ҲУШДОРИ БОНКИ МИЛЛИИ ТОҶИКИСТОН: ҳар як паём ё файлро бодиққат санҷед

Ноябрь 26, 2026 17:15

ДУШАНБЕ, 26.11.2026 /АМИТ «Ховар»/. Вақтҳои охир қаллобон тавассути шабакаҳои иҷтимоӣ хабару паёмакҳоро дар бораи қарз додан аз номи ниҳодҳои давлатӣ паҳн мекунанд.

Бонки миллии Тоҷикистон таъкид мекунад, ки дар низоми бонкӣ бе санҷиш ва ё арзёбӣ қарз дода намешавад. Аммо қалобон ба шаҳрвандон дар бораи додани қарз бе фоиз, бе гарав ё бе санҷиш паёмак ирсол менамоянд.

Бонки миллии Тоҷикистон огоҳ менамояд, ки қаллобон паёмҳо, суроға  ё файлҳоро равон мекунанд. Инҳо  дар барномаҳои бонкӣ, ҳуҷҷатҳо, расидҳо (квитансияҳо), даъватномаҳои тӯй, аксҳо ё дигар намуди маълумот пинҳон карда мешаванд. Боргирӣ ва насб кардани чунин файлҳо метавонад ба қаллобон имкон диҳад, ки ба телефони мобилии шумо, маълумоти шахсӣ, паёмакҳои SMS, барномаҳои бонкӣ ва ҳамёнҳои электронӣ дастрасӣ пайдо кунанд, ки ин боиси дуздии маблағҳо мегардад.

Барои ҳифзи маблағҳо ва маълумоти шахсӣ Бонки миллии Тоҷикистон ба шаҳрвандон тавсия медиҳад, ки ҳеҷ гоҳ чунин файлҳоро, ки тавассути Telegram, WhatsApp ё дигар манбаъҳои номаълуму санҷиданашуда фиристода мешаванд, боргирӣ ва насб накунанд. Ба паёмҳои шубҳаноке, ки дар паёмрасонҳо, SMS ё почтаи электронӣ меоянд, ворид нашаванд. Ҳеҷ гоҳ ва ба ҳеҷ кас PIN-кодҳо, рамзҳо (паролҳо), рамзҳои якдафъаинаи SMS ё дигар маълумоти бонкии худро надиҳанд.

Бояд дар хотир дошт, ки кормандони ташкилоти молиявӣ ҳеҷ гоҳ аз мизоҷон PIN-кодҳо, рамзҳо ё рамзҳои якдафъаинаи тасдиқкуниро талаб намекунанд ва инчунин насб кардани барномаҳои бегона ё ғайрирасмиро пешниҳод наменамоянд.

Бонки миллии Тоҷикистон аз шаҳрвандон даъват ба амал меорад, ки ҳангоми истифодаи хизматрасониҳои рақамии бонкӣ ҳушёрӣ ва эҳтиёткориро пеша кунанд.

АКС: Бонки миллии Тоҷикистон

Ноябрь 26, 2026 17:15

Хабарҳои дигари ин бахш

Форуми сеюми байналмилалии соҳаи саноати маъданҳои кӯҳӣ-металлургии Тоҷикистон доир шуд
Дар Душанбе сеюмин Форуми байналмилалии ПЛАС «Digital Tajikistan 2026» баргузор гардид
Корхонаи пахтатозакунию равғанбарории ҶДММ «Кони ганҷ»-и Зафаробод бо иқтидори пурра фаъолият дорад
Имконоти сайёҳии Тоҷикистон тавассути шабакаи байналмилалии «Euronews» муаррифӣ мегарданд
Дар деҳаи Кулчашмаи ноҳияи Муъминобод фурудгоҳи маҳаллӣ навсозӣ мешавад
РАҚАМИКУНОНИИ ИҚТИСОДИ МИЛЛӢ. Дар Тоҷикистон беш аз 120 хизматрасонии давлатӣ тавассути портали электронӣ дастрас мебошад
Дар Душанбе Форуми байналмилалии «Digital Tajikistan 2026» оғоз шуд
Форуми III байналмилалии саноати маъданҳои кӯҳӣ ва металлургия оғоз шуд
САНОАТИ МАЪДАН ВА МЕТАЛЛУРГИЯ. Он яке аз муҳимтарин бахшҳои саноат мебошад
Дар Ҷамоати Сари Хосори ноҳияи Балҷувон фурудгоҳи маҳаллӣ сохта мешавад
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.1010 то 0.1122 сомонӣ муқаррар гардидааст
Қоҳир Расулзода дар якчанд шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон бо рафти корҳои созандагӣ ва татбиқи барномаҳои давлатӣ шинос шуд