Дар Донишгоҳи давлатии Хуҷанд даври аввали Озмуни ҷумҳуриявии «Илм — фурӯғи маърифат» оғоз шуд

Апрель 27, 2021 10:05

ДУШАНБЕ, 27.04.2021 /АМИТ «Ховар»/. 26 апрел дар Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров даври аввали Озмуни ҷумҳуриявии «Илм — фурӯғи маърифат» оғоз гардид.

Тавре аз шуъбаи омода кардани кадрҳои илмӣ ва илмӣ-педагогии донишгоҳ ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, дар рӯзи аввали озмун аз рӯйи номинаи ихтироъкорӣ ва навоварӣ 34 нафар олимони ҷавон, докторантон, магистрантон ва донишҷӯён иштирок намуданд.

Дар озмун донишҷӯён аз рӯи 7 номина: ихтироъкорӣ ва навоварӣ, математика (арифметика, алгебра, геометрия), физика ва астрономия, химия, биология (ботаника, зоология, анатомия), география, технологияи иттилоотӣ байни ҳам сабқат мекунанд.

Мақсад аз баргузории озмуни «Илм — фурӯғи маърифат»  рушди тафаккури техникӣ, васеъ намудани ҷаҳонбинии илмӣ, дастрасӣ пайдо намудан ба техникаву технология, тавсеаи ихтироъкорӣ ва навоварӣ, пайвасти илм бо истеҳсолот, ҷалби бештари донишҷӯён ба омӯзиши фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ ва инчунин дарёфти истеъдодҳои нав мебошад.

Ёдовар мешавем, ки даври донишгоҳии Озмуни ҷумҳуриявии «Илм — фурӯғи маърифат» 28 апрел доир мегардад.

АКСҲО: Донишгоҳи давлатии Хуҷанд

Апрель 27, 2021 10:05

Хабарҳои дигари ин бахш

Таҳти унвони «Президент — шаҳсутуни истиқлол ва давлатдории миллӣ» конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд
Ҷилди сеюми китоби «Абармарди таърихсоз»-и академик Фарҳод Раҳимӣ ба нашр расид
Ҳамкории Тоҷикистон ва Қазоқистон дар соҳаи ҳифзи мероси фарҳангӣ ва хаттӣ густариш меёбад
Дар ёдгории таърихии Қалъаи «Золи Зар»-и ноҳияи Данғара корҳои сохтмонӣ оғоз гардиданд
Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон дар самти рушди соҳаи китобдорӣ Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расид
Намоиши «Достони Сиёвуш» дар Москва ба саҳна гузошта шуд
Намоишномаи мазҳакавии таҳти унвони «Хоҳ биёӣ, хоҳ наё» дар Москва ба саҳна гузошта шуд
Ҳайти эҷодии Тоҷикистон дар Фестивали V байналмилалии театрӣ дар Ашқобод ҳунари миллии театриро муаррифӣ намуд
Бузургтарин ситораҳои санъати Тоҷикистон дар Театри ба номи Лоҳутӣ тарбия ёфтаанд
РӮЗИ ТЕАТРИ ТОҶИК. Дар Тоҷикистон беш аз 20 театри халқӣ фаъолият мекунад
Дар Душанбе бахшида ба Рӯзи театр ҳамоиш доир гардид
Дар Душанбе намоиши асарҳои рассомони Тоҷикистону Чин доир гардид