Ҷаримаҳо барои риоя накардани талаботи қонун дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим зиёд карда шуданд
ДУШАНБЕ, 22.04.2021. /АМИТ «Ховар»/. Тавре дирӯз хабар додем, вакилони Маҷлиси намояндагон лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон»-ро зимни ҷаласаи навбатӣ мавриди баррасӣ қарор дода, онро ҷонибдорӣ намуданд.
Тавре ба хабарнигорони АМИТ «Ховар» дар Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросим лоиҳаи ин қонунро шарҳ доданд, тибқи тағйиру иловаҳои воридгардида, барои риоя накардани талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” ба шахсони воқеӣ ба андозаи як саду даҳ, ба шахсони мансабдор ба андозаи панҷсаду панҷоҳ ва ба шахсони ҳуқуқӣ ба андозаи ҳаштсад нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъйин карда мешавад.
Қаблан, барои риоя накардани талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” ба шахсони воқеӣ ба андозаи сад, ба шахсони мансабдор ба андозаи панҷсад ва ба шахсони ҳуқуқӣ ба андозаи ҳафтсад нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъйин карда шуда буд.
Ёдовар мешавем, ки лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон»-ро ба иҷлосия вакили мардумӣ Сарвиноз Маҷидова ва раиси Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросими назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Сулаймон Давлатзода шарҳ дода, таъкид намуданд, ки лоиҳаи қонуни мазкур бо мақсади татбиқи дастуру ҳидоятҳои Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки дар иҷлосияи якуми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати шашум аз 17 апрели соли 2020 ҷиҳати такмили ҷавобгарии маъмурӣ барои вайрон кардани талаботи қонунгузорӣ дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим, мушаххасу саҳеҳ гардонидани меъёрҳо ва бо ин васила мусоидат намудан барои таъмини риояи дақиқ ва иҷрои якхелаи қонун, дар маҷмӯъ мукаммал шудани Кодекс ва пешгирии ҳуқуқвайронкуниҳои маъмурӣ зикр шуда буданд, таҳия шудааст.
Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон» аз 2 модда иборат буда, тибқи моддаи 1 ба 4 моддаи Кодекси амалкунанда тағйиру иловаҳо, ки хусусияти танзимкунанда ва мутобиқкунанда доранд, пешбинӣ гардида, минбаъд шахсоне, ки нисбат ба онҳо амали оинномаҳои интизомӣ ё қоидаҳои махсуси интизом татбиқ мегарданд, барои риоя накардани қонунгузорӣ дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим тибқи асосҳои умумӣ ба ҷавобгарии маъмурӣ кашида мешаванд.
Тибқи қисми 4 моддаи 1 лоиҳа моддаи 481 (риоя накардани талаботи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим) такмил дода шуда, аз ҷумла санксияҳои қисмҳои 1, 2 тағйир ва қисми 2 моддаи мазкур дар таҳрири нав ифода карда мешавад.
Лоиҳаи Қонуни мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода мешавад.
АКСҲО аз Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии ҶТ








ИҶЛОСИЯИ XVI – ЗАМИНАИ ТАЪРИХИИ ТАҲКИМИ ДАВЛАТДОРӢ, ҚОНУНИЯТ ВА АДОЛАТИ СУДӢ. Андешаҳо дар ин маврид
Дар Норак осоишгоҳи Вазорати корҳои дохилӣ ифтитоҳ гардид
АЗ НАСБИ ПАНЕЛҲОИ ОФТОБӢ ТО ЗАХИРАИ СӮЗИШВОРӢ. Муассисаҳои тандурустии Тоҷикистон ба зимистони солҳои 2026–2027 омода мебошанд
Дар Бохтар бахшида ба Иҷлосияи XVI Шурои Олӣ конференсияи ҳизбӣ баргузор шуд
Дар Душанбе Форуми байналмилалии тандурустӣ-2026 баргузор гардид
Ташаббусҳои Тоҷикистон дар соҳаи зеҳни сунъӣ дар Шанхай муаррифӣ карда шуданд
Дар ноҳияи Ёвон бахшида ба Рӯзи Президент ҳамоиши сиёсӣ-фарҳангӣ доир гардид
Ба муносибати 35-солагии муносибатҳои дипломатии Тоҷикистону Чин конфронси байналмилалӣ доир шуд
Дар Тоҷикистон рақамикунонии низоми нафақа тақвият меёбад
Дар Кӯлоб бахшида ба Рӯзи Президент конференсияи илмӣ-амалӣ баргузор шуд
Муовини Сарвазири Тоҷикистон ба ифтихори Рӯзи Президент дар Академияи идоракунии давлатӣ ҳафтаи ҷашниро ифтитоҳ намуд
ПРЕЗИДЕНТ — РАМЗИ ВАҲДАТ, СУБОТ ВА ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Фирдавсӣ ҳамоиши сиёсиву фарҳангӣ баргузор шуд






