Бахшида ба «100 рӯзи муқовимат ба савдои одамон» дар Хуҷанд ҳамоиш доир шуд
ДУШАНБЕ, 01.04.2021 /АМИТ «Ховар»/. Баҳри таъмини иҷрои «Нақшаи миллии муқовимат ба савдои одамон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2019-2021» дар шаҳри Хуҷанд таҳти унвони «100 рӯзи муқовимат ба савдои одамон» ҳамоиш баргузор гардид. Дар ин бора аз Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд.
Ҳамоиши мазкур дар асоси нақшаи муштараки Раёсати кор бо занон ва оилаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд, Раёсати Хадамоти муҳоҷирати Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилоят, шуъбаи маъмурию ҳуқуқии дастгоҳи Раиси вилоят, ташкилоти ҷамъиятии «Чашмаи ҳаёт» ва «Фонди рушди ҷомеа» баргузор карда шуд.
Зикр гардид, ки баргузории маъракаи «100 рӯзи муқовимат ба савдои одамон» ба баланд бардоштани сатҳи иттилоотонӣ ва маърифати ҳуқуқии субъекҳои муқовимат, кормандони ҷамоатҳо, маҳаллаҳо, ҷавонон, муҳоҷирони меҳнатӣ ва аъзои оилаи онҳо оид ба масъалаҳои савдои одамон ва иҷрои «Нақшаи миллӣ оид ба муқовимат ба савдои одамон ва расонидани кумак ба қурбониёни савдои одамон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2019-2021» мусоидат менамояд.








ПРЕЗИДЕНТ — РАМЗИ ВАҲДАТ, СУБОТ ВА ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Фирдавсӣ ҳамоиши сиёсиву фарҳангӣ баргузор шуд
Исломиддин Раҳмон: «Иҷлосияи тақдирсоз ва Рӯзи Президент саҳифаи тиллоӣ дар таърихи давлатдории тоҷикон мебошанд»
Созишнома оид ба ҳамкории вазоратҳои адлияи давлатҳои аъзои ИДМ ба имзо расид
Таҳкими ҳамкории илмӣ-таҳқиқотӣ байни Тоҷикистон ва Швейтсария баррасӣ шуд
Иммунизатсия яке аз усулҳои муҳими ҳифзи саломатии кӯдакон мебошад
Дар Рашт бинои нави шуъбаи Хадамоти давлатии оташнишонӣ ба истифода дода шуд
Дар фурудгоҳҳои байналмилалии Тоҷикистон бо шаҳрвандон корҳои иттилоотию фаҳмондадиҳӣ гузаронида шуданд
Ҳамкории Тоҷикистон ва Қазоқистон дар соҳаи тандурустӣ густариш меёбад
ОГОҲӢ. То 13 ноябр дар Тоҷикистон ҳавои номусоид пешгӯӣ мешавад
Татбиқи лоиҳаи «Барқарорсозии зерсистемаи системаи ВМК-и канали Қумсангир» ба 95 фоиз расид
ЗИМИСТОНГУЗАРОНӢ. Дар Сангвор ситоди ноҳиявӣ оид ба омодагии пурра ба фаслҳои тирамоҳу зимистон таъсис ёфтааст
Дар Москва конгресси 5-уми миллӣ дар соҳаи тиб доир гардид






