Дар Ҷамоати деҳоти «Саричашма»-и ноҳияи Шамсиддини Шоҳин маркази саломатӣ бунёд гардид
Ш.ШОҲИН, 04.04.2021 /АМИТ «Ховар»/. Бахшида ба ҷашни 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар деҳаи Неъматободи Ҷамоати деҳоти «Саричашма»-и ноҳияи Шамсиддини Шоҳин бо дастгирии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия аз ҷониби соҳибкори ватанӣ Изатулло Неъматов бинои маркази саломатӣ мавриди истифода қарор гирифт.
Иншооти мазкур аз 5 ҳуҷраи табобатӣ, дорухона ва иншооти ёрирасон иборат мебошад. Роҳбарияти ноҳия ба соҳибкор ва дигар шахсони саховатпеша барои ин амал изҳори миннатдорӣ намуда, иншоотро туҳфаи арзанда ба ҷашни миллӣ номиданд.
Соҳибкорони ноҳия инчунин ба маблағи 200 ҳазор сомонӣ нуқтаи оби нӯшокиро таъмир ва сокинонро бо оби ошомиданӣ таъмин намуданд.








35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар шаҳри Гулистон корҳои созандагию ободкорӣ вусъат меёбанд
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар шаҳраки Адрасмон корҳои созандагиву ободонӣ вусъат меёбанд
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров корхонаҳои нави саноатӣ бунёд мегарданд
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров муассисаҳои таълимӣ сохта мешаванд
СОЛИ ОБОДОНИЮ СОЗАНДАГӢ. Дар деҳаи Пандовчии ноҳияи Нуробод толори варзишӣ бунёд карда мешавад
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар Шаҳристон бинои нави Маркази таъминоти бехатарии озуқаворӣ сохта мешавад
СОЛИ ОБОДОНИЮ СОЗАНДАГӢ. Дар ҳудуди Қасри бостонии Ҳулбук корҳои ободкорию сабзгардонӣ идома доранд
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар шаҳри Гулистон корхонаи истеҳсоли масолеҳи сохтмонӣ бунёд мегардад
Дар шаҳри Турсунзода бинои нави Шабакаи кумаки аввалияи тиббию санитарӣ ба истифода дода шуд
Дар Душанбе рӯзҳои фарҳангии шаҳру ноҳияҳои Тоҷикистон баргузор мегарданд
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар шаҳри Истиқлол сохтмони марҳилаи дуюми корхонаи металлургӣ идома дорад
ДУШАНБЕ — ШАҲРИ САБЗ. Дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ маъракаи ниҳолшинонӣ баргузор шуд






