Ҷангҷӯёни мусаллаҳи гурӯҳи «Толибон» ба автомашинаи котиботи Маҷлиси сенати Афғонистон ҳамла карданд

Апрель 12, 2021 09:58

ДУШАНБЕ, 12.04.2021 /АМИТ «Ховар»/. Полиси Кобул рӯзи якшанбе, 11 апрел дар бораи ҳамлаи ҷангҷӯёни гурӯҳи «Толибон» (мамнӯъ дар Тоҷикистон) ба автомашинаи котиботи Маҷлиси сенати Афғонистон дар Кобул иттилоъ додааст, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба шабакаи телевизионии tolonews.com.

Шоми шанбе ду ҷангҷӯи мусаллаҳи гурӯҳи «Толибон» ба автомашинаи котиботи Маҷлиси сенати Афғонистон ҳамла карданд. Дар натиҷа  ронандаи автомашина кушта ва посбонони котибот маҷрӯҳ шуданд.

Сухангӯи полиси Кобул Фирдавс Фарамарз гуфт, ки пас аз ин ҳодиса, байни неруҳои амниятӣ ва ҳамлагарон  задухӯрд  шурӯъ шуд, ки бар асари он яке аз ҳамлагарон кушта ва дуввумин захмӣ шуд. Инчунин ду корманди полис низ дар ин задухӯрд маҷрӯҳ шуд.

Дар хабари дигар «TOIOnews» бо истинод ба мақомоти маҳаллӣ омадааст, ки бар асари таркиши минаҳо дар вилоятҳои Ҳирот ва Сари Пули Афғонистон шаш тан ҷон бохтанд.

Масъули тандурустии Ҳирот гуфт, ки дар натиҷаи таркиши минаи дар канори роҳ фаршшуда се сарбози полис ҷон бохт.

Дар ҳамин ҳол, Муҳаммад Ҳаниф Ризоӣ, сухангӯи корпуси низомии «Шоҳин» гуфт, ки дар минтақаи Сӯзама Қалъаи вилояти Сари Пул бар асари таркиши мина се шаҳрванд, аз ҷумла ду кӯдак кушта шуд.

Вай инчунин гуфта, ки неруҳои артиш се минаи дигари дар канори роҳ гузоштаи «Толибон» -ро ошкор ва безарар карданд.

Мақомоти маҳаллии вилояти Фароҳ хабар додаанд, ки «Толибон» шоми имрӯз як додситони бознишастаро дар деҳаи Навда дар маркази вилоят тирборон ва куштанд.

«Толибон» ҳанӯз дар мавриди ин рӯйдодҳо изҳори назар накардаанд.

Апрель 12, 2021 09:58

Хабарҳои дигари ин бахш

Пешгӯиҳои ҳарорат барои соли 2050 аз соли 2025 оғоз мегарданд
Коршиносони ИДМ лоиҳаи Нақшаи чорабиниҳо бахшида ба 35-солагии Иттиҳодро мувофиқа намуданд
Бинобар гармии рекордӣ дар Чин талабот ба неруи барқ ба нуқтаи баландтарин расид
Хисороти аз офатҳои табиӣ расида дар Чин аз 7,5 миллиард доллар зиёд шуд
Гармои шадид дар Испания дар ду моҳи охир сабаби марги 1180 нафар гардид
Бар асари боронҳои мавсимӣ ва обхезии шадид дар Покистон 104 нафар ҳалок гардид
Бархе аз минтақаҳои Аврупоро гармои шадид фаро гирифт
Бар асари фаромадани ярч ва обхезӣ дар шимоли Ҳиндустон 51 нафар ҳалок гардид
Созмони ҷаҳонии тандурустӣ чораҳои муҳофизат аз гармии тобистонро пешниҳод менамояд
Гармои шадид дар Аврупо сабаби сӯхтори ҷангалҳо гардид
Беш аз 2 миллиард одамон ба оби тозаи ошомиданӣ дастрасӣ надоранд
Даҳҳо ҳазор нафар дар ҷануби Чин бар асари тӯфон кӯчонида шуданд