Вазири нақлиёт бо муовини директори Депортаменти инфрасохтори Агентии ҳамкории байналмилалии Ҳукумати Япония (JICA) мулоқот намуд

Апрель 16, 2021 08:12

ДУШАНБЕ, 16.04.2021 /АМИТ «Ховар»/.  Бо истифодаи 105 миллион доллари ИМА маблағҳои грантии Ҳукумати Япония  то имрӯз шаш лоиҳаи бунёду навсозии роҳҳо ва таҳкимбахшии иқтидори техникии муасисаҳои давлатии нигоҳдории роҳҳои мошингард, аз ҷумла лоиҳаҳои таҷдиди роҳҳои мошингарди Дӯстӣ –Панҷи Поён (марҳилаҳои 1 ва 2), Бохтар –Дӯстӣ (марҳилаҳои 1 ва 2), хариди техникаю таҷҳизот барои муассисаҳои нигоҳдории роҳҳои мошингарди минтақаи Бохтари вилояти Хатлон, минтақаи Ҳисор, вилояти Суғду минтақаи Кӯлоб амалӣ гардид, ки дар натиҷа 87,3 километр роҳи  мошингарди байнамилалии ҷавобгӯ ба талаботи муосир навсозӣ шуда, ба муассисаҳои давлатии нигоҳдории роҳҳо 333 техника ва таҷҳизоти пуриқтидору зарурӣ дастрас гардид.

Ин матлабро вазири нақлиёти ҷумҳурӣ  Азим Иброҳим 12 апрели соли равон зимни мулоқот бо муовини директори Депортаменти инфрасохтори Агентии ҳамкории байналмилалии Ҳукумати Япония  (JICA) ҷаноби Коизуми Хироюки баён намуд.

Тавре аз вазорати нақлиёти мамлакат ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, дар мулоқоти мазкур  масъалаи ҳамкории судманди Тоҷикистон ва Ҳукумати Япония,  аз ҷумла Агентии ҳамкории байналмилалии Ҳукумати Япония (JICA) марбут ба рушди инфрасохтори нақлиётӣ мавриди баррасӣ қарор гирифт.

Дар мулоқот ҳамчунин муовини вазири нақлиёт Шуҷоат Сироҷзода, роҳбари Намояндагии Агентии ҳамкории байналмилалии Ҳукумати Япония дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаноби Мунео Такасака, масъул оид ба лоиҳаҳо дар соҳаи нақлиёт Томишиге Хироюки ва дигар кормандони масъули вазорат иштирок намуданд.

Вазири нақлиёт Азим Иброҳим зикр намуд, ки ҳамкории судманди вазорат  бо Агентии ҳамкории байналмилалии Ҳукумати Япония  (JICA) минбаъд низ густариш ёфта, айни ҳол амалӣ намудани якчанд лоиҳаи барои соҳа муҳим  рӯи кор омадаанд.

«Аз ҷумла, лоиҳаи «Тақвияти иқтидорнокӣ ҷиҳати идоракунии пулҳо дар Тоҷикистон», ки татбиқи он аз 1 апрел соли равон оғоз гардид, барои рушди соҳа басо муҳим аст»,-афзуд Азим Иброҳим.

Намояндагони Ҳукумати Япония густариши ҳамкории судманди минбаъдаро бо Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон  дар ҳамаи самтҳо аз қатори афзалиятҳои аввалиндараҷа барои фаъолият дар солҳои минбаъда маънидод намуд.

«Татбиқи лоиҳаи мазкур низ давоми мантиқии ҳамкории судманди миёни ду давлат мебошад, ки бо сифати хуб ва дар муҳлати муайянгардида анҷом хоҳад ёфт. Дар татбиқи лоиҳаи мазкур бо КВД «ПЛИН» (Пажӯҳишгоҳи лоиҳакашии иншооти нақлиётӣ) ҳамкорӣ хоҳем кард»,-таъкид  намуданд  Намояндагони Ҳукумати Япония.

Апрель 16, 2021 08:12

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Душанбе Форуми байналмилалии нассоҷии Тоҷикистон – 2026 доир мегардад
РАШТ ДАР ДАВРОНИ СОҲИБИСТИҚЛОЛӢ. Мулоҳизаҳо оид ба нақши сиёсати давлатӣ дар рушди иқтисодию иҷтимоии ин ноҳия
Дар Тоҷикистон шумораи субъектҳои хоҷагидори амалкунанда беш аз 100 ҳазор зиёд гардидааст
Дар Тоҷикистон дар 25 соли охир ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ 122 баробар афзоиш ёфтааст
Кормандони Бонки миллии Тоҷикистон ҷашни Истиқлоли давлатиро бошукуҳ таҷлил намуданд
Эмомалӣ Раҳмон: «Даромади буҷети давлатӣ дар солҳои соҳибистиқлолӣ беш аз 250 баробар зиёд гардид»
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон: «То соли 2037 Тоҷикистонро пурра ба кишвари «сабз» табдил медиҳем»
РОҲИ 35-СОЛАИ НИЗОМИ БОНКИИ ТОҶИКИСТОН: аз бунёди низоми мустақили бонкӣ то бонкдории рақамӣ
РУШДИ САНОАТ. Дар давраи Истиқлолияти давлатӣ Душанбе ба маркази воқеии саноат, савдо ва хизматрасонӣ табдил ёфт
Эмомалӣ Раҳмон: «Бо саҳми соҳибкорони ватандӯст ва шахсони саховатпеша зиёда аз 10 ҳазор километр роҳҳои маҳаллӣ навсозӣ гардида, 273 пул бунёд гардид»
Ҷамшед Ҷумахонзода: «Соҳаи сайёҳӣ ба яке аз самтҳои афзалиятноки рушди иқтисоди Тоҷикистон табдил ёфтааст»
Абдураҳмон Абдураҳмонзода: «Тоҷикистон дар солҳои соҳибистиқлолӣ чун давлати дорои суръати баланди рушди иқтисодӣ шинохта шуд»