«АЗ НАВРӮЗ ТО НАВРӮЗ». Таҳти чунин унвон Фестивали мӯд-2021 баргузор гардид

Апрель 1, 2021 11:02

ДУШАНБЕ, 01.04.2021 /АМИТ «Ховар»/.  31 март дар Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон бахшида ба 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ ва 8-солагии Донишкадаи мазкур   Фестивали  мӯд-2021 таҳти унвони «Аз Наврӯз то Наврӯз»  баргузор гардид.

Хабарнигори АМИТ «Ховар» Фирӯзаи ДАВЛАТ гузориш медиҳад, ки дар намоишгоҳи мазкур тарроҳони ватанӣ, намояндагони сафоратхонаҳо, устодону донишҷӯён аз Донишкадаи политехтикии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд, Донишгоҳи технологии Тоҷикистон, Донишгоҳи технологӣ ва менеҷменти инноватсионии шаҳри Кӯлоб ва Коллеҷи рассомии ба номи М. Олимов иштирок намуданд.

Ректори Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон Ҷамшед Ғанизода зимни  ифтитоҳи намоиш иброз дошт, ки «фестивали мазкур аз соли 2015 инҷониб бо иштироки дастпарварони донишкада баргузор мегардад ва соли сеюм аст, ки дар сатҳи ҷумҳуриявӣ бо иштироки доираи васеи донишҷӯёни дигар донишкадаву донишгоҳҳо ва иштироки тарроҳони ватанӣ баргузор мегардад. Мояи ифтихор аст, ки бо баргузории чунин намоишгоҳҳо фарҳанг ва тамаддуни бою рангини тоҷикон дар арсаи ҷаҳон муаррифӣ мегардад. Мақсад аз баргузории ин намоишгоҳ- шиносонидани насли ҷавон бо фаъолияти донишкада, муаррифии корҳои эҷодии донишҷӯён ва ба ин восита ҷалби ҷавонону бонувон ба анъанаҳои миллӣ мебошад».

Ҳамчунин зикр гардид, ки либос ҷузъи ҷудонашавандаи моддӣ ва маънавӣ мебошад, ки аз ҷониби инсоният ихтироъ ва истеҳсол карда мешавад. Либоси миллӣ як рукни фарҳанги миллат ба шумор рафта, ёдгоре аз гузаштагон аст, ки дар тӯли қарнҳо зебоиашро гум накардааст ва минбаъд низ гум нахоҳад кард. Зан ва модари тоҷик дар ҳама давру замон посдори оину анъанаҳои муқаддаси миллат буда, яке аз нишонаҳои асосии фарҳангу тамаддуни миллатҳои мухталифи дунё либоси миллии онҳост.

Бояд гуфт, ки либоси миллӣ муаррифи мардуми ҳар давлати мустақил мебошад. Эҳтиром ба либоси миллӣ ва расидан ба қадри арзишҳои миллӣ ифодагари тамаддуни ҳар давлат аст.

Тавре дар суҳбат бо мо ноиби ректори донишкада оид ба таълим Муродалӣ Иброҳимов зикр намуд, «мардуми тоҷик расму анъанаҳои худро ҷиҳати пӯшидани либоси миллӣ вобаста ба минтақаҳои кишварамон аз солҳои пешин дошт. Ба бар намудани либоси миллӣ аз шахс маҳорат ва этикаю эстетикаи хос талаб намуда, дар ҷойҳои хосса ба бар карда мешавад, ки донистани ин барои занону духтарон хеле ҳам муҳим мебошад. Либоси шинаму зебо инсонро зеботар, ҷаҳони зоҳирии ӯро рангинтар, дилкаш ва ҳатто мафтункунанда менамояд».

Сипас  аз ҷониби донишҷӯён намунаи корҳои эҷодӣ ба намоиш гузошта шуд, ки дар ҳар яки он унсурҳои миллӣ бо нозукии хосса дарҷ гардида буданд. Инчунин дар намунаҳои либосҳои офаридаи донишҷӯён  матоъҳои рангоранги миллӣ бо услуби замонавӣ истифода шудаанд, ки аз ҷониби иштирокдорон хуб пазируфта шуданд.

Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ифтихори 8-солагии Донишкада устодонеро, ки барои омода намудани мутахассисони соҳаи санъати тасвирӣ ва дизайн заҳмат мекашанд, бо унвони «Аълочигии фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон» қадрдонӣ намуд.

Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон 30 марти соли 2013 таъсис ёфтааст.

Ректори Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон Ҷамшед Ғанизода иброз намуд, ки Донишкадаи  мазкур давоми ҳашт соли фаъолият ҳамчун мактаби олии касбӣ ташаккул ёфта, аввалин муассисаи мустақили давлатӣ мебошад, ки дар соҳаи санъати тасвирӣ ва дизайн дар зинаҳои бакалавр ва магистр мутахассис тайёр мекунад.

Дар донишкада се факултет — «Санъати тасвирӣ» бо кафедраҳои «Мусаввирӣ ва ҳайкалтарошӣ», «Графика ва санъатшиносӣ», «Дизайн» бо кафедраҳои «Дизайн», «Санъати ороиши амалӣ», «Технологияи иттилоотӣ ва иқтисод», «Тарҳрезии бадеии либос», инчунин  кафедраи «Забонҳо ва фанҳои гуманитарӣ» ва  Маркази бачагонаи рассомӣ, устохонаҳои тахассусӣ дар назди  раёсати донишкада ташкил гардидаанд. Тибқи иҷозатнома, таҳсил дар зинаи бакалавриат аз рӯйи 31 ихтисос ва дар зинаи магистратура аз рӯйи 15 ихтисос ба роҳ монда мешавад. Ҳамчунин моҳи январи соли 2019 донишкада бори нахуст аз аккредитатсияи давлатӣ бомуваффақият гузашт.

Апрель 1, 2021 11:02

Хабарҳои дигари ин бахш

Байни Тоҷикистон ва Италия Барномаи ҳамкории фарҳангӣ, илмӣ ва технологӣ барои солҳои 2024-2027 ба имзо расид
Дар Душанбе оид ба рушди ҳамкории мамлакатҳои Осиёи Марказӣ дар бахши обу энергетика конференсияи байналмилалӣ доир мегардад
САДРИДДИН АЙНӢ-БУНЁДГУЗОРИ АДАБИЁТИ НАВИНИ ТОҶИК. Дар Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон конференсияи илмӣ-адабӣ гузаронида шуд
ИЛМ АЗ ДИДГОҲИ ОЛИМОНИ ҶАВОН. Дар ин мавзуъ конференсияи илмӣ-амалӣ баргузор гардид
«ДУРАХШИ АХТАРОН: ҶОМӢ ВА НАВОӢ». Протокол оид ба таҳияи филми ҳунарии муштараки Тоҷикистону Узбекистон ба тасвиб расид
Рӯзҳои синамои Узбекистон дар Тоҷикистон бо намоиши филми ҳунарии «Зинда бод, ҳамсар!» ҷамъбаст гардид
«САД РАНГИ ЧАКАН». Дар Душанбе ин фестивали ҷумҳуриявӣ ҷамъбаст гардид
Роҳбарзанони Узбекистон бо табиати зебои шаҳри Норак шинос шуданд
Дар Душанбе ҳамкории илмии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ва Донишгоҳи Акитаи Ҷопон баррасӣ шуд
Дар Донишгоҳи техникии Тоҷикистон даври аввали Озмуни ҷумҳуриявии «Илм-фурӯғи маърифат» баргузор шуд
Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон бо 4 муассисаи таҳсилоти олии Узбекистон ҳамкорӣ мекунад
«ШОҲРОҲИ БУЗУРГИ АБРЕШИМ». Тоҷикистон барои иштирок дар ин намоиши байналмилалӣ омодагии ҷиддӣ мебинад