Ба оилаҳои шаҳри Ваҳдат туҳфаи Пешвои миллат – китоби «Тоҷикон»-и аллома Бобоҷон Ғафуров тақдим гардид

Апрель 20, 2021 15:05

ДУШАНБЕ, 20.04.2021 /АМИТ «Ховар»/. Китоби «Тоҷикон»-и аллома Бобоҷон Ғафуров,¸ки ба ифтихори ҷашни 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бознашр гардидааст,  ҳамчун туҳфаи гаронарзиш аз номи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дастраси оилаҳои шаҳри Ваҳдат гардид. Дар ин хусус дар суҳбат бо хабарнигори АМИТ «Ховар» муовини Раиси шаҳри Ваҳдат Фарзона Хоҷазода иттилоъ дод.

Мавсуф иброз намуд, ки сокинони шаҳри Ваҳдат бо ҷонибдорӣ аз сиёсати пешгирифтаи  Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон туҳфаи пурарзиши Пешвои миллатро ҳамчун беҳтарин армуғони фарҳангӣ барои худ ва аҳли хонадонашон қабул намуданд. Дар маҷмӯъ ба 49 ҳазору 600 оилаи шаҳри Ваҳдат туҳфаи  Президенти ҷумҳурӣ – китоби «Тоҷикон»-и Бобоҷон Ғафуров тақдим мегардад.

Мавриди зикр аст, ки китоби «Тоҷикон»-и аллома Бобоҷон Ғафуров бо мақсади омӯзиши амиқи таърихи пурифтихори халқи тоҷик аз ҳисоби фонди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон чоп гардида, аз номи Сарвари давлат  ҳамчун туҳфа ба ҷашни 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳар оилаи мамлакат тақдим мегардад. Ин ганҷинаи пурарзиш-  китоби «Тоҷикон» барои ҳар фарди Тоҷикистон  сарчашмаи муҳими худомӯзӣ  мебошад ва ҳар хонанда метавонад аз он баҳра бардошта, донишашро такмил  диҳад. Китоби «Тоҷикон» барои дар рӯҳияи хештаншиносӣ, ифтихори миллӣ, пос доштани анъанаҳои  неки ниёгон тарбия намудани наврасону ҷавонон аз аҳамияти муҳим бархӯрдор аст. Ин шоҳасар  насли имрӯз ва ояндаи миллатро ба он ҳидоят менамояд, ки аз гузашта сабақ гирифта, бо мутолиаи ин асари пурарзиш  аз таърихи гузаштаи миллати тамаддунофари худ огоҳ  гарданд.

Бояд тазаккур дод, ки Пешвои миллат моҳи декабри соли 2019 дар Паёмашон ба Парлумони мамлакат ба Ҳукумати ҷумҳурӣ супориш доданд, ки бо мақсади омӯзиши амиқи таърихи пурифтихори халқи тоҷик китоби «Тоҷикон»-и аллома Бобоҷон Ғафуровро аз ҳисоби Фонди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон чоп намуда, то ҷашни 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз номи Пешвои  миллат ба ҳар оилаи мамлакат туҳфа намоянд.

Апрель 20, 2021 15:05

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар шаҳри Ҳисор бинои мактаб, варзишгоҳ ва коргоҳи дӯзандагӣ ба истифода дода шуд
Бинои нави маъмурии Муассисаи давлатии «Мамнуъгоҳи таърихию фарҳангии Ҳисор» ба истифода дода шуд
Дар Душанбе бахшида ба Рӯзи фалак ҳамоиш доир гардид
Дар даврони соҳибистиқлолӣ дар шаҳри Кӯлоб 53 бинои муассисаи таълимӣ ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон Рӯзи фалак таҷлил мегардад
Тоҷикистон дар Бозиҳои 20-уми Делфии ҷавонони кишварҳои аъзои ИДМ соҳиби ҷойи аввал гардид
Тоҷикистон ва Британияи Кабир ҳамкориро дар самти омӯзиши забони англисӣ густариш медиҳанд
Тоҷикистон ва Британияи Кабир ҳамкориро дар самти омӯзиш ва ҳифзи ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ тақвият медиҳанд
СОЛИ ОБОДОНИЮ СОЗАНДАГӢ. Дар ноҳияи Ёвон мумфаршкунии роҳҳои маҳаллӣ идома дорад
Даври ҷамъбастии Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон—Ватани азизи ман» доир мегардад
Таҳкими ҳамкорӣ байни Осорхонаи миллии Тоҷикистон бо Шурои Британия дар Душанбе баррасӣ гардид
Дар Исломобод 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро таҷлил намуданд