Дар Бӯстон бинои маъмурии бахши ҳифзи муҳити зист ба истифода дода мешавад

Апрель 1, 2021 10:51

ДУШАНБЕ, 01.04.2021 /АМИТ «Ховар»/. Дар доираи корҳои созандагӣ ба ифтихори  ҷашни 30-солагии  Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба наздикӣ дар шаҳри Бӯстон бинои маъмурии бахши ҳифзи муҳити зисти шаҳр ба истифода дода мешавад. Бинои мазкур  аз се ошёна, 5 ҳуҷраи корӣ, китобхона, толори маҷлисгоҳ ва меҳмонхона иборат мебошад.

Дар ин бора аз Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд.

Дар ҷараёни сафари корӣ Раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Баҳодур Шерализода  ва сардори Раёсати ҳифзи муҳити зисти вилояти Суғд А.Ҳакимзода аз ҷараёни корҳои сохтмонии бинои маъмурии бахши ҳифзи муҳити зисти шаҳри Бӯстон бозид намуданд.

Айни ҳол дар атрофи бино корҳои ободонӣ ва васлу насби таҷҳизот идома доранд. Баҳодур Шерализода ба масъулон ва сохтмончиён барои босифат анҷом додани корҳои боқимондаи сохтмонии бинои мазкур дастуру супоришҳо дод.

Апрель 1, 2021 10:51

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок мешавад
Паҳлавонони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба кураш соҳиби шаш медал гардиданд
Ба ифтихори Рӯзи Президенти Тоҷикистон дар Академияи идоракунии давлатӣ ҳамоишҳо баргузор мегарданд
Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар Чэнду бо дастаҳои Кореяи Ҷанубӣ, Чин ва Ветнам бозӣ мекунад
Дар Хатлон Рӯзи милитсияи тоҷикро таҷлил намуданд
Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои мошингарди минтақаи Ҳисор ба зимистон омода мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст