Бақайдгирии довталабон барои дохилшавӣ ба Донишкадаи давлатии муносибатҳои байналмилалии Москва оғоз шуд

Апрель 20, 2021 14:03

ДУШАНБЕ, 20.04.2021 /АМИТ «Ховар»/.  Аз 20 то 27 апрел дар маркази асосии Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва бахшҳои минтақавии он дар шаҳрҳои Хоруғ, Хуҷанд, Панҷакент, Бохтар, Кӯлоб ва ноҳияҳои Рашту Данғара бақайдгирии довталабон барои дохилшавӣ ба Донишкадаи давлатии муносибатҳои байналмилалии Москва гузаронида мешавад.

Тавре аз маркази матбуоти Маркази миллии тестӣ ба хабарнигори АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, дар озмун барои дохилшавӣ ба Донишкадаи давлатии муносибатҳои байналмилалии Москва шаҳрвандони то 35-солаи Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок карда метавонанд.

Барои бақайдгирӣ ҳуҷҷатҳои зерин:  ариза ба номи директори Марказ, шиносномаи миллӣ ё маълумотнома бо муҳру сурат аз ШВКД бо нусхааш, ҳуҷҷат дар бораи таҳсилот, маълумотнома аз муассисаи таълимии таҳсилоти миёнаи умумӣ ва дар бораи хатмкунандаи синфи 11-ум будан,   маълумотнома аз муассисаи таълимии таҳсилоти ибтидоии касбӣ дар бораи хатмкунанда будан,   маълумотнома аз муассисаи таълимии таҳсилоти миёнаи касбӣ дар хусуси хатмкунандаи гурӯҳи таҳсилаш пулакӣ будан, аттестат (шаҳодатнома) дар бораи таҳсилоти миёнаи умумӣ ва нусхаи он,  диплом ва замимааш дар бораи таҳсилоти ибтидоии касбӣ ва нусхаи онҳо, диплом ва замимааш дар бораи таҳсилоти миёнаи касбӣ ва нусхаи онҳо талаб карда мешавад.

Даври аввали озмун барои дохилшавӣ ба донишкадаи мазкур 30 апрел дар шаҳри Душанбе дар шакли тест (аз фанҳои математика, забони русӣ, забони англисӣ, таърих ва ҳуқуқ) ба забонҳои тоҷикӣ ва русӣ баргузор мешавад. Дар бораи макони баргузории тест ба ҳар яке аз довталабони номнависшуда тавассути телефон хабар дода хоҳад шуд.

Дар даври дигари озмун, ки ба он танҳо довталабони аз тест холҳои баландтаринро соҳибшуда роҳ дода мешаванд, як имтиҳони дигар дар шакли диктант ба забонҳои русӣ ва англисӣ доир мегардад, зеро барои таҳсил дар донишкадаи мазкур донистани забонҳои русӣ ва англисӣ ҳатмист.

Барои дохил шудани шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Донишкадаи давлатии муносибатҳои байналмилалии Москва 5 бурсияи (квотаи) таҳсилӣ ҷудо шудааст.

Барои гирифтани маълумоти иловагӣ бо телефонҳои 224 53 68, 224 53 73, 224 53 67 бо Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон тамос гиред.

Апрель 20, 2021 14:03

Хабарҳои дигари ин бахш

Моҳи октябр дар Душанбе Бозиҳои XX Делфии ҷавонони кишварҳои аъзои ИДМ доир мегардад
Дар Душанбе Рӯзҳои кинои Эрон баргузор мегарданд
Дар Рим Намоишгоҳи байналмилалии «Тоҷикистон – кишвари ёдгориҳои нодир» ташкил карда мешавад
Ба ифтихори дохил гардидани Резервати биосферии Ромит ба Шабакаи ҷаҳонии мамнуъгоҳҳои биосферии ЮНЕСКО конфронс доир шуд
Дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон маҳфили «Шоҳномахонӣ» баргузор гардид
«ТОҶИ СОМОН». Марҳилаи интихоби беҳтарин филмҳо барои синамоҷоизаи миллӣ оғоз гардид
Котиби генералии Ассамблеяи парламентии Осиё дар Осорхонаи миллӣ бо таъриху тамаддуни тоҷикон шинос шуд
Китоби академик Фарҳод Раҳимӣ «Тамаддуни ориёӣ ва рисолати таърихии миллати тоҷик» нашр шуд
Дар даврони соҳибистиқлолӣ дар вилояти Суғд 152 иншооти фарҳанг бунёд ва таъмиру таҷдид гардидааст
Иштирокдорони Конфронси байналмилалии «Рӯдакӣ – эҳёгари андеша ва фарҳанги миллӣ» Осорхонаи миллии Тоҷикистонро тамошо намуданд
«РӮДАКӢ — ЭҲЁГАРИ АНДЕША ВА ФАРҲАНГИ МИЛЛӢ». Таҳти ин унвон конференсияи байналмилалии илмӣ-назариявӣ доир шуд
«Нақши Пешвои миллат дар эҳё ва муаррифии тамаддуни ориёӣ». Таҳти чунин унвон маҳфили «Тоҷикшиносӣ» доир шуд