Ҷаримаҳо барои риоя накардани талаботи қонун дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим зиёд карда шуданд

Апрель 22, 2021 14:01

ДУШАНБЕ, 22.04.2021. /АМИТ «Ховар»/. Тавре дирӯз хабар додем, вакилони Маҷлиси намояндагон лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон»-ро  зимни ҷаласаи навбатӣ мавриди баррасӣ қарор дода, онро ҷонибдорӣ намуданд.

Тавре ба хабарнигорони АМИТ «Ховар» дар Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросим лоиҳаи ин қонунро шарҳ доданд, тибқи тағйиру иловаҳои воридгардида, барои риоя накардани талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” ба шахсони воқеӣ ба андозаи як саду даҳ, ба шахсони мансабдор ба андозаи панҷсаду панҷоҳ ва ба шахсони ҳуқуқӣ ба андозаи ҳаштсад нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъйин карда мешавад.

Қаблан, барои риоя накардани талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” ба шахсони воқеӣ ба андозаи сад, ба шахсони мансабдор ба андозаи панҷсад ва ба шахсони ҳуқуқӣ ба андозаи ҳафтсад нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъйин карда шуда буд.

Ёдовар мешавем, ки лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон»-ро ба иҷлосия вакили мардумӣ Сарвиноз Маҷидова ва раиси Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросими назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Сулаймон Давлатзода шарҳ дода, таъкид намуданд, ки лоиҳаи қонуни мазкур бо мақсади татбиқи дастуру ҳидоятҳои Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки дар иҷлосияи якуми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати шашум аз 17 апрели соли 2020 ҷиҳати такмили ҷавобгарии маъмурӣ барои вайрон кардани талаботи қонунгузорӣ дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим, мушаххасу саҳеҳ гардонидани меъёрҳо ва бо ин васила мусоидат намудан барои таъмини риояи дақиқ ва иҷрои якхелаи қонун, дар маҷмӯъ мукаммал шудани Кодекс ва пешгирии ҳуқуқвайронкуниҳои маъмурӣ зикр шуда буданд, таҳия шудааст.

Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон» аз 2 модда иборат буда, тибқи моддаи 1 ба 4 моддаи Кодекси амалкунанда тағйиру иловаҳо, ки хусусияти танзимкунанда ва мутобиқкунанда доранд, пешбинӣ гардида, минбаъд шахсоне, ки нисбат ба онҳо амали оинномаҳои интизомӣ ё қоидаҳои махсуси интизом татбиқ мегарданд, барои риоя накардани қонунгузорӣ дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим тибқи асосҳои умумӣ ба ҷавобгарии маъмурӣ кашида мешаванд.

Тибқи қисми 4 моддаи 1 лоиҳа моддаи 481 (риоя накардани талаботи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим)  такмил дода шуда, аз ҷумла санксияҳои қисмҳои 1, 2 тағйир ва қисми 2 моддаи мазкур дар таҳрири нав ифода карда мешавад.

Лоиҳаи Қонуни мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода мешавад.

АКСҲО аз Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии ҶТ

Апрель 22, 2021 14:01

Хабарҳои дигари ин бахш

4 монографияи муштараки олимони Тоҷикистон ва Чин муаррифӣ гардид
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Консерваҳои сарпӯшашон дамида ва зангзадаро набояд истеъмол кард
Ба ифтихори Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Агентии авиатсияи гражданӣ ҳамоиши тантанавӣ баргузор гардид
Дар Бразилия таҷрибаи Тоҷикистон дар самти мониторинг ва пешгӯии офатҳои табиӣ муариифӣ гардид
Дилноза Аҳмадзода: «Сармоягузории давлат ба рушди зеҳнии кӯдакон ва наврасон ин сармоягузорӣ ба ояндаи миллат мебошад»
ПРЕЗИДЕНТ- КАФИЛИ ҲАСТИИ ДАВЛАТУ МИЛЛАТ. Дар Кумитаи хоҷагии манзилию коммуналӣ ҳамоиш баргузор гардид
ПРЕЗИДЕНТИ МАН – ИФТИХОРИ МАН. Таҳти ин унвон аксияи ҷумҳуриявӣ идома дорад
«ПРЕЗИДЕНТ-КАФИЛИ СУЛҲУ ВАҲДАТИ МИЛЛӢ». Дар Душанбе таҳти ин унвон конференсияи илмӣ доир шуд
ИМРӮЗ-РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ НОБИНОЁН. Ҳар инсон бояд соле на камтар аз ду маротиба аз назорати табиби чашм гузарад
Маликшо Неъматзода ва Евгений Примаков рушди ҳамкории дуҷонибаро баррасӣ намуданд
«ПРЕЗИДЕНТИ МО-ИФТИХОРИ МО». Таҳти ин унвон ҳамоиши сиёсӣ-фарҳангии аъзои ҳизби ноҳияи Фирдавсӣ доир шуд
Дар Тоҷикистон паёмрасони миллӣ- ORIZ ба фаъолият оғоз намуд