Дар ҷаласаи Шӯрои Маҷлиси намояндагон лоиҳаи Қонун «Дар бораи роҳҳои автомобилгард ва фаъолияти роҳдорӣ» баррасӣ шуд

Апрель 12, 2021 13:34

ДУШАНБЕ, 12.04.2021 /АМИТ  «Ховар»/. Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи роҳҳои автомобилгард ва фаъолияти роҳдорӣ», ки бо тартиби ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардидааст, асосҳои ташкилӣ, ҳуқуқӣ ва иқтисодии фаъолияти роҳдорӣ, рушди шабакаи роҳҳои автомобилгард ва истифодаи онро муайян намуда, барои танзим ва идоракунии фаъолияти роҳдорӣ, қонеъ гардонидани талаботи аҳолӣ, давлат, субъектҳои фаъолияти хоҷагидорӣ ва дигар истифодабарандагони роҳҳои автомобилгард равона гардидааст. Ин матлабро  раиси кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба энергетика, саноат, сохтмон ва коммуникатсия Амонулло Хайрулло зимни баррасии «Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи роҳҳои автомобилгард ва фаъолияти роҳдорӣ» дар ҷаласаи Шӯрои Маҷлиси намояндагон баён  намуд.

Тавре котиби матбуоти Маҷлиси намояндагон Муҳаммадато Султонов ба АМИТ «Ховар» хабар дод, ҷаласа имрӯз таҳти раёсати Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадтоир Зокирзода баргузор гардид.

Амонулло Хайрулло ҳамчунин иброз намуд, ки қонуни мазкур дар доираи созишномаҳои дуҷониба, конвенсияҳо ва созишномаҳои байналмилалии эътироф намудаи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади ҳамоҳангсозӣ, танзим ва ташкили идоракунии давлатӣ дар фаъолияти роҳдорӣ ва дар асоси иқдоми пешгирифтаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати аз бунбасти коммуникатсионӣ баровардан ва ба кишвари транзитӣ табдил додани мамлакат бо роҳи амалисозии лоиҳаҳои сохтмон, навсозӣ ва таъмири роҳҳои автомобилгард таҳия гардидааст.

Қонуни мазкур аз 7 боб ва 60 модда иборат буда, фаъолияти роҳдориро танзим намуда, ҳангоми лоиҳакашӣ, сохтмон, навсозӣ ва таъмири роҳҳои автомобилгард, кӯчаҳо, иншооти сунъӣ, таъмини ҳаракати воситаҳои нақлиёт, ободонӣ, сохтмони нуқтаҳои фурӯши сӯзишворӣ ва дигар иншооти хизматрасонӣ, ки дар канори роҳҳо ҷойгир карда мешаванд, мутобиқати онҳоро ба талаботу қоидаҳо, меъёрҳо ва стандартҳои бехатарии роҳҳо таъмин менамояд.

Дар ҷаласаи Шӯро ҳамчунин  лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш» мавриди баррасӣ қарор гирифт.

Таъкид карда шуд, ки қонуни мазкур асосҳои ҳуқуқӣ, ташкилӣ, иҷтимоию иқтисодӣ ва таъмини фаъолиятро дар соҳаи тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш дар Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян менамояд.

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ, мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш, Кумитаи паралимпии Тоҷикистон ва Кумитаи сурдлимпии Тоҷикистон якҷо бо ташкилоти тарбияи ҷисмонӣ ва варзишӣ ва федератсияҳои варзишии маъюбон, рушди варзиши маъюбон ва шахсони имконияташон маҳдудро таъмин карда, мусобиқаҳои тарбияи ҷисмонӣ ва варзиширо бо иштироки варзишгарони маъюб ва шахсони имконияташон маҳдуд ташкил менамоянд. Инчунин барои таъсиси ташкилоти тайёрии варзишӣ барои тавонбахшӣ ва ҳифзи иҷтимоии варзишгарони маъюб ва шахсони имконияташон маҳдуд мусоидат карда, барои тайёрӣ ва иштироки дастаҳои мунтахаби Ҷумҳурии Тоҷикистон байни маъюбон дар мусобиқаҳои байналмилалии варзишӣ, аз ҷумла бозиҳои паралимпӣ, сурдлимпӣ ва олимпиадаи махсуси ҷаҳонӣ шароити зарурӣ таъмин менамоянд.

 АКС аз АМИТ «Ховар»

Апрель 12, 2021 13:34

Хабарҳои дигари ин бахш

Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон мулоқот намуд
Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олӣ Рустами Эмомалӣ бо Президенти Қирғизистон Садир Жапаров мулоқот намуданд
1 сол пеш дар Душанбе ду иншооти муҳташам- бинои Парлумон ва Ҳукумати Тоҷикистон ба истифода дода шуд
Мавсума Муинӣ бо истеъдодҳои наврасу ҷавон вохӯрӣ доир намуд
Дар Душанбе масъалаи рушду таҳкими ҳамкории байнипарламентӣ байни Тоҷикистон ва Беларус баррасӣ гардид
Дар Душанбе таҳкими фаъолияти гурӯҳҳои дӯстии байнипарламентии Тоҷикистону Олмон муҳокима гардид
Ҷаласаи навбатии иҷлосияи якуми Маҷлиси намояндагон, даъвати ҳафтум баргузор шуд
Ҳайати Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон дар иҷлосияи 32-юми солонаи Ассамблеяи парлумонии САҲА иштирок дорад
Дар Маҷлиси намояндагон бахшида ба Рӯзи Ваҳдати миллӣ ҳамоиши идона доир гардид
Ҳайати Маҷлиси намояндагон дар Форуми 20-уми СММ оид ба идоракунии интернет иштирок дорад
Ваҳдати миллӣ арзишмандтарин бозёфт дар таърихи навини давлатдории миллати тоҷик мебошад
Барно Саидвализода: «Ваҳдати миллӣ – ин неъмати бузургу кафолати зиндагии шоистаро пойдор нигоҳ бидорем»