Дар Душанбе Дафтари консули фахрии Венгрия кушода шуд

Апрель 8, 2021 12:38

ДУШАНБЕ, 08.04.2021 /АМИТ «Ховар»/. Дирӯз дар Душанбе Дафтари консули фахрии Венгрия кушода шуд. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон хабар доданд.

Дар маросими ифтитоҳи Дафтари мазкур Вазири корҳои хориҷӣ ва тиҷорати Венгрия Петер Сийярто ва муовини Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Музаффар Ҳусейнзода ширкат варзида, суханронӣ карданд.

Ҷонибҳо таъкид доштанд, ки ифтитоҳи дафтари консули фахрии Венгрия иқдоми муҳим дар масири густариши муносибатҳои байни ду давлат мебошад. Петер Сийярто ва Музаффар Ҳусейнзода изҳор намуданд, ки ин Дафтар ба тавсеаи ҳамкории иқтисодӣ, ҷалби сармоя, рушди сайёҳӣ ва табодули фарҳангӣ саҳм хоҳад гузошт.

АКС аз ВКХ ҶТ

Апрель 8, 2021 12:38

Хабарҳои дигари ин бахш

Сафири Тоҷикистон дар ҷаласаи Шурои иқтисодии ИДМ дар Ашқобод иштирок намуд
Дар шаҳри Уфа 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро таҷлил намуданд
Қатъномаи Маҷмаи Умумии СММ оид ба Рӯзи байналмилалии зеҳни сунъии бехатар, ҳифзшуда ва боэътимод дар САҲА муррафӣ гардид
Дар шаҳри Санкт-Петербург 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро таҷлил намуданд
Рӯзи Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон дар Минск таҷлил карда шуд
Сафири Тоҷикистон бо Вазири ҷавонон ва варзиши Миср мулоқот намуд
Дар Берлин 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро таҷлил намуданд
Нахустин Сафири Тоҷикистон дар Салтанати Умон ба Султони Умон эътимоднома супорид
Дар Париж 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҷлил шуд
Дар Ашқобод 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро таҷлил намуданд
Сафири Тоҷикистон бо раиси Агентии давлатии сайёҳии Ҷумҳурии Озарбойҷон мулоқот намуд
Дастовардҳои 35 соли Истиқлолияти Тоҷикистон дар маҷаллаи «Оvo diplomatic»-и Эрон ба нашр расид