Ҳар ҳафта дар боғҳои фарҳангию фароғатии Душанбе барномаи мутрибони муассисаҳои Вазорати фарҳанг доир мешавад
ДУШАНБЕ, 21.04.2021 /АМИТ «Ховар»/. Шурӯъ аз 17 апрел бахшида ба 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ибтикори Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон рӯзҳои шанбе ва якшанбе дар боғҳои фарҳангию фароғатии шаҳри Душанбе барномаи мутрибони муассисаҳои консертию таълимии вазорат баргузор мегардад.
Тавре аз маркази матбуоти Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, 17-18 апрел дар Боғи фарҳангу фароғатии ба номи «Устод Рӯдакӣ» баромади мутрибони Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи М. Турсунзода, боғи «Парчами давлатӣ»- мутрибони Коллеҷи санъати ба номи А. Бобоқулов, боғи «Ирам» -ҳунармандони Филармонияи давлатии Тоҷикистон ба номи А. Ҷӯраев ва Ансамбли давлатии тарона ва рақси «Сомон» ва дар боғи ба номи А. Фирдавсӣ- навозандагони Мактаб — интернати миёнаи махсуси ҷумҳуриявии ба номи М. Атоев, Мактаб – интернати миёнаи махсуси мусиқии ҷумҳуриявии ба номи З. Шаҳидӣ ва мактаби мусиқии №6-и шаҳри Душанбе доир шуд.
Ҳамзамон дар боғи «Куруши Кабир»-навозандагони Консерваторияи миллии Тоҷикистон ба номи Т. Сатторов, дар боғи «С. Айнӣ» -ҳунармандони мактаби мусиқии №3-и шаҳри Душанбе, дар боғи «Мироненко»-навозандагони мактаби мусиқии №6-и шаҳри Душанбе ва дар боғи «Навоӣ»-мутрибони Мактаби санъати бачагонаи шаҳри Душанбе барномаи мукаммали ҳунариро манзури тамошобинон-сокинону меҳмонони пойтахт гардониданд.
Акс: Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон








«ТОҶИКИСТОН-ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Дар ҳашт сол шумораи иштирокчиёни озмун ба беш аз 33 ҳазор нафар расидааст
Доир ба таъриху фарҳанги Кӯшониён конфронси ҷумҳуриявӣ баргузор шуд
Маросими ҷоизасупории даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Илм — фурӯғи маърифат» оғоз гардид
«КОРВОНИ КИТОБ-2026». Беш аз 6 ҳазор нусха китоб ба шаҳру ноҳияҳои минтақаи Кӯлоб ройгон тақдим мегардад
Дар мавзуи «Шинохти Мавлоно дар ҷаҳони муосир» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Густариши ҳамкории фарҳангии Тоҷикистону Озарбойҷон баррасӣ гардид
Ҳайати Тоҷикистон дар Форуми 7-уми байналмилалии «Муколамаи байнифарҳангӣ» дар Боку иштирок намуд
«ГАНҶИНАИ ТАЪРИХ ВА ФАРҲАНГИ ТОҶИКОН». Таҳти ин унвон дар Тоҷикистон озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз мегардад
Дар Тоҷикистон Фестивали VIII байналмилалии театрҳои лӯхтак «Чодари хаёл» ҷамъбаст гардид
Оид ба омӯзиши Панҷакенти қадим конференсияи илмӣ баргузор мешавад
Дар Хоруғ муассисаҳои соҳаи фарҳанг навсозӣ мешаванд
Муовини Вазири фарҳанг ва иршоди исломии Эрон дар Осорхонаи миллӣ бо тамаддуни бостонии тоҷикон шинос шуд






