БМТ ба «Консултант аудит» ба муҳлати ду сол иҷозатнома дод

Апрель 30, 2021 08:29

ДУШАНБЕ, 30.04.2021 /АМИТ  «Ховар»/. Дар асоси қарори Раёсати Бонки миллии Тоҷикистон ба Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Консултант аудит» барои анҷом додани фаъолияти аудиторӣ дар ташкилоти қарзии молиявӣ ба муҳлати ду сол -то 26 декабри соли 2023 тавассути азнавбарасмиятдарорӣ иҷозатнома дода шуд. Дар ин хусус Бонки миллии Тоҷикистон хабар медиҳад.

Ин тадбир мутобиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи иҷозатномадиҳӣ ба баъзе намудҳои фаъолият» андешида шудааст. Тибқи қарори Раёсати Бонки миллии Тоҷикистон, иҷозатномаи қаблии ҶДММ «Консултант аудит»  беэътибор дониста шуда, Департаменти назорати бонкӣ вазифадор гардид, ки дар Феҳристи иҷозатномаҳои фаъолияти аудиторӣ дар ташкилоти қарзии молиявӣ сабти дахлдор ворид намояд.

Апрель 30, 2021 08:29

Хабарҳои дигари ин бахш

ҚУРБИ АСЪОР: 1 евро аз 9.9500 то 10.2212 сомонӣ муқаррар гардидааст
ҚУРБИ АСЪОР: 1 евро аз 10.2200 то 10.2472 сомонӣ муқаррар гардидааст
ҚУРБИ АСЪОР: 1 доллари ИМА аз 9.1400 то 9.2086 сомонӣ муқаррар гардидааст
ҚУРБИ АСЪОР: 1 доллари ИМА аз 9.2400 то 9.2500 сомонӣ муқаррар гардидааст
Ҳаҷми умумии қарзҳои додашуда дар Тоҷикистон 25,5 фоиз зиёд гардидааст
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.1010 то 0.1126 сомонӣ муқаррар гардидааст
МАЪРИФАТИ МОЛИЯВӢ. Дар ноҳияи Рӯдакӣ Фестивали саводнокии молиявӣ гузаронида шуд
Дар Душанбе самтҳои ҳамкорӣ бо ҳайати Палатаи савдои хориҷии Олмон баррасӣ гардид
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.1020 то 0.1125 сомонӣ муқаррар шудааст
ҚУРБИ АСЪОР: 1 доллари ИМА аз 9.1400 то 9.2093 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар Душанбе самтҳои баланд бардоштани сатҳи саводнокии молиявии кӯдакону ҷавонон баррасӣ гардиданд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 евро аз 10.0500 то 10.3287 сомонӣ муқаррар шудааст