Агентии авиатсияи гражданӣ ширкатҳои ҳавопаймоии «СомонЭйр» ва «UTair»-ро ҳушдор дод, ки нархи чиптаро беасос боло набаранд

Апрель 5, 2021 14:00

ДУШАНБЕ, 05.04.2021 /АМИТ «Ховар»/. Агентии авиатсияи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз болоравии нархи беасоси чиптаи ҳавопаймоҳо дар хатсайри Душанбе-Москва-Душанбе ҷилавгирӣ намуда, дар ин самт дар ҳамкорӣ бо дигар мақомоти марбута назорати қатъӣ ба роҳ мемонад. Чунин гуфт Директори Агентии авиатсияи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Икром Субҳонзода.

Ин дар ҳолест, ки имрӯз дар Душанбе бо иштироки роҳбарияти Агентии авиатсияи граждании назди Ҳукумати ҷумҳурӣ,  намояндагони Прокуратураи нақлиёти Тоҷикистон, Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ширкати ҳавопаймоии «Сомон Эйр», намояндагии ширкати ҳавопаймоии Федератсия Россия дар кишварамон «UTair» ва Агентии алоқаи ҳавоӣ оид ба назорати қатъии болоравии нархи беасоси чипта ҷаласаи фаврӣ баргузор гардид.

Дар ҷаласаи фаврӣ Икром Субҳонзода  аз роҳбарону намояндагони ширкатҳо ва нуқтаҳои фурӯши чиптаи ҳавопаймо дархост кард, ки чиптаҳоро аз нархҳои муайянкардашуда гаронтар нафурӯшанд. Тибқи протоколи ҷаласа аз 26 марти соли равон ва дар мувофиқа бо ширкатҳои ҳавопаймоии «Сомон Эйр» ва «UTair» нархи рафтуомади чиптаи ҳавопаймо дар масири   Душанбе-Москва-Душанбе то 500 доллари амрикоӣ муқаррар гардида буд. Ширкатҳои ҳавопаймоии «Сомон Эйр» ва «UTair»  нархи чиптаи ҳавопаймоиро бо назардошти талабот дар хатсайри Душанбе-Москва на зиёда аз 350 доллари амрикоӣ ва дар хатсайри Москва-Душанбе 150 доллари амрикоӣ муқаррар намуданд.

Мутаассифона, аз хабарҳои дар сомонаҳо ва шабакаҳои иҷтимоӣ нашршуда маълум гардид, ки муқаррароти протоколи болозикр аз ҷониби ширкатҳои «Сомон Эйр» ва «UTair»  ва агентиҳои чиптафурӯшӣ риоя нагардида истодаанд. Аз ин рӯ, дар ҷаласаи фаврӣ аз ширкатҳои ҳавопаймоии «Сомон Эйр» ва намояндагии ширкати ҳавопаймоии Федератсияи Россия дар кишварамон «UTair» қатъиян ва ҷиддӣ талаб карда шуд, ки  бо агентиҳои чиптафурӯшӣ ҷаласа баргузор намуда, фурӯши чиптаҳои ҳавопаймоӣ бо нархи мувофиқашудаи муқарраргардида амалӣ карда шуда, ба болоравии беасоси нархи чиптаи ҳавопаймо роҳ надиҳанд ва нархи чиптаро дар доираи арзиши аслӣ танзим намоянд.

Дар сурати риоя нагардидани талаботи муқарраргардида барои андешидани тадбирҳои қатъӣ аз ҷониби Агентии авиатсияи граждании назди Ҳукумати ҷумҳурӣ ба сохторҳои марбута дархост ирсол карда мешавад.

Акси аввал аз манбаъҳои боз

Апрель 5, 2021 14:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Бахшида ба Рӯзи Президенти Тоҷикистон таҳти унвони «Тамаддуни ориёӣ» озмуни ҷумҳуриявӣ доир мешавад
Рустами Эмомалӣ ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонун «Дар бораи маҳдуд намудани истифодаи маҳсулоти тамоку»-ро ҷонибдорӣ намуданд
Дар нуҳ моҳи соли равон 86 муассисаи КАТС ба истифода дода шуд
Байни Иттифоқи журналистони Тоҷикистон ва Ассосиатсияи Умумичинии журналистон Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар Панҷакент Форуми ҷумҳуриявӣ ва даври ҷамъбастии озмуни «Беҳтарин оилаи ҳунарманд» доир шуд
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Тарбуз, харбуза ва каду дар таркиби худ витамини C ва А бештар доранд
Масъалаи дастрасии аҳолии минтақаҳои дурдаст ба кумаки аввалияи тиббию санитарӣ баррасӣ шуд
Неругоҳҳои барқи обии «Норак» ва «Бойғозӣ» барои гузаронидани мавсими сармо омода мебошанд
Дар Душанбе нахустин Анҷумани саратоншиносон ва радиологҳои Тоҷикистон доир шуд
Тоҷикистон то имрӯз ба 11 конвенсияи байналмилалии муҳитизистӣ ҳамроҳ шудааст
Дар Душанбе иди бостонӣ ва миллии мо-Меҳргон бо шаҳомати хосса доир мегардад
Намояндагони Суди Олии Тоҷикистон дар Форуми байналмилалии судяҳо оид ба моликияти зеҳнӣ иштирок намуданд