«АСКАРОН БОЯД, КИ САНГИ ХОРАРО БИСТАР КУНАНД…». Наваскарони Муъминобод бо маросими «Кулчагазон» ба хизмати ҳарбӣ гусел карда шуданд
ДУШАНБЕ, 02.04.2021 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар майдони Сомонии ноҳияи Муъминобод бо иштироки Раиси ноҳия Лутфия Шарифзода ва роҳбарони мақомоти қудратии ноҳия маъракаи гусели наваскарон доир гардид.
Дар ин бора мудири бахши рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи дастгоҳи раиси ноҳияи Муъминобод Бахтовар Диловар ба мухбири АМИТ «Ховар» хабар дод.
Лутфия Шарифзода наваскаронро барои содиқона хизмат кардан ба Ватан даъват намуда, иброз намуд, ки «дар ҳукмномаи таърих оварда шудааст, ки ҳанӯз дар даврони Курӯши Кабир анъанае роиҷ буд, ки ҷавонмардони ҳақиқӣ аз се имтиҳони ҳаёт гузашта, баъд ифтихори ҷавонмардиро соҳиб мешуданд. Имтиҳони аввал-тандурустӣ ва паҳлавонӣ, имтиҳони дуюм-ақлу дониши расо ва имтиҳони сеюм-одобу фаросати ҳамида буд. Вақте кас ҳар се имтиҳонро гузашту савганди ҳарбӣ-савганди садоқат ба Ватан ёд кард, баъд унвони сарбозро гирифта, ба ӯ яроқ, техникаи ҳарбӣ ва дигар муҳимоти ҷангиро бовар мекунанд».
Мавсуф иброз дошт, ки «дар хотир дошта бошед, ки ҳар лаҳзаи хизмати ҳарбӣ- ин ҳифзи нангу номуси падару модарон, хоҳарону бародаронест, ки дар фазои амнияту осоиштаи Ватан умр ба сар мебаранд. Бо сабру ботаҳаммул ва фидокору бо масъулият буданро фаромӯш насозед. Бузургон хуб гуфтаанд:
То бихобад миллате осуда дар болини ноз,
Аскарон бояд, ки санги хораро бистар кунанд!»
Дар охир бо анъанаи «Кулчагазон»-у барномаи мусиқии бахши фарҳанги ноҳия табъи ҳозирин шод гардонида шуд.
АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии н. Муъминобод








Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳӣ Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид






