаи мазҳакавии таҳти унвони «Хоҳ биёӣ, хоҳ наё» дар Москва ба саҳна гузошта шуд
Ҳайти эҷодии Тоҷикистон дар Фестивали V байналмилалии театрӣ дар Ашқобод ҳунари миллии театриро муаррифӣ намуд