Дар Ҷамоати деҳоти «Саричашма»-и ноҳияи Шамсиддини Шоҳин маркази саломатӣ бунёд гардид

Апрель 4, 2021 09:33

Ш.ШОҲИН, 04.04.2021 /АМИТ «Ховар»/. Бахшида ба ҷашни 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар деҳаи Неъматободи Ҷамоати деҳоти «Саричашма»-и ноҳияи Шамсиддини Шоҳин бо дастгирии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии  ноҳия аз ҷониби соҳибкори ватанӣ Изатулло Неъматов бинои маркази саломатӣ мавриди истифода қарор гирифт.

Иншооти мазкур аз 5 ҳуҷраи табобатӣ, дорухона ва иншооти ёрирасон иборат мебошад. Роҳбарияти ноҳия ба соҳибкор ва дигар шахсони саховатпеша барои ин амал изҳори миннатдорӣ намуда, иншоотро туҳфаи арзанда ба ҷашни миллӣ номиданд.

Соҳибкорони ноҳия инчунин ба маблағи 200 ҳазор сомонӣ нуқтаи  оби нӯшокиро таъмир ва сокинонро бо оби ошомиданӣ таъмин намуданд.

Апрель 4, 2021 09:33

Хабарҳои дигари ин бахш

Ба сохтмони бинои нави Коллеҷи омори шаҳри Ваҳдат санги асос гузошта шуд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Беморхонаи байналмилалии Душанберо мавриди истифода қарор доданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе ҶДММ «Зари Душанбе»-ро ифтитоҳ намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бинои шуъбаи Бозрасии давлатии автомобилии раёсати ВКД дар шаҳри Душанберо ифтитоҳ намуданд
Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров сохтмони иншооти соҳаи маориф ва саноат идома дорад
Дар шаҳри Ҳисор Мактаби бачагонаи санъат ва майдончаи варзишӣ ба истифода дода шуданд
ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТИИ ТОҶИКИСТОН-ЗАМИНАИ ҲИФЗУ ГУСТАРИШИ АРЗИШҲОИ МИЛЛӢ. Дар ҳошияи фармони Президенти Тоҷикистон «Дар бораи ҷашн гирифтани 40-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон»
Дар назди чор муассисаи таълимии шаҳри Ҳисор биноҳои иловагӣ сохта мешаванд
«БАРНОМАИ ДАВЛАТИИ РУШДИ МУАССИСАҲОИ СОҲАИ МАОРИФИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН». Дар доираи он бунёди 165 иншоот ба нақша гирифта шудааст
Хобгоҳи Коллеҷи омӯзгории шаҳри Ҳисор баъд аз навсозӣ ба истифода дода шуд
Корҳои омодагӣ ба ҷашни 40-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз гардиданд
Дар ноҳияи Деваштич иншооти гуногуни иҷтимоӣ ба истифода дода шуданд