«БОЗГАШТ БА ПАНҶРӮД». Романи нависандаи рус Андрей Волос ба забони тоҷикӣ чоп шуд
ДУШАНБЕ, 03.04.2021 /АМИТ «Ховар»/. Романи нависандаи рус Андрей Волос «Бозгашт ба Панҷрӯд», ки таҳқиқи бадеии зиндагӣ ва замони падари шеъри форсӣ – Одамушшуаро Рӯдакӣ аст, ба забони тоҷикӣ тарҷума ва дар муассисаи интишоротии «Эр-граф»-и Душанбе чоп шуд.
Андрей Волос, ки зода ва парвардаи Тоҷикистон аст, муҳимтарин осори бадеии худро дар бораи тоҷикону Тоҷикистон таълиф кардааст. Шуҳрати нависандагии ӯ аз романи «Хуррамобод» шуруъ мешавад, ки аз Тоҷикистони поёни замони шӯравӣ ҳикоят мекунад. Барои ин роман А.Волос барандаи ду ҷоизаи муҳимми адабии кишвараш – Антибукер ва Ҷоизаи давлатии Русия шуда буд. Романи «Бозгашт ба Панҷрӯд» низ ба нависанда ҷоизаи «Букери русӣ»-ро овард.
«Бозгашт ба Панҷрӯд» бо ибтикор ва иҳтимоми Абдухалил Холиқзода, тар тарҷумаи Қодири Рустам ва веростории Ҷумъабой Азизқулов ба нашр расид. Қодири Рустам дар саҳифаи худ дар шабакаи Facebook чунин нигоштааст: «Дар бораи ин китоб қаблан тақризи муфассале навишта будам. Ҳоло чизе намеафзоям: гул он аст, ки худ бибӯяд, на ин ки аттор бигӯяд».
Мавриди зикр аст, ки романи «Бозгашт ба Панҷрӯд» қаблан ба забонҳои арманӣ, булғорӣ, юнонӣ ва ғайра тарҷума ва чоп шудааст.
АКС аз бойгонӣ








Дар ёдгории таърихии Қалъаи «Золи Зар»-и ноҳияи Данғара корҳои сохтмонӣ оғоз гардиданд
Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон дар самти рушди соҳаи китобдорӣ Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расид
Намоиши «Достони Сиёвуш» дар Москва ба саҳна гузошта шуд
Намоишномаи мазҳакавии таҳти унвони «Хоҳ биёӣ, хоҳ наё» дар Москва ба саҳна гузошта шуд
Ҳайти эҷодии Тоҷикистон дар Фестивали V байналмилалии театрӣ дар Ашқобод ҳунари миллии театриро муаррифӣ намуд
Бузургтарин ситораҳои санъати Тоҷикистон дар Театри ба номи Лоҳутӣ тарбия ёфтаанд
РӮЗИ ТЕАТРИ ТОҶИК. Дар Тоҷикистон беш аз 20 театри халқӣ фаъолият мекунад
Дар Душанбе бахшида ба Рӯзи театр ҳамоиш доир гардид
Дар Душанбе намоиши асарҳои рассомони Тоҷикистону Чин доир гардид
Одил Дониш аз Осорхонаи миллии Тоҷикистон боздид намуд
Ҳаракати фарҳангии «Корвони китоб» дар минтақаи Кӯлоб идома дорад
Дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ғолибони озмунҳои ҷумҳуриявӣ қадршиносӣ шуданд






