Агентии авиатсияи гражданӣ ширкатҳои ҳавопаймоии «СомонЭйр» ва «UTair»-ро ҳушдор дод, ки нархи чиптаро беасос боло набаранд
ДУШАНБЕ, 05.04.2021 /АМИТ «Ховар»/. Агентии авиатсияи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз болоравии нархи беасоси чиптаи ҳавопаймоҳо дар хатсайри Душанбе-Москва-Душанбе ҷилавгирӣ намуда, дар ин самт дар ҳамкорӣ бо дигар мақомоти марбута назорати қатъӣ ба роҳ мемонад. Чунин гуфт Директори Агентии авиатсияи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Икром Субҳонзода.
Ин дар ҳолест, ки имрӯз дар Душанбе бо иштироки роҳбарияти Агентии авиатсияи граждании назди Ҳукумати ҷумҳурӣ, намояндагони Прокуратураи нақлиёти Тоҷикистон, Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ширкати ҳавопаймоии «Сомон Эйр», намояндагии ширкати ҳавопаймоии Федератсия Россия дар кишварамон «UTair» ва Агентии алоқаи ҳавоӣ оид ба назорати қатъии болоравии нархи беасоси чипта ҷаласаи фаврӣ баргузор гардид.
Дар ҷаласаи фаврӣ Икром Субҳонзода аз роҳбарону намояндагони ширкатҳо ва нуқтаҳои фурӯши чиптаи ҳавопаймо дархост кард, ки чиптаҳоро аз нархҳои муайянкардашуда гаронтар нафурӯшанд. Тибқи протоколи ҷаласа аз 26 марти соли равон ва дар мувофиқа бо ширкатҳои ҳавопаймоии «Сомон Эйр» ва «UTair» нархи рафтуомади чиптаи ҳавопаймо дар масири Душанбе-Москва-Душанбе то 500 доллари амрикоӣ муқаррар гардида буд. Ширкатҳои ҳавопаймоии «Сомон Эйр» ва «UTair» нархи чиптаи ҳавопаймоиро бо назардошти талабот дар хатсайри Душанбе-Москва на зиёда аз 350 доллари амрикоӣ ва дар хатсайри Москва-Душанбе 150 доллари амрикоӣ муқаррар намуданд.
Мутаассифона, аз хабарҳои дар сомонаҳо ва шабакаҳои иҷтимоӣ нашршуда маълум гардид, ки муқаррароти протоколи болозикр аз ҷониби ширкатҳои «Сомон Эйр» ва «UTair» ва агентиҳои чиптафурӯшӣ риоя нагардида истодаанд. Аз ин рӯ, дар ҷаласаи фаврӣ аз ширкатҳои ҳавопаймоии «Сомон Эйр» ва намояндагии ширкати ҳавопаймоии Федератсияи Россия дар кишварамон «UTair» қатъиян ва ҷиддӣ талаб карда шуд, ки бо агентиҳои чиптафурӯшӣ ҷаласа баргузор намуда, фурӯши чиптаҳои ҳавопаймоӣ бо нархи мувофиқашудаи муқарраргардида амалӣ карда шуда, ба болоравии беасоси нархи чиптаи ҳавопаймо роҳ надиҳанд ва нархи чиптаро дар доираи арзиши аслӣ танзим намоянд.
Дар сурати риоя нагардидани талаботи муқарраргардида барои андешидани тадбирҳои қатъӣ аз ҷониби Агентии авиатсияи граждании назди Ҳукумати ҷумҳурӣ ба сохторҳои марбута дархост ирсол карда мешавад.
Акси аввал аз манбаъҳои боз








Тоҷикистон бо қабули қонунҳои миллӣ барои давлатҳои Осиёи Марказӣ намуна мебошад
НАҚШИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ ДАР ТАҲКИМИ ҲОКИМИЯТИ СУДӢ. Андешаҳо дар ин маврид
Кормандони соҳаи телевизион ва радио бо мукофотҳои давлатӣ сарфароз гардонида шуданд
Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон кормандони соҳаҳои гуногун бо мукофотҳои давлатӣ қадрдонӣ шуданд
Соли 2026 дар Федератсияи Русия барои бо ҷойи кор таъмин намудани шаҳрвандони Тоҷикистон беш аз 40 вохӯрӣ доир шуд
Доир ба саҳми барандагони Ҷоизаи Исмоили Сомонӣ дар рушди Тоҷикистони муосир конференсия баргузор шуд
Пешвои миллат: «Вилояти Хатлон дар таърихи давлатдории тоҷикон ҷойгоҳи махсус дорад»
ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТИИ ТОҶИКИСТОН ТО АБАД УСТУВОРУ ПОЯНДА БОШАД! Тавсифҳои истиқлолият аз суханҳои пурарзиши Президенти Тоҷикистон
«РУШДИ ҲУҚУҚИ ИНСОН ДАР 35 СОЛИ СОҲИБИСТИҚЛОЛИИ ТОҶИКИСТОН». Таҳти ин унвон конференсияи байналмилалӣ доир шуд
Дар солҳои соҳибистиқлолии Тоҷикистон андозаи нафақаҳо беш аз 20 маротиба индексатсия карда шуд
35 СОЛИ ИСТИҚЛОЛ: АЗ ОЗМОИШҲОИ ТАЪРИХ ТО БУНЁДИ ПОЯҲОИ ОЯНДАИ ДУРАХШОН. Андешаҳо дар ин маврид
Аз 1 сентябр маоши вазифавии кормандони соҳаҳои маориф, илм, фарҳанг, варзиш, тандурустӣ ва муассисаҳои соҳаи ҳифзи иҷтимоӣ зиёд карда мешавад






