Бонувони баскетболбози Донишгоҳи давлатии Данғара дар мусобиқаи вилоятӣ соҳиби ҷои дуюм шуданд
ДУШАНБЕ, 16.04.2021 /АМИТ «Ховар»/. Аз 13 то 15 апрел бахшида ба 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Бохтари вилояти Хатлон байни донишҷӯдухтарони мактабҳои олии вилояти Хатлон мусобиқаи баскетбол баргузор гардид. Тавре ёвари ректор ва мудири бахши робита бо фазои иттилоотии Донишгоҳи давлатии Данғара Муҳаммад Шораҳимзода ба АМИТ «Ховар» хабар дод, дар ин мусобиқа дастаи Донишгоҳи давлатии Данғара ба гирифтани ҷойи дуюм мушарраф гардид.
Дар мусобиқаи баскетбол, ки бо иқдоми Кумитаи Иҷроияи Марказии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ва бо мақсади ба варзиш ҷалб намудани занону духтарон ва ташвиқи тарзи ҳаёти солим дар вилоят сурат гирифт, 5 даста бо ҳам рақобат намуда, дастаи Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав ҷойи аввал, дастаи Донишгоҳи давлатии Данғара ҷойи дуюм ва дастаи Донишкадаи технология ва менеҷменти инноватсионӣ дар шаҳри Кӯлоб сазовори ҷойи сеюм гардида, бо диплом ва медалҳо сарфароз гардонида шуданд.
Мақсад ва вазифаи мусобиқа- ин дар рӯҳияи баланд истиқбол гирифтани 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, тарғиби тарзи ҳаёти солим, ҷалб намудани ҷавондухтарон ба тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш, тарғибу ташвиқ намудани варзиши баскетбол ва мустаҳкам намудани алоқаи дӯстӣ байни варзишгарон мебошад.
Дар мусобиқаи мазкур дастаҳои мактабҳои олии вилояти Хатлон иштирок варзида, ҳайати дастаҳо аз 10 нафар варзишгар ва 1 мураббӣ иборат буд.
Мусобиқа тибқи қоидаҳои Федератсияи байналмилалии баскетбол дар шакли олимпӣ баргузор гардид. Дар ҷараёни баргузории он масъулин изҳор доштанд, ки соҳаи тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии Ҳукумати кишвар ба ҳисоб рафта, ба таъмини оммавияти варзиш, таҳкими тарзи ҳаёти солим ва мусоидат ба омодакунии варзишгарони касбӣ барои иштирок дар мусобиқаҳои сатҳи ҷаҳонӣ равона шудааст.








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борон меборад
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ-назариявӣ доир шуд
Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон дар Вазорати энергетика ва захираҳои об бошукуҳ таҷлил гардид
Бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсия дар Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Дар мавзуи «Конститутсияи Тоҷикистон дар масири таҳкими давлатдории миллӣ ва сиёсати созанда» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Дар Вазорати адлия бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
КОНСТИТУТСИЯ ВА ТАҚДИРИ МИЛЛАТ. Аз андешаи давлатдорӣ то фарҳанги созандаи ҷомеа






