Ҷамолиддин Нуралиев: БМТ ба дастгирии минбаъдаи бахши молиявии Тоҷикистон аз ҷониби БАТР эътимод дорад

Апрель 22, 2021 14:21

ДУШАНБЕ, 22.04.2021 /АМИТ «Ховар»/. Бонки миллии Тоҷикистон барои ҳамкории тарафайн ҷиҳати ҷонибдорӣ аз узвият дар  «Паймон барои дастрасии молиявӣ» изҳори сипос менамояд ва ба тавсеаи ҳамкории манфиатбахш барои дастгирии минбаъдаи бахши молиявии Тоҷикистон бо Бонки Аврупоии Таҷдид ва Рушд /БАТР/ эътимод дорад.

Чунин гуфт муовини якуми Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Ҷамолиддин Нуралиев дар мулоқот бо мудири минтақавии кор бо институтҳои молиявӣ дар Осиёи Миёна Ҷаҳонгир Шамсиев ва роҳбари Намояндагии БАТР дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Айтен Рустамова.

Бонки миллии Тоҷикистон иттилоъ медиҳад, ки Ҷамолиддин Нуралиев аз ҳамкории самарабахш ва мутақобилан судманди БМТ бо БАТР изҳори қаноатмандӣ намуда, таъкид дошт, ки «БМТ ва БАТР ҳамчун шарики боэътимод дар самти дастгирии низоми бонкии кишвар корҳои зиёдеро баҳри рушди низом роҳандозӣ намуда, густариши ҳамкориро тавассути ҷалби кумакҳои техникӣ, мусоидат ба татбиқи фарҳанги муосири идоракунии корпоративӣ, ҳадафгирии  таваррум, ба роҳ мондани ҳамкории муросилотии байнибонкӣ, рушди минбаъдаи бозори суғуртаи кишвар ва табодули таҷриба ба воситаи гузаронидани машғулияти муштарак бо иштироки коршиносони байналмилалӣ дар доираи ҳамкории судманди ҳарду ҷониб муҳим арзёбӣ менамояд».

Роҳбари Намояндагии БАТР дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Айтен Рустамова ва мудири минтақавии кор бо институтҳои молиявӣ дар Осиёи Миёна Ҷаҳонгир Шамсиев барои густариши ҳамкорӣ дар татбиқи лоиҳаҳои иқтисодии Тоҷикистон, пешниҳоди кумакҳои техникӣ дар самтҳои мухталиф, омӯзиш ва такмили ихтисоси кормандони низоми бонкӣ ва ҳамкории дуҷонибаи судманд бо бонкҳои тиҷоратии Тоҷикистон изҳори ҳавасмандӣ намуданд.

Зикр шуд, ки дар доираи ҳамкории шарикии БМТ ва БАТР муваффақона амалӣ гардидани «Барномаи дастгирии маблағгузории тиҷоратӣ», соҳиби сертификати Палатаи савдои байналмилалӣ оид ба тиҷорати байналмилалӣ (GoingGlobal) шудани беш аз 270 нафар кормандони ташкилоти қарзии молиявии Тоҷикистон шаҳодати ҳамкории самарабахши  БМТ ва БАТР аст.

Дар мулоқот намояндагони БАТР оид ба барномаи молиявии «Занҳо дар тиҷорат» маълумот манзур намуда, зикр карданд, ки роҳандозии барномаи мазкур имкон медиҳад, ки бонувон бештар ба соҳаи бонкдорӣ, молия ва тиҷорат ҷалб гарданд ва дараҷаи тахассусии онҳо такмил ёбад. Ҷамолиддин Нуралиев бо ҷонибдорӣ аз лоиҳаи мазкур таъкид намуд, ки дар шароити феълӣ дар Тоҷикистон барои баланд бардоштани маърифати молиявии бонувон ва ба ин васила ҷалби бештари онҳо ба низоми бонкиву молия ва тиҷорат корҳои назаррас анҷом дода шуда истодаанд.

Махсусан, дастгирии занҳои соҳибкор, ҷалби бештари бонувон ба низоми бонкию молия ва фароҳам овардани шароит ҷиҳати рушди касбии онҳо дар мадди назари Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки миллии Тоҷикистон қарор дорад. Имрӯз дар Тоҷикистон бонувон дар вазифаҳои пурмасъули раиси раёсат, муовини раис, сардорони идораву шуъбаҳои ташкилоти қарзии молиявӣ самаранок фаъолият доранд, ки бозгӯи фароҳам будани шароити муносиб барои онҳо ҷиҳати рушди фаъолияти онҳо мебошад.

АКСҲО:  Бонки миллии Тоҷикистон

Апрель 22, 2021 14:21

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Душанбе татбиқи лоиҳаҳои амалкунандаи самти обтаъминкунӣ, санитарӣ ва шаҳрсозӣ баррасӣ гардид
Кишоварзони ноҳияи Кӯшониён ба ҷамъоварии пиёзи барвақтӣ шуруъ намуданд
Роҳбарони мақомоти гумруки Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар Тошканд ҷамъ омаданд
26 АПРЕЛ-РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ МОЛИКИЯТИ ЗЕҲНӢ. Бахшида ба он Форуми байналмилалии ихтироъкорон ва навоварон доир гардид
Дар вилояти Суғд ба маблағи зиёда аз 6 миллиард сомонӣ маҳсулоти саноатӣ истеҳсол гардид
«TRAVEL HUB». Моҳи сентябр дар Душанбе намоишгоҳи сайёҳӣ доир мегардад
ҚУРБИ АСЪОР: дар Тоҷикистон 1 евро аз 11.7324 то 11.8000 сомонӣ муқаррар шудааст
«Alvarez & Marsal Middle East» ба низоми бонкии Тоҷикистон хизматрасонии машваратӣ пешниҳод менамояд
Дар Душанбе ҳамкории Тоҷикистон бо Малайзия дар самти омодасозии мутахассисони соҳаи фанноварии иттилоотӣ муҳокима гардид
Муовини якуми Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Президенти Идораи патентии Авруосиёӣ мулоқот намуд
Дар Вашингтон дурнамои ҳамкории Тоҷикистон бо Хазинаи Байналмилалии Асъор баррасӣ шуд
Минтақаҳои озоди иқтисодии Тоҷикистон соли 2023 ба маблағи беш аз 445 миллион сомонӣ маҳсулот истеҳсол намуданд