Ба шарафи Рӯзи Ғалаба дар Хуҷанд Муҷассамаи хотираи қурбониёни Ҷанги дуюми ҷаҳон таҷдид мешавад

Апрель 26, 2021 09:34

ХУҶАНД, 26.04.2021 /АМИТ «Ховар»/. Дар Хуҷанд дар доираи корҳои ободонӣ ва омодагӣ ба таҷлили Рӯзи Ғалаба Муҷассамаи хотираи қурбониёни Ҷанги дуюми ҷаҳон таъмиру таҷдид карда мешавад.

Тавре аз Раёсати ободонии шаҳр ба хабарнигори АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, ташкилоти маҳаллии сохтмонӣ бо риояи тамоми талаботи меъморӣ ва шаҳрсозӣ корҳои таъмиру ободониро моҳи апрел оғоз ва идома медиҳанд.

«Қарор аст, ки  муҷассамаи ёдгории оташи абадӣ ва навиштаҷоти болои он сафед ва ранг карда шаванд.  Сафолакҳои роҳравҳои он  таҷдид ва худи роҳравҳо васеъ  карда шуда, дар ин мавзеъ  чароғҳои нави рӯшноидиҳанда насб мегарданд. Ҳамчунин шохҳои дарахтон бурида ва ниҳолҳои нави ҳамешасабз ва гулҳои баҳорӣ шинонида мешаванд, курсиҳо рангмолӣ ва фаввора навсозӣ мегарданд. Корҳои таъмиру таҷдиди муҷассама бояд дар арафаи ҷашни Ғалаба ба итмом расанд», — хабар доданд аз шуъбаи ободонии шаҳр.

Ёдовар мешавем, ки Муҷассамаи хотираи қурбониёни Ҷанги дуюми ҷаҳонӣ ва оташи абадӣ дар Хуҷанд бо мақсади ҷовидон гардонидани хотираи фарзандони ҷасури Ватан ба муносибати 30-солагии Ғалабаи халқи шӯравӣ бар душман соли 1975 сохта шуда буд.

АКС аз Раёсати ободонии шаҳри Хуҷанд

Апрель 26, 2021 09:34

Хабарҳои дигари ин бахш

Байни Тоҷикистон ва Агентии ҳамкории байналмилалии Ҷопон Созишномаи грантӣ ба имзо расид
Бастаҳои «MIX»: интернети бисёр барои паёмрасонҳо, шабакаҳои иҷтимоӣ ва платформаҳои видеоӣ
БОТУЛИЗМ. Риоя нагардидани қоидаҳои санитарию гигиенӣ боиси пайдошавии ин беморӣ мегардад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон ва барф меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок мешавад
Паҳлавонони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба кураш соҳиби шаш медал гардиданд
Ба ифтихори Рӯзи Президенти Тоҷикистон дар Академияи идоракунии давлатӣ ҳамоишҳо баргузор мегарданд
Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар Чэнду бо дастаҳои Кореяи Ҷанубӣ, Чин ва Ветнам бозӣ мекунад
Дар Хатлон Рӯзи милитсияи тоҷикро таҷлил намуданд
Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои мошингарди минтақаи Ҳисор ба зимистон омода мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борон меборад