Дар ҷаласаи Шӯрои Маҷлиси намояндагон лоиҳаи Қонун «Дар бораи роҳҳои автомобилгард ва фаъолияти роҳдорӣ» баррасӣ шуд
ДУШАНБЕ, 12.04.2021 /АМИТ «Ховар»/. Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи роҳҳои автомобилгард ва фаъолияти роҳдорӣ», ки бо тартиби ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардидааст, асосҳои ташкилӣ, ҳуқуқӣ ва иқтисодии фаъолияти роҳдорӣ, рушди шабакаи роҳҳои автомобилгард ва истифодаи онро муайян намуда, барои танзим ва идоракунии фаъолияти роҳдорӣ, қонеъ гардонидани талаботи аҳолӣ, давлат, субъектҳои фаъолияти хоҷагидорӣ ва дигар истифодабарандагони роҳҳои автомобилгард равона гардидааст. Ин матлабро раиси кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба энергетика, саноат, сохтмон ва коммуникатсия Амонулло Хайрулло зимни баррасии «Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи роҳҳои автомобилгард ва фаъолияти роҳдорӣ» дар ҷаласаи Шӯрои Маҷлиси намояндагон баён намуд.
Тавре котиби матбуоти Маҷлиси намояндагон Муҳаммадато Султонов ба АМИТ «Ховар» хабар дод, ҷаласа имрӯз таҳти раёсати Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадтоир Зокирзода баргузор гардид.
Амонулло Хайрулло ҳамчунин иброз намуд, ки қонуни мазкур дар доираи созишномаҳои дуҷониба, конвенсияҳо ва созишномаҳои байналмилалии эътироф намудаи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади ҳамоҳангсозӣ, танзим ва ташкили идоракунии давлатӣ дар фаъолияти роҳдорӣ ва дар асоси иқдоми пешгирифтаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати аз бунбасти коммуникатсионӣ баровардан ва ба кишвари транзитӣ табдил додани мамлакат бо роҳи амалисозии лоиҳаҳои сохтмон, навсозӣ ва таъмири роҳҳои автомобилгард таҳия гардидааст.
Қонуни мазкур аз 7 боб ва 60 модда иборат буда, фаъолияти роҳдориро танзим намуда, ҳангоми лоиҳакашӣ, сохтмон, навсозӣ ва таъмири роҳҳои автомобилгард, кӯчаҳо, иншооти сунъӣ, таъмини ҳаракати воситаҳои нақлиёт, ободонӣ, сохтмони нуқтаҳои фурӯши сӯзишворӣ ва дигар иншооти хизматрасонӣ, ки дар канори роҳҳо ҷойгир карда мешаванд, мутобиқати онҳоро ба талаботу қоидаҳо, меъёрҳо ва стандартҳои бехатарии роҳҳо таъмин менамояд.
Дар ҷаласаи Шӯро ҳамчунин лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш» мавриди баррасӣ қарор гирифт.
Таъкид карда шуд, ки қонуни мазкур асосҳои ҳуқуқӣ, ташкилӣ, иҷтимоию иқтисодӣ ва таъмини фаъолиятро дар соҳаи тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш дар Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян менамояд.
Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ, мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш, Кумитаи паралимпии Тоҷикистон ва Кумитаи сурдлимпии Тоҷикистон якҷо бо ташкилоти тарбияи ҷисмонӣ ва варзишӣ ва федератсияҳои варзишии маъюбон, рушди варзиши маъюбон ва шахсони имконияташон маҳдудро таъмин карда, мусобиқаҳои тарбияи ҷисмонӣ ва варзиширо бо иштироки варзишгарони маъюб ва шахсони имконияташон маҳдуд ташкил менамоянд. Инчунин барои таъсиси ташкилоти тайёрии варзишӣ барои тавонбахшӣ ва ҳифзи иҷтимоии варзишгарони маъюб ва шахсони имконияташон маҳдуд мусоидат карда, барои тайёрӣ ва иштироки дастаҳои мунтахаби Ҷумҳурии Тоҷикистон байни маъюбон дар мусобиқаҳои байналмилалии варзишӣ, аз ҷумла бозиҳои паралимпӣ, сурдлимпӣ ва олимпиадаи махсуси ҷаҳонӣ шароити зарурӣ таъмин менамоянд.
АКС аз АМИТ «Ховар»








Доир ба рушди манбаъҳои барқароршавандаи энергия дар Тоҷикистон ҳамоиш баргузор гардид
Ҷаласаи Шурои коршиносию машваратии назди Шурои Ассамблеяи парламентии СААД баргузор гардид
Намояндагони парлумонҳои Осиёи Марказӣ масъалаҳои таъмини амнияти об, иқлим ва ҳифзи муҳити зистро баррасӣ карданд
Дар доираи Форуми чоруми байнипарлумонӣ ҷаласаи «Ҳамгироии иқтисодӣ, рушди устувор ва тавсеаи шарикии минтақавӣ» баргузор гардид
Рустами Эмомалӣ бо Раиси Курултайи Ҷумҳурии Қазоқистон Айбек Дадебай мулоқот намуданд
Дар Тоҷикистон Форуми чоруми байнипарламентии давлатҳои Осиёи Марказӣ баргузор гардид
Имрӯз дар Душанбе Форуми чоруми байнипарламентии давлатҳои Осиёи Марказӣ баргузор мешавад
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ бо шоҳкориҳои Театри миллии Тоҷикистон шинос шуданд
Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ бо Раиси Маҷлиси Туркманистон Дунягозел Гулманова мулоқот намуданд
Файзалӣ Идизода бо Раиси Маҷлиси Туркманистон Дунёгузел Гулманова вохӯрӣ намуд
Ҷаласаи навбатии иҷлосияи сеюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Пешниҳодҳои Тоҷикистон дар ҷаласаи Комиссияи доимии Ассамблеяи байнипарламентии давлатҳои иштирокдори ИДМ дастгирӣ ёфтанд






