Ҳайати Беларус аз Маркази техникаи беларусии «Агротехсервис» ва боғҳои гелоси шаҳри Ҳисор боздид намуд

Апрель 7, 2021 09:41

ДУШАНБЕ, 07.04.2021 /АМИТ «Ховар»/. Ҳайати Ҷумҳурии Беларус таҳти роҳбарии Вазири кишоварзӣ ва озуқавории ин кишвар Ботко Иван Иванович, муовини Вазири саноати Ҷумҳурии Беларус ва иштирокчиёни форуми соҳибкории Тоҷикистону Беларус ва Афғонистон ба шаҳри Ҳисор ташриф оварда, бо фаъолияти Маркази техникаи беларусии «Агротехсервис» шинос гардиданд.

Аз Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ҳисор ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, ки Маркази техникаи беларусии «Агротехсервис» дар шарикӣ бо заводи тракторбарории Беларус — МТЗ дар шаҳри Ҳисор бунёд гардида, трактор ва таҷҳизоту механизмҳои кишоварзӣ истеҳсол менамояд.

Роҳбари Маркази техникаи беларусии «Агротехсервис» меҳмононро бо дастгоҳу таҷҳизоти коргоҳҳои корхона шинос намуда, аз муваффақият ва фаъолияти мутахассисоне, ки дар кишвари Беларус таҷриба омӯхтаанд, изҳори қаноатмандӣ кард. Инчунин бо итминон изҳор дошт, ки дар доираи ҳамкории минбаъдаи судманд истеҳсоли техника ва мошинолоти кишоварзии истеҳсоли худиро афзун менамоянд. Ин иқдом дар баробари он ки ба рушди соҳаи саноат заминаи устувор мегузорад, кори кишоварзонро осон намуда, самаранокии соҳаи кишоварзиро дар ҷумҳурӣ ва кишварҳои ҳамҷавор таъмин менамояд.

Маркази техникаи беларусии «Агротехсервис» дар шаҳри Ҳисор 16 майи соли 2018 бо иштироки Сарони давлатҳои Тоҷикистон ва Беларус ба фаъолият оғоз намуда буд. Давоми бештар аз ду соли фаъолият корхона ба натиҷаҳои назаррас ноил гардида, ҳаҷми истеҳсолро афзун намуд. Маҳсулоти истеҳсолгардида-тракторҳо ва дигар техникаи соҳаи кишоварзӣ ба кишварҳои хориҷӣ, аз ҷумла ба Афғонистон содирот  мегарданд.

Дар идомаи сафар меҳмонон аз боғҳои шаҳри Ҳисор, хусусан боғҳои гелос боздид намуда, бо кори боғдорон, усулу самаранокии парвариши навъҳои гуногуни гелос дар шароити Тоҷикистон шинос гардиданд.

АКСҲО: мақомоти иҷроияи ҳокимияти шаҳри Ҳисор

Апрель 7, 2021 09:41

Хабарҳои дигари ин бахш

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи сиёсати аграрӣ» таҳия гардидааст
КОНСЕПСИЯИ ИҚТИСОДИ РАҚАМӢ. Он санади муҳим дар самти рақамикунонии иқтисодиёти миллии Тоҷикистон аст
Барномаи рушди чарогоҳҳо барои таҳкими иқтисоди Тоҷикистон замина фароҳам меорад
Дар самти шарқии шаҳри Душанбе зеристгоҳи нави барқии 220 кВ сохта мешавад
Дар Душанбе ҳамоиши картошкапарварон ва намоиш-фурӯши картошка баргузор мегардад
Густариши ҳамкории иқтисодию тиҷоратии Тоҷикистону Олмон баррасӣ гардид
Дар Тоҷикистон ҳамоиши картошкапарварон баргузор мешавад
Байни соҳибкорони вилояти Суғд ва Қазоқистон санадҳои нави ҳамкорӣ ба имзо расиданд
Дар Душанбе самтҳои ҳамкорӣ бо ҳайати Палатаи савдои хориҷии Олмон баррасӣ гардид
Дар Остона дурнамои рушди ҳамкории Тоҷикистону Қазоқистон дар соҳаҳои электроэнергетика ва нафту газ баррасӣ гардид
Тоҷикистон дар доираи татбиқи Консепсияи рушди соҳаи ангишт ҳаҷми истихроҷи ангиштро ба 15 миллион тонна мерасонад
Дар Остона Форуми соҳибкории Тоҷикистону Қазоқистон баргузор шуд