Ҷамолиддин Нуралиев: БМТ ба дастгирии минбаъдаи бахши молиявии Тоҷикистон аз ҷониби БАТР эътимод дорад
ДУШАНБЕ, 22.04.2021 /АМИТ «Ховар»/. Бонки миллии Тоҷикистон барои ҳамкории тарафайн ҷиҳати ҷонибдорӣ аз узвият дар «Паймон барои дастрасии молиявӣ» изҳори сипос менамояд ва ба тавсеаи ҳамкории манфиатбахш барои дастгирии минбаъдаи бахши молиявии Тоҷикистон бо Бонки Аврупоии Таҷдид ва Рушд /БАТР/ эътимод дорад.
Чунин гуфт муовини якуми Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Ҷамолиддин Нуралиев дар мулоқот бо мудири минтақавии кор бо институтҳои молиявӣ дар Осиёи Миёна Ҷаҳонгир Шамсиев ва роҳбари Намояндагии БАТР дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Айтен Рустамова.
Бонки миллии Тоҷикистон иттилоъ медиҳад, ки Ҷамолиддин Нуралиев аз ҳамкории самарабахш ва мутақобилан судманди БМТ бо БАТР изҳори қаноатмандӣ намуда, таъкид дошт, ки «БМТ ва БАТР ҳамчун шарики боэътимод дар самти дастгирии низоми бонкии кишвар корҳои зиёдеро баҳри рушди низом роҳандозӣ намуда, густариши ҳамкориро тавассути ҷалби кумакҳои техникӣ, мусоидат ба татбиқи фарҳанги муосири идоракунии корпоративӣ, ҳадафгирии таваррум, ба роҳ мондани ҳамкории муросилотии байнибонкӣ, рушди минбаъдаи бозори суғуртаи кишвар ва табодули таҷриба ба воситаи гузаронидани машғулияти муштарак бо иштироки коршиносони байналмилалӣ дар доираи ҳамкории судманди ҳарду ҷониб муҳим арзёбӣ менамояд».
Роҳбари Намояндагии БАТР дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Айтен Рустамова ва мудири минтақавии кор бо институтҳои молиявӣ дар Осиёи Миёна Ҷаҳонгир Шамсиев барои густариши ҳамкорӣ дар татбиқи лоиҳаҳои иқтисодии Тоҷикистон, пешниҳоди кумакҳои техникӣ дар самтҳои мухталиф, омӯзиш ва такмили ихтисоси кормандони низоми бонкӣ ва ҳамкории дуҷонибаи судманд бо бонкҳои тиҷоратии Тоҷикистон изҳори ҳавасмандӣ намуданд.
Зикр шуд, ки дар доираи ҳамкории шарикии БМТ ва БАТР муваффақона амалӣ гардидани «Барномаи дастгирии маблағгузории тиҷоратӣ», соҳиби сертификати Палатаи савдои байналмилалӣ оид ба тиҷорати байналмилалӣ (GoingGlobal) шудани беш аз 270 нафар кормандони ташкилоти қарзии молиявии Тоҷикистон шаҳодати ҳамкории самарабахши БМТ ва БАТР аст.
Дар мулоқот намояндагони БАТР оид ба барномаи молиявии «Занҳо дар тиҷорат» маълумот манзур намуда, зикр карданд, ки роҳандозии барномаи мазкур имкон медиҳад, ки бонувон бештар ба соҳаи бонкдорӣ, молия ва тиҷорат ҷалб гарданд ва дараҷаи тахассусии онҳо такмил ёбад. Ҷамолиддин Нуралиев бо ҷонибдорӣ аз лоиҳаи мазкур таъкид намуд, ки дар шароити феълӣ дар Тоҷикистон барои баланд бардоштани маърифати молиявии бонувон ва ба ин васила ҷалби бештари онҳо ба низоми бонкиву молия ва тиҷорат корҳои назаррас анҷом дода шуда истодаанд.
Махсусан, дастгирии занҳои соҳибкор, ҷалби бештари бонувон ба низоми бонкию молия ва фароҳам овардани шароит ҷиҳати рушди касбии онҳо дар мадди назари Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки миллии Тоҷикистон қарор дорад. Имрӯз дар Тоҷикистон бонувон дар вазифаҳои пурмасъули раиси раёсат, муовини раис, сардорони идораву шуъбаҳои ташкилоти қарзии молиявӣ самаранок фаъолият доранд, ки бозгӯи фароҳам будани шароити муносиб барои онҳо ҷиҳати рушди фаъолияти онҳо мебошад.
АКСҲО: Бонки миллии Тоҷикистон










ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Муассисаҳои тандурустии вилояти Суғд ба мавсими сармо омода мебошанд
Дар доираи TAJ-TECH 2026 дар Душанбе Форуми стартапҳои давлатҳои аъзои СҲШ доир шуд
Боғпарварони ноҳияи Лахш имсол ҳосили фаровони мева мерӯёнанд
Энергетикҳои тоҷик дар Латвия оид ба рақамикунонии соҳаи энергетика табодули таҷриба намуданд
«Шоҳин Эйрлайнз» нахустин ҳавопаймои худ — L-410 NG-ро муаррифӣ намуд
Ҳаҷми гардиши савдои хориҷии Тоҷикистону Русия дар ҳашт моҳ ба 1 миллиарду 676,5 миллион доллар расид
ҚУРБИ АСЪОР: 1 доллари ИМА аз 9.1600 то 9.2331 сомонӣ муқаррар шудааст
Тоҷикистон ва Қатар ҳамкорӣ дар самти сармоягузориро тақвият медиҳанд
Ҷаласаи навбатии Комиссияи байниҳукуматии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи Русия баргузор гардид
Густариши ҳамкории Тоҷикистон ва Узбекистон дар соҳаи инноватсия ва технологияҳои рақамӣ баррасӣ шуд
Ҳамоишҳои байналмилалӣ дар соҳаи алоқа ҷамъбаст гардиданд
Хуршед Мирзо: «Иқдоми муҳими Тоҷикистон дар соҳаи инноватсия ва технологияҳои рақамӣ бунёди IT HUB DUSHANBE аст»






